Все записи автора nansmit

«Тоҷикистон кишвари демократии солҳои 1990 нест»

Бархе аз хабарнигорони тоҷик мегӯянд, ки аз фишори афзояндаи мақомот ва тангтар шудани ҳалқаи озодии баён дар Тоҷикистон “ҳукумати чорум” як сол боз наметавонад рисолати аслиашро иҷро кунад. Онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди ҳалли “масъалаи” мухолифон, яъне канор задани онҳо аз саҳнаи сиёсӣ, ҳоло хабарнигорон ҳадаф қарор гирифтаанд ва фишори болои сарашон “аз таҳдиду таъқиб, таъкидҳои телефонӣ ва даъватҳои ғайрирасмӣ барои сӯҳбат бо маъмурони интизомӣ” иборат будааст. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд ва мегӯянд, фишор ё таъқибе вуҷуд надорад. Читать далее «Тоҷикистон кишвари демократии солҳои 1990 нест» →

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз чоп монд

Муассиси «Нигоҳ» аз қатъи фаъолияти ин ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон хабар дод ва бо пахши изҳорот расман эълон кард, ки «бино ба адами мавҷудияти шароити лозим» маҷбур аст, нашри ҳафтаномаро боздорад. «Нигоҳ» баъди баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ — «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» дар соли 2006 ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуда буд. Читать далее Ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз чоп монд →

Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист шуд

Рӯзноманигори тоҷик Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист интихоб шудааст. Анҷумаи таъсисии ин ниҳоди эҷодӣ рӯзи 2 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» баргузор шуд ва ҳудуди панҷоҳ тан аз рӯзноманигорони зан аз ҳама минтақаҳои кишвар иштирок доштанд. Читать далее Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист шуд →

Қарори №427: Таҳқири пешвои миллат ҷиноят ҳисоб мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани муҷозот барои таҳқири Асосгузори сулҳу ваҳдат — пешвои миллат мувофиқат кард. Дар сурати вориди Кодекси ҷиноӣ шудани ин тағйирот, таҳқиркунандаи пешвои миллат метавонад то 5 сол маҳкум ба зиндон шавад. Читать далее Қарори №427: Таҳқири пешвои миллат ҷиноят ҳисоб мешавад →

Шарҳи Салимзода дар бораи тарҳи нави қонуни матбуот: “Мавқуф” ба “боздошт” ва “хироҷ” ба “боҷ” тағйир дода шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 2 ноябр тарҳи нави тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро қабул намуданд. Читать далее Шарҳи Салимзода дар бораи тарҳи нави қонуни матбуот: “Мавқуф” ба “боздошт” ва “хироҷ” ба “боҷ” тағйир дода шуд →

“Нигоҳ” бо далели “адами мавҷудияти шароити лозим” дигар чоп намешавад

Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” аз қатъи нашри ҳафтанома хабар дод.

Читать далее “Нигоҳ” бо далели “адами мавҷудияти шароити лозим” дигар чоп намешавад →

Баёнияи муассис ва кормандони ҳафтаномаи “Нигоҳ”

Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” бо таассуф изҳор медорад, ки  нашри ҳафтаномаро маҷбур аст, бино ба адами мавҷудияти шароити лозим, қатъ намояд. Читать далее Баёнияи муассис ва кормандони ҳафтаномаи “Нигоҳ” →

Бонувони рӯзноманигор Муҳайё Нозимоваро раҳбари худ интихоб карданд

Муҳайё Нозимова, журналисти шинохтаи тоҷик роҳбари Анҷумани бонувони журналисти Тоҷикистон интихоб шудааст. Читать далее Бонувони рӯзноманигор Муҳайё Нозимоваро раҳбари худ интихоб карданд →

Қатли 800 рӯзноманигор дар даҳ соли охир

Дар даҳ соли охир бештар аз 800 рӯзноманигор барои фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Дар ин бора дар баёнияи СММ бахшида ба Рӯзи байналхалқии поён додан ба ҷиноятҳои зидди рӯзноманигорон, ки ҳамасола 2 ноябр таҷлил мешавад, зикр шудааст. Читать далее Қатли 800 рӯзноманигор дар даҳ соли охир →