Дар замони муосир рӯзноманигорон яке аз тарғибгарони забон ва адабу фарҳанги миллати тоҷик ба шумор мераванд, зеро ҳамарӯза тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва барномаҳои гуногуни радоиву телевизион навиштаю гузоришҳои онҳо пахш гардида, дастраси мардуми кишвар мегарданд. Бо пахши хабару гузоришҳо аҳли қаламу эҷод ду вазифа ё масъулияти хеле муҳимеро дар ҷомеа бар дӯш доранд.
Читать далее ВАО. ЗАБОН ВА ТАРЗИ БАЁН БОЯД НАМУНА БОШАД
Архив рубрики: Хабарҳо
ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС
Бӯринисо Бердиева аввалин ва ягона бонуест, ки дар зарфи 24 сол вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») — ро ба дӯш дошт.
Басир Расо бошад, 40 сол вазифаи сармуҳарриро бар дӯш дошт. Ӯ аз соли 1964 то соли 1996 ва аз соли 1999 то рӯзҳои вопасини умраш (соли 2007) сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» буд.
«Комсомольская правда» дар таърихи худ соли 1990 бо теъдоди бесобиқа – 22 миллион нусха аз чоп баромад.
Дар замони шӯрави рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо теъдоди 200 ҳазор нусха ба табъ мерасид.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ «Чашма» бонуфузтарин маҷаллаи Тоҷикистон буд, ки бо теъдоди 500 ҳазор нусха нашр мегашт.
«ИДИ ТОҶИК»
Он нашрияи Бюрои ташкилии Ҳизби Коммунисти (болшевикии) ҶШС Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон буд. Нахустин шуморааш 15 марти соли 1925 нашр шудааст. Аз шумораи дувум, яъне аз 15 апрели соли 1925, номи «Овози тоҷик» — ро гирифт. Читать далее «ИДИ ТОҶИК»
ЗИНАТУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА: «АЗ ШЕВАҲОИ НАВ КОР БИГИРЕМ»
Яке аз воқеаҳои муҳим дар фазои иттилоотии кишвар ин бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият пардохтани Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мебошад. Аз фаъолияти он як сол сипарӣ шуд. Таъсиси академия дар фаъолияти ВАО — и кишвар чӣ дигаргунӣ ворид намуд? Читать далее ЗИНАТУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА: «АЗ ШЕВАҲОИ НАВ КОР БИГИРЕМ»
МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. АЗ КАМҲАВАСИИ КАДРҲО ТО ФАРСУДАГИИ УСУЛҲОИ ИДОРӢ
Аз рӯи таҳлили коршиносон имрӯз эҷодкорони расонаҳои музофотӣ ба такмили ихтисос ниёз доранд. Ин раванд тақозои журналистикаи замони муосир аст. Дар акси ҳол, расонаҳои маҳаллӣ дар пасманзари инкишофи босуръати ВАО — и ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ рақобатпазирии худро аз даст дода, рушд намекунанд. Читать далее МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. АЗ КАМҲАВАСИИ КАДРҲО ТО ФАРСУДАГИИ УСУЛҲОИ ИДОРӢ
Барои таъсиси нашрия маълумотнома аз КДАМ ҳатмӣ шуд. САДО
Барои таъсиси нашриёт, матбаа ва ё нашрияи даврӣ дар Тоҷикистон минбаъд маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зарур хоҳад буд. Ин талабот дар “Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” зикр шудааст. Читать далее Барои таъсиси нашрия маълумотнома аз КДАМ ҳатмӣ шуд. САДО
Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст
Имрӯз, 10 марти соли равон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 105-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Читать далее Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст
Ғолиб эълон шуд
Рӯзи 10-уми март соати 14:00 дар идораи ҳафтаномаи «Оила” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби озмуни «Ягона аз даҳгона» Заринаи Тағоймрод баргузор гашт. Читать далее Ғолиб эълон шуд
МАРОМИ МАТБУОТ. СОЗАНДАГИСТ
Сухан дар пиндор ва фаҳмиши мардуми фарҳангпарвари мо ҳамеша мақоми арзанда дошту дорад. Аз ин рӯ эътимоду эҳтироми тоҷикон ба сухан ва суханварон табииву азалист. Читать далее МАРОМИ МАТБУОТ. СОЗАНДАГИСТ
Ҷашни матбуот: 9 рӯзноманигор ҷоизаи Лоҳутӣ гирифт
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар арафаи рӯзи матбуот, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мешавад, соҳибони ҷоизаи Абулқосим Лоҳутиро дар соли равон эълон карданд.
Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот, телевизион, радио ва илм имрӯз, 10-уми март дар шаҳри Душанбе ба 9 нафар тақдим гардид: “Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот ба Бобоҷон Икромов, Носирҷон Маъмурзода, Умаралӣ Сафаралӣ, Ёқубҷон Абдуманонов, дар бахши илм Абдусаттор Нуралиев, Сангин Гулов, дар бахши телевизион Абдумаҷид Ҳакимзода, Набиҷон Набизода ва дар бахши радио ба Ҳабиб Мақбулов супорида шуд”.
Инчунин имрӯз ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба 8 рӯзноманигори ҷавон тақдим гардид.