Все записи автора nansmit

«Дар пӯшиши мавзӯи Ӯзбакистон эҳтиёткор бошед!»

Маҳмад Раҳимзода, раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 август журналистонро ба «эҳтиёткорӣ дар масъалаи пӯшиши мавзӯи равобит бо Ӯзбакистон» даъват кард. Ин паём баъди он садо дод, ки як хабарнигор ба Раҳимзода гуфт, дар мавриди дарёфти виза ё раводиди сафар ба Ӯзбакистон шикояти зиёд вуҷуд дорад. Аз ҷумла, ин хабарнигор гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти боздиди хешутаборашон дар Ӯзбакистонро доранд, гоҳе рӯзҳои зиёд мунтазири гирифтани раводиди сафар ба кишвари ҳамсоя мемонанд. Читать далее «Дар пӯшиши мавзӯи Ӯзбакистон эҳтиёткор бошед!» →

Ёвари президент: Даъвои Шарофзода қобили қабул нест (ВИДЕО)

Содиқҷон Шоназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ даъвои Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳотро барои ҷаримабандӣ кардани журналистон қобили қабул надонист. Читать далее Ёвари президент: Даъвои Шарофзода қобили қабул нест (ВИДЕО) →

Хадамоти алоқа: Сомонаҳои фаҳшро бастем, хабариро не (ИНФОГРАФИКА)

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштанаш дар масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ дар кишварро рад карда, мегӯяд, ширкатҳои мобилиро барои бастани ғайриқонунии сомонаҳо муҷозот мекунад.

Ҷонибек Додомедов, сардори раёсати танзими Хадамоти алоқа имрӯз, 3 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин ниҳод дар бастани сомонаҳои хабарӣ даст надорад. Ба қавли ӯ, дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои бастани сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби ширкатҳои дастраскунандаи интернет, нисбати дастандаркорон чораандешӣ хоҳад шуд.

Ҷаноби Додомедов илова кард, давоми як соли охир бо дастури Хадамоти алоқа дастрасӣ ба беш аз 100 сомонаи хусусияти шаҳвонию зӯроваридошта масдуд шудааст: “Аммо сомонаҳои хабариро набастаем”.

Дар мавриди изҳороти қаблии масъулини Хадамоти алоқа, ки феҳрасти бархе аз сомонаҳо барои басташавӣ аз ҷониби мақомоти амниятию қудратӣ пешниҳод мегарданд, Додомедов гуфт, дар ин бора наметавонад шарҳе ироа кунад, чун ин феҳрастро рӯи даст надорад. Дар бораи муроҷиатҳои чандбораи сомонаҳои хабарӣ ба Хадамоти алоқа барои ҳалли ин мушкил Додомедов гуфт, ки дархостҳо омӯхта мешаванд.

Ин иддаои масъули Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки масдуд кардани сомонаҳо дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

Одатан дастрасӣ ба сомонаҳои маъруф замоне масдуд мешавад, ки дар кишвар кадом маъракаи муҳими сиёсӣ, назири интихоботҳои парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ дар назар бошад. Бори охир сомонаҳои хабарӣ 10 май дар остонаи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ дастнорас шуданд. Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет он замон торнамоҳои Радиои Озодӣ, Азия Плюс, Тоҷнюс ва чандеи дигарро масдуд карданд. Ахиран, дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории “Авесто”, ки тарҳи нави сайташро муаррифӣ кард низ масдуд шудааст.

Аммо сайтҳои “Хабаргузории Озодагон” (бахши тоҷикӣ ва русӣ) аз моҳи октябри соли гузашта дастнорас ҳастанд. Хадамоти алоқа 3 ноябри соли 2015 бо имзои Бег Сабур ба мактуби «Озодагон» аз 14 октябри 2015 посух дод, ки ба баста шудани сайтҳо рабте надорад ва ваъда кард, барои ҳарчӣ зудтар дастрас шудани торнамоҳо «дар доираи салоҳияти худ» кушиш мекунад. Аммо чун натиҷаи ин кушишҳоро шоҳид набудем, 23 декабри соли 2015 дубора унвонии раҳбари Хадамоти алоқа мактуб фиристодем. Вале бо гузашти беш аз 7 моҳ ҳанӯз посухе дар ин замина ворид нашудааст. Дар зимн, «Озодагон» унвонии ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет — ҶСП «Телекомм Технолоҷӣ», «МегаФон» ва Tcell (асосан муштариён ҳамин ширкатҳо шикоят мекунанд, ки сомонаҳо баста аст) мактуб фиристод ва то имрӯз танҳо «МегаФон» як навиштаи ба ҷавоб монанд фиристодаасту бас, ки дар он таъкид мешавад, маҳдуд будани сомонаҳои “Озодагон” ба сабабҳои “новобаста аз ширкат” рабт дорад. Дастарсӣ ба “Озодагон” тавассути ширкатҳои дигар «Таком», «Вавилон-Т», «Сатурн-онлайн» ва «Истэра» ҳам номумкин аст.

Аммо на Хадамоти алоқа ва на ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳозир намешаванд, ки далелҳои ғайриқонунӣ масдуд кардани сомонаҳоро шарҳ бидиҳанд.

http://www.ozodagon.tj/27297-hadamoti-aloa-somonaoi-fashro-bastem-habariro-ne-infografika.html

Ёрдамчии Президент: Барои калимаҳои бегона ҷазое пешбинӣ нашудааст

Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, дар шарҳи азми Кумитаи забон ва истилоҳот барои ҷаримаи рӯзноманигороне, ки аз калимаҳои бегона истифода мекунанд, гуфт, дар қонунгузории кишвар чунин муқаррарот нест. Читать далее Ёрдамчии Президент: Барои калимаҳои бегона ҷазое пешбинӣ нашудааст →

Ёрдамчии Президент: Барои калимаҳои бегона ҷазое пешбинӣ нашудааст

Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, дар шарҳи азми Кумитаи забон ва истилоҳот барои ҷаримаи рӯзноманигороне, ки аз калимаҳои бегона истифода мекунанд, гуфт, дар қонунгузории кишвар чунин муқаррарот нест. Читать далее Ёрдамчии Президент: Барои калимаҳои бегона ҷазое пешбинӣ нашудааст →

Интиқоди раиси Маркази қонунгузории Президент аз қонунҳои нофаҳмо: Кумитаи забон олим надорад…

Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон забони мушкил ва нофаҳмои қонунҳоро дар кишвар яке аз мушкилоти мубрам арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки феълан дар кишвар истилоҳсозӣ қариб вуҷуд надорад. Читать далее Интиқоди раиси Маркази қонунгузории Президент аз қонунҳои нофаҳмо: Кумитаи забон олим надорад… →

Интиқоди раиси Маркази қонунгузории Президент аз қонунҳои нофаҳмо: Кумитаи забон олим надорад…

Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон забони мушкил ва нофаҳмои қонунҳоро дар кишвар яке аз мушкилоти мубрам арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки феълан дар кишвар истилоҳсозӣ қариб вуҷуд надорад. Читать далее Интиқоди раиси Маркази қонунгузории Президент аз қонунҳои нофаҳмо: Кумитаи забон олим надорад… →

Хадамоти алоқа: Ба бастани сомонаҳо даст надорем

— Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии васоити ахбори умум ҳеҷ муносибате надорад, — изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамот Ҷонибек Дадоматов. Читать далее Хадамоти алоқа: Ба бастани сомонаҳо даст надорем →