Рӯзҳои истироҳат дар саҳифаи Фейсбук баҳси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо чанд рӯзноманигори тоҷик гарм буд.
Сафири Тоҷикистон дар Малайзия, ки адабиётшинос будааст, дар зери як навиштаи рӯзноманигори ВВС Дориюши Раҷабиён ба ин мазмун шарҳ гузоштааст: «Тамоми рузноманигорони дунё аз хадафхо, манфиатхо ва мавкеи шахсе, ин ё он гурух, хизб, созмон ё давлате пуштибони мекунанд ва барои ин корашон хак мегиранд. Ин чиз кайхо исбот шудааст ва аксиомаест, ки эхтиеч ба хич гуна бахсе надорад. Аммо то кучо хакикат ё вокеиятро мегуяд, масъалаи дигар аст» (имлои навишта бетағйир нашр шуд).
Чанд тан аз рӯзноманигорони тоҷик ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, ба Музаффар Муҳаммадӣ фаҳмониданӣ шудаанд, ки на ҳамаи журналистон «хизматгори хоҷаанд» ва сафир бо ин навиштаи худ чӣ мехостааст? Сафир дар ҷавоб бо лаҳни тунд гуфтааст, ки (айнан) «Э рав, дигар кор надорам, ки бо туи бесавод хафту хашт карда мешинам».
Ба гумони баъзеи дигарҳо ин шахс, ки бо номи сафири Тоҷикистон дар Малайзия дар Фейсбук баҳс оростааст, шояд «нусхаи асл» набошад, яъне сохта (фейк) бошад. Ба ҳар ҳол, ин қазияи то ҳол рӯшан нашудааст ва баҳс ҳанӯз ҳам дар доираи рӯзноманигорони тоҷик сари ин мавзӯъ дар Фейсбук идома дорад.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14134-ba-si-safiri-malajziya-bo-r-znomanigoron.html