Ду телевизиони навтаъсиси кишвар, «Варзиш» ва «Синамо» рӯзи 1-уми март бо иштирок президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешаванд.
Дар ин бора аз Кумитаи Телевизион ва радиои кишвар ба Faraj.tj иттилоъ доданд.
Чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Пирзода гуфта буд, ин ду телевизион аз ҳисоби даромадҳои худи кумита бунёд шудаанд, на аз ҳисоби давлат.
Ба гуфтаи ҷаноби Пирзода дар ин ду телевизион бештар аз 200 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
http://faraj.tj/news/12576-prezident-lentai-sinamo-yu-varzish-ro-meburad.html