Семинари САҲА барои хабарнигорон

Дафтари тоҷикистонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) барои 20 нафар хабарнигорони расонаҳои мустақил тренинг-семинари омӯзишӣ доир кард.

Мавзӯи тренинг «Эҳтимолияти бегуноҳӣ: принсип ва таҷриба» буда,  рӯзҳои 8-9-уми июн дар истироҳатгоҳи «Сароб» (мавзеи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб) баргузор гардид.

Мушовир оид ба волоияти қонуни дафтари САҲА Чарз Болланд ба ҳамаи рӯзноманигорон барои иштирокашон дар семинар изҳори сипос карда, дар кори дурӯзаи онҳо бурдбориҳо таманно намуд.

Давоми ду рӯз мураббиҳо адвокат Иноят Иноятов дар мавзӯъҳои «Танзими ҳуқуқии эҳтимолияти бегуноҳӣ: Қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ; Санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз тарафи ҶТ қабулгашта” (рӯзи аввал) ва «Риояи принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҳуқуқ ба дахлнопазирӣ дар фаъолияти рӯзноманигорӣ» (рӯзи дуюм), Қироншоҳ Шарифзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» дар мавзӯи «Эҳтимолияти бегуноҳӣ ва журналистика» ва «Эҳтимолияти бегуноҳӣ ва этикаи журналистӣ» ва рӯзноманигор Исфандиёри Одина дар мавзӯи «Эҳтимолияти бегуноҳӣ ва расонаҳои нав (электронӣ)» ва «Ҳолатҳои махсус ва хавфҳо: Нашри сабтҳои аудиовидеоӣ ва аксҳо; Кӯдакон; Шахсони ҷамъиятӣ» баромад карданд. Эшон инчунин асосҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, стандартӣ ва таҷрибаҳои байналмилалии баррасии қазияҳои марбут ба мавзӯи эҳтимолияти бегуноҳиро муаррифӣ намуда, тавсияҳои хешро барои риояи принсипи мазкур ба иштироккунандагон пешниҳод карданд.

Дар ҷамъбасти тренинг-семинар аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён сертификатҳои дафтари САҲА супорида шуд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14115-seminari-sa-a-baroi-khabarnigoron.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *