Архив рубрики: Хабарҳо

Абдуқодири Абдуқаҳҳор ғолиби озмуни Ҳайдар Алиев шуд

Озмун миёни рӯзноманигорон барои маводи беҳтарин дар мавзӯи “Ҳайдар Алиев — созанда ва меъмори Озарбойҷони муосир”, ки ҳамасола аз ҷониби Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад, ҷамъбаст гардид. Читать далее Абдуқодири Абдуқаҳҳор ғолиби озмуни Ҳайдар Алиев шуд →

Муҳиддин Идиев барандаи Ҷоизаи Муродуллоҳ Шерализода шуд

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо баргузории як озмун бо номи «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» номи барандаи онро, ки Ҷоизаи Муродулоҳ Шерализода унвон шудааст, дар маросими ботантана эълон кард. Читать далее Муҳиддин Идиев барандаи Ҷоизаи Муродуллоҳ Шерализода шуд →

Идиев-нахустин барандаи ҷоизаи ба номи Шерализода (АКС)

Муҳиддин Идиев, рӯзноманигори тоҷик, барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода ва 2000 сомонӣ гардид.

Одили Нозир, масъули баргузории озмун ба “Озодагон” гуфт, маросими тақдими Ҷоизаи махсуси ба номи Муродуллоҳ Шерализода шоми 6-уми май зимни як чорабинӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмуни имсола беш аз 50 нафар ширкат кардаанд: “Муҳиддин Идиев бо навиштани матлаби “Некиро некӣ ҷавоб” бошад ғолиби озмун гардид”.

Ин Ҷоиза соли 2016 аз ҷониби Гурӯҳи муассисон ва мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таъсис ёфта, таҳти унвони “Сад сатр аз одаму одамгарӣ” тӯли ду моҳ идома дошт.

Шариф Ҳамдампур — сармуҳаррир ва раиси гурӯҳи мушовирони “Тоҷикистон” зимни супоридани нишон изҳор доштааст, ки ҷоизаи мазкур барои гиромидошти хотири журналистони қурбоншуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, соле як маротиба ба беҳтарин қаламкаш супорида мешавад.

Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода нишони сарисинагӣ буда, ҳамасола бо эълони озмун дар мавзӯи мушаххас ва натиҷагирӣ аз он ба ғолиб эъто мегардад.

http://www.ozodagon.tj/index.php?newsid=29952

Муҳиддин Идиев аввалин соҳибҷоизаи «Тоҷикистон» гашт

Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳи Шерализода имрӯз зимни як чорабинии мутантан дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» Душанбе ба рӯзноманигор Муҳиддин Идиев тақдим карда шуд. Читать далее Муҳиддин Идиев аввалин соҳибҷоизаи «Тоҷикистон» гашт →

Изҳороти «Ховар» оид ба «Полки абадӣ» мантиқӣ аст

Роҷеъ ба масъалаи баргузор нагардидани чорабинии аксияи «Полки абадӣ» маводи таҳлилие, ки аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» пешниҳод шудааст, мувофиқ ва ҷавобгуи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар изҳороти агентии мазкур сабабҳои баргузор нагардидани  ин чорабинӣ аниқу дақиқ нишон дода шудааст, ки мантиқӣ буда, аз ҷонибдории  манфиатҳои миллии кишвар садо медиҳанд. Читать далее Изҳороти «Ховар» оид ба «Полки абадӣ» мантиқӣ аст →

Ҳукумати электронӣ: Таҷдиди назар бояд!

Озодии баён чист? Ҳукумати электронии арсаи ҷаҳонишавӣ моро ба куҷо мебарад? Ҷомеашиносон нисбати фаъолияти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон чӣ назар доранд? Инсоф куҷост, эй мардум!? Теша ба решаи миллат назанем! Генералҳои бознишаста Амирқул Азимов ва Саиданвар Камолов ба эҳтиром сазоворанду лоиқи тақдир, на ба таҳқир… Чанд пешниҳод ба қавонини амалкунанда ва Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбории омма». Читать далее Ҳукумати электронӣ: Таҷдиди назар бояд! →

«Тамоюл ва мушкилоти нави ВАО»- конфронс дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд конфронси вилоятӣ таҳти унвони «Тамоюл ва мушкилоти нави ВАО» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Читать далее «Тамоюл ва мушкилоти нави ВАО»- конфронс дар шаҳри Хуҷанд →

Ҷоизаи ба номи М. Шерализода 6 май тақдим карда мешавад

Нишони сарисинагии Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳи Шерализода тасдиқу омода гардид ва қарор аст, санаи 6-уми май дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» зимни як чорабинии  бошукӯҳ ба аввалин баранда супорида шавад. Читать далее Ҷоизаи ба номи М. Шерализода 6 май тақдим карда мешавад →

Расонаҳо дар мавриди “Полки абад” ҳангома накунанд

Бо чунин мазмун 5-уми май зимни як нишаст дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ки ба хотири Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ баргузор шуд, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар баромад кард. Читать далее Расонаҳо дар мавриди “Полки абад” ҳангома накунанд →