Суҳроб Рауфов, директори «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон эродҳои муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар мавриди иштибоҳгуфтории наттоқон нисбат ба номи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон беасос хонд.
Суҳроб Рауфов зимни як суҳбат ба Faraj.tj эродҳои муовини аввали раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷаро дар мавриди он, ки гӯё наттоқони телевизионҳо номи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо «вилояти Бадахшон» иваз кардаанд, рад намуда гуфт, ҳар он чӣ дар қонунгузориҳои кишвар аст, аз рӯи он амал мекунанд.
-Чӣ қарорҳое, ки вобаста ба минтақаҳо дар парламент қабул мешаванд, мо аз рӯи он амал мекунем. Агар шумо ба титрҳои барномаи «Ахбор» таваҷҷуҳ дода бошед, ин ном чӣ гунае, ки ҳаст, ҳамон гуна пахш мешавад, -афзуд, ҷаноби Рауфов.
Ин раддияи раҳбари телевизиони «Шабакаи аввал» дар ҳолест, ки чанде қабл муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикитстон Ато Мирхоҷа бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифаи «Фейсбук»-и худ аз раиси Кумитаи телевизион ва радио хоста буд, то ровиёну наттоқони телевизионҳо зимни қироати номи ВМКБ ба хатогӣ роҳ надиҳанд.
Ато Мирхоҷа дар матни муроҷатномаи хеш аз он нигоронӣ намуда буд, ки вақтҳои охир наттоқон ва суҳбатороёни телевизионҳои кишвар номи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба «вилояти Бадахшон» иваз намудаанд.
Ҳарчанд аз интишори ин муроҷиатнома чанд муддат сипарӣ гашта бошад ҳам, вале то кунун Кумитаи телевизион ва радио ба он ҷавобе нагардонидааст.