Все записи автора nansmit

Мавҷи ТВ-ҳои Тоҷикистон кай дар Ширкент пайдо мешавад? ВИДЕО

Деҳаи Ширкенти Тоҷикистон ҳамагӣ чанд километр дуртар аз марзи Узбакистон воқеъ аст. Сокинони ин рустои ноҳияи Турсунзода солҳо боз бе барномаи телевизионҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Зуҳриддин, омӯзгори мактаб, ҳафтаи равон дар сӯҳбат бо хабарнигорони мо гуфт, ки чандин бор антеннаҳои гуногун харид, вале ҳатто беҳтарини онҳо телевизиони Тоҷикистонро танҳо рӯзона намоиш медиҳад.

Баъзе сокинони русто, ки мавҷпароканҳои моҳвораӣ доранд, мегӯянд, сифати пахши барномаҳо дар инҷо хуб нест. Сокини маҳаллӣ Абдунабӣ умедвор аст, ки ин мушкилро ниҳоят мақомот ҳал мекунанд. Чунки, ба қавли ӯ, аз вуҷуди он хабар доранд.

Дар наздикии ин русто аллакай “ретранслятор” насб шудааст. Аммо мавҷи он заиф буда, зуд-зуд аз кор мебарояд.

Дар хоани Абдунабӣ рӯзҳои софу беғубор садои чанд шабакаи телевизиони Тоҷикистонро шунидан мумкин аст, аммо тасвир пайдо намешавад. Мардум дар русто ба ҷуз аз тамошои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ тариқи антеннаҳои моҳвораӣ тақрибан ҳеҷ саргармие надоранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аз нигоҳи коршиносон чунин интихоби шаҳрвандон ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон хатар дорад. Сокинони наздимарзӣ иттилоъро аз расонаҳои ҳамсоя ва дар шакли ба онҳо мувофиқ дастрас мекунанд.

Таҳлилгарон барои ҳалли ин мушкил пешниҳод доранд, ки шабакаҳои нави мустақили телевизионӣ ташкил ва мизони маҳбубияти онҳо пайгирӣ шавад. Ҳамчунин, ҳукумат бояд ба сифати пахши барномаҳо таваҷҷӯҳ кунад. Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2006 дар Женева вазифадор шуда буд, ки то соли 2015 комилан ба пахши рақамии телевизионҳо бигузарад. Вале ин барномаи давлатӣ то соли 2020 ба таъхир афтодааст.

https://www.ozodi.org/a/28617791.html

Посухи А.Абдуқаҳҳор ба М.Шоҳиён: Омили “рақиб” шудани ман директори ТВ “Пойтахт” таъин гардидан аст

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири китобхонаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ва корманди пешини Кумитаи телевизион ва радио мегӯяд, ба хотири ӯ 2 сол мешавад, ки сабти чорабиниҳои китобхонаи Лоҳутӣ дар телевизиони “Тоҷикистон”-у “Сафина” мамнӯъ аст. Ба гуфтаи ӯ, далели аслии “рақиб” шуданаш директори ТВ “Пойтахт” таъин гардидану дар қаламрави шаҳр рақобати эҷодиро тоб наовардани ин шабакаҳо аст.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор ин нуктаро дар як посух ба Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъкид намудааст. Авохири моҳи июни соли равон ӯ дар саҳфаи фейсбукаш навишт, ки “раиси Кумитаи ТВ ва Радио садову симоямро баставу дар «рӯйхати сиёҳ» шомилам намудааст, ростӣ сабабашро худам ҳам намедонам”.

А.АБДУҚАҲҲОР: РАИСИ КУМИТА МАРО БА “РӮЙХАТИ СИЁҲ” ШОМИЛ НАМУДААСТ
Иддаое, ки Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон 14 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе рад кард. Шоҳиён таъкид кард, Абдуқодири Абдуқаҳҳор дастпарвардаи худи Кумитаи телевизион ва радио аст ва “дар сурати пешниҳоди лоиҳаҳои нав мо омодаем, ҳамкорӣ кунем”.

САДО: ШОҲИЁН ДАР БОРАИ “РӮЙХАТИ СИЁҲ” ВА ДАЪВОИ А.АБДУҚАҲҲОР: МУШК ОН АСТ, КИ ХУД БИБӮЯД

Абдуқодири Абдуқаҳҳор посухи худро унвонии “Озодагон” фиристодааст ва он бидуни таҳрир айнан пешниҳоди хонандаҳо мегардад. Дар сурати вокуниши ҷониби дигар ба ин навишта, хабаргузорӣ онро низ ба нашр хоҳад расонд.

“Аввалан, ҷанобашон агар “Фарҳанг” дошта бошанд,(манзурам фарҳанги тафсири андарзу мақолҳо) бори дигар “Мушк он аст…”-ро хонанд, зеро ноҷо истифода шудааст. Ба ҳар сурат ба олим – роҳбари қаламкаш-журналистони давлатӣ дарк накардани маънии мақоли мардумӣ шоиста нест, инчунин бо мантиқи ғалат суҳбат кардан. Не, не хато накардам, чанде қабл домулло дар мавзуи “реклама ва тиҷорат” номзадӣ ҳимоя карданд, яъне тайи ду соли Раиси Кумита — бузургтарин ниҳоди идеологӣ будунашон умуман дар фикри идеологияи миллӣ набудаанд. Баъдан, соли дуввум аст, ки дархости ҳамкориям болои мизи кории Маҳмадсаид Шоҳиён хоб асту на камтар аз 3 маротибагӣ муовин – куратори Радиои Тоҷикистон Назира Амирбекзода ва Директори радио шогирди азизам Фаррух Зиёев дар боби ҳамкории ман ҷавоби рад шунидаанд. Солисан, эшон дар чанд суҳбате бо мақомоти роҳбарии Кумита арз доштаанд, ки мамнуъ намудани сурату овози ман дар расонаҳои давлатӣ супоришу дархости “боло” аст. Тазаккур ба маврид аст, ки “рақиб” шудани ман омилаш Директори ТВ “Пойтахт” таъин гардидану дар қаламрави шаҳр рақобати эҷодиро тоб наовардани шабакаҳои ин ниҳод аст. Ва боз дарднокаш он аст, ки ба хотири ман шуда 2 сол аст аз чорабиниҳои яке аз куҳантарин маъбади фарҳангии шаҳри Душанбе Китобхонаи ба номи А.Лоҳутӣ дар “Шабакаи аввал”-у “Сафина”навор гирифтан мамнуъ аст. Даҳҳо нафар ҳамкорони собиқам борҳо бахшиш пурсидаанд, ки наметавонанд мусоҳиб шудану чорабиниҳои китобхонаро иникос намудан, зеро “дастур” гирифтаанд. Ману ман баринҳо, ки кам нестему рӯзноманигорӣ ё журналисти радиотелевизион касбамон, зиндагиямон ҳаст, бояд чи кор кунем? Ба расонаҳои хориҷӣ баъди 20–30 соли содиқона ба давлат хидмат намудан даъват намекунанду виҷдон ҳам намебардорад, ба хориҷа равӣ дигар хел мефаҳманд…

Баъди раисии ҷаноби Шоҳиён тақрибан тамошобин надоштани шабакаҳои давлатӣ мавзӯи суҳбати алоҳида.

http://www.ozodagon.tj/index.php?newsid=30608

Ба Тоҷикистон сипари иттилоотӣ зарур аст!

Баҳори имсол ба тамоми хонандаҳои мактабҳои кишвар (духтарон) супориш доданд, ки аз якуми март то анҷом ёфтани тантанаҳои наврӯзӣ ба мактаб бо куртаҳои чакану атлас биёянд. Ин хабарро ба чанд духтараки навраси хешовандон, ки рӯзе якҷо будем, расондам. Яке аз онҳо гуфт: «Ҳамин атлас аз мост ё аз ӯзбекҳо? Охир, ҳар рӯз аз телевизионҳои ӯзбекӣ атласро нишон медиҳанд. Барандаҳояш ҳам (занҳоро дар назар дошт) доим атлас мепӯшанд». Ростӣ, надонистам чӣ гӯям ва фаҳмидам, ки фазои иттилоотии Тоҷикистонро мавҷу шабакаҳои хориҷӣ фаро гирифтаву то андозае таъсири худро гузоштаанд. Читать далее Ба Тоҷикистон сипари иттилоотӣ зарур аст! →

Шоҳиён: «Рӯйхати сиёҳ» нест, «Суруди сол» баргузор мешавад

Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол»-ро баргузор менамояд. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод. Читать далее Шоҳиён: «Рӯйхати сиёҳ» нест, «Суруди сол» баргузор мешавад →

Кинофестивали «Симо» ва филми ҳунарӣ дар бораи Президент

Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» кинофестивали ҷумҳуриявии «Симо» баргузор мекунад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод. Читать далее Кинофестивали «Симо» ва филми ҳунарӣ дар бораи Президент →

Пирзода: Пешво муқаддас аст, дар борааш филми бадеӣ меофарем (САДО)

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон масъалаи ҳатмӣ будани талаффузи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат дар телевизион ва радиоро ҳангоми зикри номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод. Читать далее Пирзода: Пешво муқаддас аст, дар борааш филми бадеӣ меофарем (САДО) →

Пирзода: Дар Кумитаи ТВ ва радио “рӯйхати сиёҳ” нест

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода гуфт, “рӯйхати сиёҳ”-е, ки ба қавли баъзеҳо, гӯё дар Кумита мавҷуд аст ва на ҳама журналистон метавонанд дар ин макон фаъолият намоянд, дар асл нест. Читать далее Пирзода: Дар Кумитаи ТВ ва радио “рӯйхати сиёҳ” нест →

САДО: Пирзода дар бораи “рӯйхати сиёҳ” ва даъвои А.Абдуқаҳҳор: Мушк он аст, ки худ бибӯяд

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мавҷудияти “рӯйхати сиёҳ”-ро дар Кумита рад карда, изҳор дошт, ки барои кори рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар радио ва телевизион ягон монеа нест.

Читать далее САДО: Пирзода дар бораи “рӯйхати сиёҳ” ва даъвои А.Абдуқаҳҳор: Мушк он аст, ки худ бибӯяд →

“Сафина”: 65 нафар аз ҳисоби реклама маош мегиранд

Директори шабакаи телевизиони “Сафина” Носир Саидов гуфт, ки 65 нафар корманди ин шабака аз ҳисоби «реклама» маош мегиранд. Ин маълумотро номбурда имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ҷавоб ба суоли хабарнигор расонаӣ кард. Читать далее “Сафина”: 65 нафар аз ҳисоби реклама маош мегиранд →

Мулоқот дар Шӯрои ВАОТ бо Хулкар Юсупов

Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар доираи нақши журналистикаи русзабон дар ВАО-и Тоҷикистон нишаст доир кунад. Читать далее Мулоқот дар Шӯрои ВАОТ бо Хулкар Юсупов →