Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 14-уми июн бо қабули тағйирот ба қонун, рекламаро дар адабиёту воситаҳои таълимӣ мамнуъ кард.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, таблиғот дар адабиёти воситаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби хонандагони синфҳои поёнӣ то донишҷӯёни донишгоҳҳо истифода мешаванд, мамнуъ мебошад.
Зимни баррасии масъалаи реклама вакил Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз зиёд будани он дар телевизион шикоят карда, гуфт, муҳлати қонунии барои реклама ҷудошаванда бисёри вақт риоя намешавад.
Дар посух Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар лоиҳаи қонуни нав дар бораи реклама дақиқан таъкид шудааст, ки давомнокии реклама набояд аз 3 дақиқа зиёд бошад.