Давлат Давронов, рӯзноманигор ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз олам даргузашт. Читать далее Давлат Давронов устоди факултаи журналистика даргузашт
Все записи автора nansmit
анГушти шашУМ
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, муассиси нашрияҳои «Фараж», «Самак», «Ману Ту», сомонаҳои интернетииwww.faraj.tj, www.faraj.com.tj 23 феврал ёздаҳсола шуд. Читать далее анГушти шашУМ
Президент лентаи «Синамо» -ю «Варзиш»-ро мебурад
Ду телевизиони навтаъсиси кишвар, «Варзиш» ва «Синамо» рӯзи 1-уми март бо иштирок президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешаванд. Читать далее Президент лентаи «Синамо» -ю «Варзиш»-ро мебурад
Шӯрои ВАО ба гиромидошти Мақсуд Ҳусейн маҳфил баргузор мекунад
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои гиромидошти Мақсуди Ҳусейн, хабарнигори фақиди тоҷик маҳфил баргузор кунад. Читать далее Шӯрои ВАО ба гиромидошти Мақсуд Ҳусейн маҳфил баргузор мекунад
«Шабакаи аввал» ба Ато Мирхоҷа: Аз рӯйи қонунгузории кишвар амал мекунем!
Суҳроб Рауфов, директори «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон эродҳои муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар мавриди иштибоҳгуфтории наттоқон нисбат ба номи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон беасос хонд. Читать далее «Шабакаи аввал» ба Ато Мирхоҷа: Аз рӯйи қонунгузории кишвар амал мекунем!
Санаи тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ аз 11 март ба 9 сентябр кӯчид
Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, имсол ба таври истисно ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ на дар рӯзи Иди матбуоти тоҷик, балки дар ҷашни 25-солагии истиқлоли кишвар супурда хоҳад шуд. Читать далее Санаи тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ аз 11 март ба 9 сентябр кӯчид
ТВ «Варзиш» аз 1 март ба кор медарояд
Аз 1 март Тоҷикистон шабакаи нави телевизиониеро бо номи «Варзиш» ба роҳ меандозад. Ин шабака махсуси пахши сирф барномаҳои варзишӣ хоҳад шуд. Читать далее ТВ «Варзиш» аз 1 март ба кор медарояд
Журналистони тоҷик аз нав сабти ном мешаванд
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзноманигорони кишварро аз нав сабти ном мекунад. Зинаттуло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 25-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз сабти дигарбора хабарнигорон, мушаххас кардани шумораи рӯзноманигорони кишвар ва вазъи кории онҳо мебошад. Читать далее Журналистони тоҷик аз нав сабти ном мешаванд
Зиёвиддин «Садои Душанбе» -ро тарк нагуфтааст
Ҳунарманд Зиёвиддин Нурзод овозаҳоро атрофи он, ки гӯё ӯ аз радиои «Садои Душанбе» рафта бошад, беасос хонда мегӯяд, ба ҳеҷ куҷое нарафтааст.
Аз он, ки вақтҳои охир ин ҳунарманд дар телевизиони «Сафина» барномаеро бо номи «Қиссаҳои боронӣ» ровигӣ мекард, овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё Зиёвиддин Нурзод аз радиои «Садои Душанбе» ба ин даргоҳ омада бошад.
Аммо, ӯ зимни як суҳбат ба faraj.tj ин овозаҳоро инкор намуда гуфт, ҳоло дар радиои «Садои Душанбе фаъолият дорад: «Айни замон дар радиои «Садои Душанбе» фаъолият дорам ва идеяи барномаи «Қиссаҳои боронӣ» аз ҷониби раҳбарияти ин муассиса пешинҳод гардида буд, ки қабулаш кардам. Он ҷо банда кор намекунам».
Ин ҳунарманд ҳадаф аз пешниҳоди барномаи «Қиссаҳои боронӣ»-ро тарбияи мардум тавассути нақлу қиссаҳо ном бурда мегӯяд, он фарогири мавзӯъҳои гуногун, сар карда аз хок то коинот ва муҳаббат то нафратро дар бар мегирад: «Бархе аз қиссаҳоро худам бадоҳатан нақл мекунам ва қисми дигарашро бошад аз саҳифаҳои интернет дастрас мекунам», мегӯяд ӯ.
Ҷаноби Зиёвиддин мегӯяд, тасмим дорад, ки дар моҳҳои май консерти ҷадидашро бо суруду таронаҳои нав ба мухлисонаш пешниҳод намояд.
Ҳунарманд Зиёвиддин Нурзод чанд сол қабл бо суруди «Парандаҳо ҳама рафтанд» ба майдони Шоу-бизнеси Тоҷикистон ворид шуда маҳз ҳамин суруд ӯро ба дилу дидаи мардум ҷой кард. Ӯ дар баробари ровигӣ дар радио, инчунин шоир ва оҳангсоз мебошад, ки аксар суруду таронаҳояшро худ эҷод мекунад.
http://faraj.tj/main/12562-zieviddin-sadoi-dushanbe-ro-tark-naguftaast.html
Сомонаи нав оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии СММ сомонаи наве (www.khit.tj)-ро ба кор даровард, ки дастрасии аҳолӣ ба маълумот дар бораи масоили риояи ҳуқуқи инсонро таъмин мекунад. Читать далее Сомонаи нав оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон