Расонаҳо дар мавриди “Полки абад” ҳангома накунанд

Бо чунин мазмун 5-уми май зимни як нишаст дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ки ба хотири Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ баргузор шуд, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар баромад кард.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо изҳори таассуф аз манъи роҳпаймоӣ ба ифтихори “Полки абад” дар Душанбе гуфтааст, “баргузор кардани чунин раҳпаймоӣ таҳмилӣ нест, балки довталабона мебошад”.

Сафири Русия дар Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми май зимни як нишаст дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ки ба хотири Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ доир шуд, гуфт, “барои Тоҷикистон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, талафоти зиёди ҷонӣ додааст, мамнӯъ шудани ин роҳпаймоӣ боиси таассуф аст. Ин роҳпаймоӣ ҷанбаи сиёсӣ надорад. Он танҳо ба хотири гиромидошти қурбониён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар бештар аз 50 кишвари ҷаҳон чунин раҳпаймоиҳо сурат мегирад”.

Худойбердӣ Холиқназар, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар ин чорабинӣ аз расонаҳо хостааст, то ба ин мавзӯъ “доман” назананд ва “ҳангомасозӣ” накунанд, зеро тасмими Мақомоти шаҳри Душанбе оиди доир нанамудани роҳпаймоии «Полки абад» ҷанбаи сиёсӣ надорад ва танҳо ба далели таъмини бехатарии ширкаткунандагон рӯи даст гирифта шудааст”.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13787-rasona-o-dar-mavridi-polki-abad-angoma-nakunand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *