Ҷомеаи хабарнигорони тоҷикро, ки дар як соли охир аз маҳдуд шудани озодии баён сӯҳбату шикоят мекарданд, огоҳии нави Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ташвиш овардааст. Аз нигоҳи онҳо, тасмими ҷарима намудани журналистон барои нақзи меъёрҳои забони тоҷикӣ фазоро барои фаъолияти онҳо тангтар мекунад.
Читать далее Кумитаи забон алайҳи «вожаҳои бегона» ҷанг эълон кард →
Тасмими нави Кумитаи забон ва истилоҳот дар бораи ҷаримаи журналистон барои вайрон кардани «забони меъёр», (ибораи раиси кумита) боиси нигаронии аҳли қалам шуд. Онҳо мегӯянд, агар Гавҳар Шарофзода, раиси кумитаи забон медонист, ки бо ин тасмимаш фардо ба осиёби киҳо об хоҳад рехт, асло дар ин бора лаб намекушод. Читать далее Хонум Шарофзода Рӯдакиро ҳам ҷарима мебандад? →
Сарлейтенант Умеда Юсуфова котиби матбуотии нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Читать далее Таъини сухангӯи нав дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода →
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки теъдоди корбарони интернет дар кишвар айни ҳол ба 2,8 миллион нафар расидааст, ки дар қиёс ба аввали соли равон 200 ҳазор ва нисбати аввали соли гузашта 1 миллион нафар камтар мебошад. Читать далее Тоҷикистон: Корбарони интернет 1 миллион нафар кам шудаанд →
Дар пайи нашри мақолаи журналисти рус Сергей Пономарёв дар сомонаи “kp.ru” (марбут ба Комсомольская правда), ки гуфта мешавад, дар он тоҷикон таҳқир шудаанд, Шариф Ҳамдампур, масъули нашри “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон аз нашри он даст кашид. Матлаби Пономарёв дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам шуру валвала барангехт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ДАР ҶАВОБ БА МАТОЛИБИ ТАҲҚИРОМЕЗ ЧӢ БОЯД КАРД? Читать далее Пурсиши “Озодагон”: Дар ҷавоб ба матолиби таҳқиромез чӣ бояд кард? →
Насриддин Саидов субҳи имрӯз Ҷалолиддин Садриддиновро дар мақоми сухангӯйи ВКД иваз намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд. Читать далее Насриддин Саидов ба ҷойи Садриддинов сухангӯйи нави ВКД →
Масъули барномаи телевизионии «Сипар» майори милитсия Нусратулло Саидов роҳбари нави маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон таъин шуд.
Читать далее Таъини роҳбари нави маркази матбуоти ВКД →
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуда, муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии ин ниҳод таъин гардид. Читать далее Насриддин Саидов сухангӯи нави ВКД таъйин шуд →
Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, «Интизор меравад, ки дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд». Читать далее Намояндагони ВАО ҷарима карда мешаванд →
Масдуд кардани сомонаҳо дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст ва дигар касеро ҳам ҳайрон намекунад. Читать далее Сайтбандиҳо дар Тоҷикистон (ИНФОГРАФИКА) →
Ещё один сайт на WordPress