Ҳунарманд Зиёвиддин Нурзод овозаҳоро атрофи он, ки гӯё ӯ аз радиои «Садои Душанбе» рафта бошад, беасос хонда мегӯяд, ба ҳеҷ куҷое нарафтааст.
Аз он, ки вақтҳои охир ин ҳунарманд дар телевизиони «Сафина» барномаеро бо номи «Қиссаҳои боронӣ» ровигӣ мекард, овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё Зиёвиддин Нурзод аз радиои «Садои Душанбе» ба ин даргоҳ омада бошад.
Аммо, ӯ зимни як суҳбат ба faraj.tj ин овозаҳоро инкор намуда гуфт, ҳоло дар радиои «Садои Душанбе фаъолият дорад: «Айни замон дар радиои «Садои Душанбе» фаъолият дорам ва идеяи барномаи «Қиссаҳои боронӣ» аз ҷониби раҳбарияти ин муассиса пешинҳод гардида буд, ки қабулаш кардам. Он ҷо банда кор намекунам».
Ин ҳунарманд ҳадаф аз пешниҳоди барномаи «Қиссаҳои боронӣ»-ро тарбияи мардум тавассути нақлу қиссаҳо ном бурда мегӯяд, он фарогири мавзӯъҳои гуногун, сар карда аз хок то коинот ва муҳаббат то нафратро дар бар мегирад: «Бархе аз қиссаҳоро худам бадоҳатан нақл мекунам ва қисми дигарашро бошад аз саҳифаҳои интернет дастрас мекунам», мегӯяд ӯ.
Ҷаноби Зиёвиддин мегӯяд, тасмим дорад, ки дар моҳҳои май консерти ҷадидашро бо суруду таронаҳои нав ба мухлисонаш пешниҳод намояд.
Ҳунарманд Зиёвиддин Нурзод чанд сол қабл бо суруди «Парандаҳо ҳама рафтанд» ба майдони Шоу-бизнеси Тоҷикистон ворид шуда маҳз ҳамин суруд ӯро ба дилу дидаи мардум ҷой кард. Ӯ дар баробари ровигӣ дар радио, инчунин шоир ва оҳангсоз мебошад, ки аксар суруду таронаҳояшро худ эҷод мекунад.
http://faraj.tj/main/12562-zieviddin-sadoi-dushanbe-ro-tark-naguftaast.html