Дирӯз, 31 октябр вазири умури дохилаи Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як гурӯҳ ҷавонон ва донишҷӯёни мактабҳои олии кишварро, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондаанд, қабул намуд.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни вохӯрӣ ба ҷавонону донишҷӯён ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки фаъолияти хабарнигорони фаврӣ на танҳо дар инъикоси саривақтии ҳодисаву воқеа, инчунин барои сайқал додани донишу малакаи касбии рӯзноманигории ҷавонон ва ҳамкориҳои судманд бо ҷомеа равона карда шудааст.
“Қобили зикр аст, ки чанде пеш бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки шаҳрвандон вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, қонуншиканиҳо, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, аз ҷойи ҳодиса ба навор гирифта, ирсол намуда метавонанд”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар охир, ҷавонону донишҷуёне, ки аллакай дар ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ саҳми босазо гузоштаанд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12198-vokhurii-vazir-bo-khabarnigori-favr.html