10 – уми марти соли равон дар театри ба номи Абулкосим Лоҳутӣ 105 – солагии Рӯзиматбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 – уми март таҷлил мешавад, соҳибони ҷоизаи Абулқосим Лоҳутиро дар соли равон эълон кард.
Ҷоизаи Абулкосим Лоҳутӣ дар бахши матбуот, телевизион, радио ва илм имрӯз дар шаҳри Душанбе ба 9 нафар ва инчунин ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба 8 нафар хабарнигорони ҷавон тақдим гардид, ки аз факултети журналистика шахсони зерин соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Дар бахши илм устодон Абдусаттор Нуралиев ва Сангин Гулов барои силсилаи мақолаҳои илмӣ супорида шуд.
Инчунин ба чор нафар хабарнигори ҷавон дар Соли ҷавонон сазовори ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ шуданд: Баҳманёр Нодиров – барои чопи силсилаи мақолаҳои тадқиқотияш дар ҳафтаномаи “Фараж”, Шодихони Назар – барои чопи силсилаи мақолаҳо дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Меҳронаи Салимзод – барои пахши силсилаи барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, Сарвинисои Давлат – барои чопи саҳифаи махсус дар ҳафтаномаи «СССР».
Ба се нафар донишҷӯёни факултети журналистика мукофоти рӯзномаи “Ҷумҳурият” Амонова Мадина донишҷӯи соли 4, Ҳусейнов Маҳмуд донишҷӯи соли 3 ва Сангов Шараф донишҷӯи соли 2 сазовор гардиданд.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бошад, ҳамкасбони азиз!