Наздики се сол мешавад, ки вориди дарёи пуртуғёни журналистика гардидаам. Аз рӯзҳои аввале, ки вориди ин дарё шудам, бо шавқ ба сӯи ояндаам шиноварӣ мекардам…
Замоне ҳам буд, ки дар ин дарё қариб ғарқ карда буданд, лаҳзаҳое ҳам буд, ки аз журналистика дилсард гашта будам ва худро дар ин роҳ танҳо ҳис мекардам. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, пешаи интихобкардаи худро беҳтарин интихоб медонистам ва ҳоло низ медонам.
Имрӯзҳо дар тамоми нишастҳои матбуотӣ сухан аз шиква оғоз мекунем ва чунин мегӯем, ки «дигар мардум газетаҳоро мутолиа намекунанд. Буҳрони иқтисодие, ки ҷаҳон ва Тоҷикистонро иҳота кардааст, неши нахустини худро ба журналистон низ зад. Чӣ бояд кард? Роҳи чора чист?». Вақте ки чунин шикваҳоро аз забони ҳамкасбони бузурги худ мешунавӣ, дили касро сиёҳие пахш мекунад ва ҳатто гиряат меояд. Камхонанда гардидани нашрияҳо яке аз мушкилоте мебошад, ки сараввал он ба умеду орзуҳои насли ҷавони журналистикаи тоҷик зарба мезанад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ин зарба кайҳост, ки ба журналистони ҷавон расидааст ва мунтазири зарбаҳои навбатӣ ҳастем. Ва касе доир ба ин мавзуъ ҷиддӣ фикр ҳам намекунад. Чаро? Мо журналистон боре ба худ суол додаем, ки сабаби аз рӯзнома рӯй тофтани мардум воқеан буҳрон аст ё навиштаҳои «рӯидилӣ»-и мо? Ман ба ин суол рӯзҳост, ки ҷавоб ҷамъ оварда истодаам. Тавре мусоҳибони ман иброз доштанд, дар газетаҳо дигар маводе, ки эшон мехоҳанд, нашр намегардад. Ба гуфти як зани рӯзномафурӯш, «ҳама маводҳое, ки дар газетаҳо чоп мешаванд, шумо журналистон аз интернет копия кардагӣ! Шумо дарди ҷомеаро наменависед!».
Сухани ин зан ҳақиқати талхи рӯз аст, ки бояд пазируфт. Ҳақиқати талхест, ки дар рӯ ба рӯяш сурх гаштаму сукут кардам.
Аслан маънои вожаи «рӯзнома» «номаи рӯз» аст. Мутаассифона, на ҳама «номаҳои рӯз» дар замони мо хубу ҷолиб ва хонданианд. Рӯзномаи хубу хонданӣ номаест, ки одамон онро ҳар рӯз интизор мешаванд ва бо иштиёқ мутолиа мекунанд. Он чун як номаи хонданӣ аз даст ба даст гузашта, мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад ва боиси пайдоиши андешаҳои ҷадид мегардад. Вақте ки дар яке аз шумораҳои ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи журналисти тоҷик Абдуқаюми Қаюмзод нашр шуда буд, бори дигар собитам намуд, ки мардум ташнаи маводҳои хонданибоб буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Зеро он чӣ, ки Абдуқаюми Қаюмзод дар бораи даргузашти ҳамсару падар ва танҳоии худ навишт, аз хуни дил ба рӯйи варақи сафед рехта буд. «Сухани пурэҳсосе, ки аз мағзи ҷони рӯзноманигор берун меояд, ба воситаи «хуни қалам» дар намуди хатҳои сиёҳ ба рӯйи авроқи сафед гузашта, тариқи биниши чашм дар дили одам ҷойгир мешавад. Он хатҳои сиёҳ дар вуҷуди инсон ба нури маърифат табдил ёфта, қалбро равшан, руҳро болида, табъро шукуфон, мушкилотро осон, зиндагиро гарму нарм месозанд ва дар тай намудани пастию баландиҳои умр ба инсон роҳбалад мешаванд».
Дар охир аз тамоми журналистони ҷавон даъват мекунам, ки ба гуфти он зан, мо бояд дарди ҷомеаро нависем, то ба гӯши масъулин расад. Инро фаромӯш накунед, чун саҳифаҳои газетаҳои ҷумҳурӣ ба мо ниёз доранд. Ояндаи имрӯзу фардои журналистикаи тоҷик дар дасти мост. Ҳама мушкилоти моддиву маънавиеро, ки инак ба домани нашрияҳо мисли зардпечак печидааст, танҳо мо гулҳои навшукуфтаи журналистика метавонем баптараф созем. Пас биёед даст ба дасти ҳам ниҳода, хатари камхонандашавии газетаҳо ва азбайнравии онҳоро аз миён бардорем. Хоҳиш, нисбати пешаи интихоб кардаатон дилсард набошед.
Ид муборак, қаламкашони тоҷик!
http://www.faraj.tj/index.php/tj/nigo-i-khos/13318-shikva.html