Все записи автора nansmit

Муҳайё Нозимова роҳбари Ассотсиатсияи бонувони журналист интихоб шуд

Муҳайё Нозимова, журналисти маъруфи тоҷик роҳбари  Ассотсиатсияи бонувони журналисти Тоҷикистон интихоб шуд. Читать далее Муҳайё Нозимова роҳбари Ассотсиатсияи бонувони журналист интихоб шуд →

Муҳайё Нозимова раиси бонувони журналист интихоб гардид

Дар меҳмонхонаи «Ҳайат» — и шаҳри Душанбе Анҷумани таъсисотии Ассотсиатсияи бонувони журналист доир гардид, ки дар кори он ҳудудан панҷоҳ нафар вакилон, аз ҷумла аз Хатлону Суғду Бадахшон ширкат доштанд. Читать далее Муҳайё Нозимова раиси бонувони журналист интихоб гардид →

СММ хостори муҷозоти сангини омилони қатли рӯзноманигорон шуд

Дар даҳ соли охир бештар аз 800 рӯзноманигор барои фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Дар ин бора дар баёнияи СММ бахшида ба Рӯзи байналхалқии поён додан ба ҷиноятҳои зидди рӯзноманигорон, ки ҳамасола 2 ноябр таҷлил мешавад, зикр шудааст. Читать далее СММ хостори муҷозоти сангини омилони қатли рӯзноманигорон шуд →

СММ хостори муҷозоти омилони қатли рӯзноманигорон шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз мавориди зиёди муҷозот нашудани омилони қатли хабарнигорон дар кишварҳои ҷаҳон ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки аз 10 ҳодисаи қатли журналистон, дар 9 маврид омилони он аз ҷазо дар канор мемонанд. Читать далее СММ хостори муҷозоти омилони қатли рӯзноманигорон шуд →

Вазири адлия: Озодӣ ва гуногунандешӣ сарҳад дорад

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мешавад, матлаберо зери увони “Конститутсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба нашр расондааст.

Ӯ навиштааст, ҳуқуқу озодиҳои инсони озод, ки Конститутсия тавассути озодиҳои сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва ҳамкориҳоро кафолат додааст, заминаи бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандист: “Зеро озодии ҷомеа аз озодии фардҳо ибтидо мегирад”.

Ба гуфтаи вазири адлия Конститутсияи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқиро ҳадафи худ қарор дода, инсонро дар маркази сиёсати ҳуқуқии давлат мегузорад: “Мавҷудияти озоди ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва равияҳои гуногуни сиёсӣ, ки дар паҳнои гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ фаъолият намуда, ифодагари шаклҳои гуногуну озоди ҳамзистии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии шаҳрвандон аст, рукни муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад. Конститутсия дар баробари эътироф ва кафолати чунин фазои озоди гуногунандешӣ ва мафкуравӣ, роҳҳои қонунии фаъолияти онҳоро тавассути қонунҳои соҳавӣ пешбинӣ намудааст. Айни замон дар фазои ҳуқуқии кишвар зиёда аз 2600 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳашт ҳизби сиёсӣ, беш аз 4000 иттиҳодияи динӣ, 35 иттифоқи касаба ба расмият шинохта шудааст. Гуногунандешӣ ҳамчун усули мавҷудияти инсонҳои озод, ботафаккур ва сатҳи фаҳмишу ҷаҳонбинии хоса имконияти озод ва табиии иштироки ҳар шаҳрвандро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ фароҳам меорад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи кишвар заминаи рушд ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ муҳайё кардааст”.

Рустам Шоҳмурод таъкид намудааст, ки бар асоси қонуни асосӣ мафкураи ҳеч як ҳизбу гуруҳ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад: “Моддаи 8 Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст. Ин танҳо ба он хотир аст, ки унсурҳои иҷтимоӣ, қишрҳои ҷамъият ва фазои андешаи ҷамъиятӣ набояд пойбанди як назар ва биниш буда, доимо майдони озоди ташаккули андеша ва мафкураҳои созандаю бунёдгароёнаро таъмин созанд. Маълум ва равшан аст, ки ҳаёти инсонӣ ва нигоҳи илмию назариявӣ доимо рушд ва такомул ёфта, дар ҳоли тағйирпазирию дигаргунӣ қарор доранд. Аз ин хотир, озод вогузор намудани паҳнои ғоя ва арзишҳои роҳнамои мафкуравӣ ва миллӣ гарави ҷомеаи солим ва рушдкунанда маҳсуб ёфта, ба ҳар ҳизб, гурӯҳ, иттиҳодия ва ҳатто инсонҳои ҷудогона имкон фароҳам меорад, ки фикру андеша ва назари худро барои пешрафт ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ баён ва пешниҳод намоянд”.

Вазири адлия бо зикри он, ки ҷомеаи шаҳрвандии давлати мо рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад, таъкид намудааст, ки “аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳизбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои динию ҷамъиятӣ мафкураҳоеро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид созанд, ки онҳо ба муқаддасоти миллӣ, ваҳдат, суботи ҷомеа, якпорчагӣ ва низоми қонунияти давлатӣ латма ворид кунанд. Зеро ин озодӣ ва гуногунандешӣ низ сарҳади худро дорад, ки он дар манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва давлати миллӣ нуҳуфтааст”.

Вазири адлия афзудааст, маҳз ба ҳамин хотир, моддаи 8 — и Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, манъ намудааст: “Ҳамзамон, дар шароити гуногуншаклии мафкуравӣ инкор кардани мафкураи давлатӣ, ки ба сатҳи низоми меъёрии ҳуқуқӣ бардошта шудааст, мумкин нест, зеро он метавонад дар амал ба коҳиши сохти давлатӣ оварда расонад. Маҳз ҳуқуқ ва қонун асоси ба ҳам наздикшавии манфиатҳои умумӣ ва мақсадҳои давлат ва ҷомеа мебошанд”.

Дар мавриди ҷомеаи шаҳрвандӣ — ҷомеаи фардҳои озод, ки манфиатҳои шахсиашон дар паҳнои манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ қомат афрохта, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар равиши арзишҳои умумидавлатӣ риоя ва татбиқ мегарданд, Рустам Шоҳмурод изҳор доштааст, ки бояд се нуктаи калидии чунин ҷомеаро зикр кард: “Унсури аввалин ва умдаи чунин ҷомеа — дастрасии халқ ба ҳокимияти давлатист. Моддаи 6 Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, таҳкурсии ҷомеаи озоди худрушдкунандаро дар шаклгирии ҳокимияти давлатӣ тарҳрезӣ намудааст. Рукни дуюми ҷомеаи шарҳвандӣ — инсонҳои озод ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст, ки моддаи 5 Конститутсия ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, моддаи 14 мақсад, мазмуни қонунҳо ва фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тобеи риоя ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон гардондааст. Ва ниҳоят, гуногунандешии сиёсӣ ва таъмини фазои озоди мафкуравӣ”.

Вазири адлия дар охир изҳор доштааст, ки ҳар се унсури асосӣ ва таҳкурсии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсия ва қонунҳои давлати мо ҳамаҷониба тарҳрезӣ шудаанд: “Муҳим он аст, ки аз ин неъмати сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ба манфиати худ ва давлатамон дуруст ва самаранок истифода барад”.

http://www.ozodagon.tj/28258-vaziri-adliya-ozod-va-gunogunandesh-sarad-dorad.html

Вохурии вазир бо «Хабарнигори фаврӣ»

Дирӯз, 31 октябр вазири умури дохилаи Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як гурӯҳ ҷавонон ва донишҷӯёни мактабҳои олии кишварро, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондаанд, қабул намуд. Читать далее Вохурии вазир бо «Хабарнигори фаврӣ» →

Ду пешниҳоди журналист Набиюллоҳ Суннатӣ ба Ҳукумат

Ахиран ба пешбанди Роғун Тоҷикистон ба ҷаҳониён паём фиристод, ки «Роғун сохта хоҳад шуд, ба ҳар қимматеву арзише бошад”. Ва ин паёме буд, ки пешбанду сарбанди он бо иштироки аввалчеҳраи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайъати арбобони давлатӣ ва ашрофу ашрофзодагон сурат пазируфт. Ду сол қабл аз ин аслан касе умед надошт, рӯзе Тоҷикистон метавонад бо ин суҳулат ба ҷаҳониён паём фиристад. Зеро хорасанги сари роҳи пешрафти корҳои сохтмонӣ марҳум Ислом Абдуғаниевич будааст. Читать далее Ду пешниҳоди журналист Набиюллоҳ Суннатӣ ба Ҳукумат →

Додхоҳии рӯзноманигори зиндонии тоҷик: Маро озод кунед

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳбуси тоҷик ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон нома навишта хостори он шудааст, ки ӯро аз маҳбас озод намоянд. Читать далее Додхоҳии рӯзноманигори зиндонии тоҷик: Маро озод кунед →