Сайтбандиҳо дар Тоҷикистон (ИНФОГРАФИКА)

Масдуд кардани сомонаҳо дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст ва дигар касеро ҳам ҳайрон намекунад.

Одатан дастрасӣ ба сомонаҳои маъруф замоне масдуд мешавад, ки дар кишвар кадом маъракаи муҳими сиёсӣ, назири интихоботҳои парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ дар назар бошад. Бори охир сомонаҳои хабарӣ 10 май дар остонаи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ дастнорас шуданд. Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет он замон торнамоҳои Радиои Озодӣ, Азия Плюс, Тоҷнюс ва чандеи дигарро масдуд карданд. Ахиран, дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории “Авесто”, ки тарҳи нави сайташро муаррифӣ кард низ масдуд шудааст.

Аммо дастрасӣ ба сайтҳои “Хабаргузории Озодагон” (бахши тоҷикӣ ва русӣ) аз моҳи октябри соли гузашта дастнорас ҳастанд. Хадамоти алоқа 3 ноябри соли 2015 бо имзои Бег Сабур ба мактуби «Озодагон» аз 14 октябри 2015 посух дод, ки ба баста шудани сайтҳо рабте надорад ва ваъда кард, барои ҳарчӣ зудтар дастрас шудани торнамоҳо «дар доираи салоҳияти худ» кушиш мекунад. Аммо чун натиҷаи ин кушишҳоро шоҳид набудем, 23 декабри соли 2015 дубора унвонии раҳбари Хадамоти алоқа мактуб фиристодем. Вале бо гузашти беш аз 7 моҳ ҳанӯз посухе дар ин замина ворид нашудааст. Дар зимн, «Озодагон» унвонии ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет — ҶСП «Телекомм Технолоҷӣ», «МегаФон» ва Tcell (асосан муштариён ҳамин ширкатҳо шикоят мекунанд, ки сомонаҳо баста аст) мактуб фиристод ва то имрӯз танҳо «МегаФон» як навиштаи ба ҷавоб монанд фиристодаасту бас, ки дар он таъкид мешавад, маҳдуд будани сомонаҳои “Озодагон” ба сабабҳои “новобаста аз ширкат” рабт дорад. Дастарсӣ ба “Озодагон” тавассути ширкатҳои дигар «Таком», «Вавилон-Т», «Сатурн-онлайн» ва «Истэра» ҳам номумкин аст.

Аммо на Хадамоти алоқа ва на ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳозир намешаванд, ки далелҳои ғайриқонунӣ масдуд кардани сомонаҳоро шарҳ бидиҳанд.

http://www.ozodagon.tj/27297-saytbandio-dar-toikiston-infografika.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *