Насриддин Саидов сухангӯи нави ВКД таъйин шуд

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуда, муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии ин ниҳод таъин гардид.

Ба гуфтаи худи Ҷалолиддин Садриддинов, минбаъд дар мақоми ӯ Насриддин Саидов фаъолият хоҳад кард.

Насриддин Саидов, масъули барномаи телевизионии “Сипар” акнун сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад.

Ҷалолиддин Садриддинов моҳи декабри соли 2013 сухангӯи ВКД таин шуда буд. Ӯ қаблан дар вазифаи мушовири вазири корҳои дохилӣ кор мекард. Қаблан ӯ дар вазифаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард ва аз ҷониби роҳбари собиқи ин вазорат Маҳмадназар Солеҳов, аз кор ронда шуда буд.

Вай аз болои фармони вазири корҳои дохилии вақт ба суд шикоят бурда, дар суд бар Маҳмадназар Солеҳов ғолиб омад, аммо дар ин вазифа дигар кор накард.

http://www.tojnews.tj/tj/news/nasriddin-saidov-suhangui-navi-vkd-tayin-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *