Муҳайё Нозимова раиси бонувони журналист интихоб гардид

Дар меҳмонхонаи «Ҳайат» — и шаҳри Душанбе Анҷумани таъсисотии Ассотсиатсияи бонувони журналист доир гардид, ки дар кори он ҳудудан панҷоҳ нафар вакилон, аз ҷумла аз Хатлону Суғду Бадахшон ширкат доштанд.

Ташаббускори ин Анҷуман директори радиёи «Ватан» Вера Кулакова дар сухани ифтитоҳиаш зикр кард, ки идеяи таъсиси чунин созмоне кайҳо боз дар маҳфилҳо гарму ҷӯшон баррасӣ мегардид, аммо бо ҳамин фаромӯш мегардид.

Айни замон барои амалӣ кардани ин мақсад то ҷое имкон пайдо шудааст ва думболаи амалӣ кардани ин нақша шудаанд.

Сипас, раиси Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон Хуршедҷон Ниёзов, котиби генералии Медиа – алянси Тоҷикистон Муним Оламов, Петрушкова, — устоди шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, рӯзноманигори маъруф Хилватшоҳи Маҳмуд ибрози назар намуда, зикр карданд, ки таъсиси чунин созмон амри зарурист ва барои рушди бештари журналистика мусоидат хоҳад кард.

Сипас, оинномаи Ассосиатсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, аъзои Раёсати Ассотсиатсия, сарвари он, аъзои комиссияи назоратӣ пешниҳод ва қабул гардиданд.

Бонувон якдилона дастпарвари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, журналист-тадқиқотгари маъруф Муҳайё Нозимоваро директори иҷроия интихоб намуданд.

Дар назар аст, ки давоми як моҳи оянда ҳуҷҷатҳои таъсисотии Ассотсиатсия ба вазорати адлияи Тоҷикистон барои гузаштан аз қайди давлатӣ пешниҳод гардад.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12211-mu-ajjo-nozimova-raisi-bonuvoni-zhurnalist-intikhob-gardid.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *