Ба Тоҷикистон сипари иттилоотӣ зарур аст!

Баҳори имсол ба тамоми хонандаҳои мактабҳои кишвар (духтарон) супориш доданд, ки аз якуми март то анҷом ёфтани тантанаҳои наврӯзӣ ба мактаб бо куртаҳои чакану атлас биёянд. Ин хабарро ба чанд духтараки навраси хешовандон, ки рӯзе якҷо будем, расондам. Яке аз онҳо гуфт: «Ҳамин атлас аз мост ё аз ӯзбекҳо? Охир, ҳар рӯз аз телевизионҳои ӯзбекӣ атласро нишон медиҳанд. Барандаҳояш ҳам (занҳоро дар назар дошт) доим атлас мепӯшанд». Ростӣ, надонистам чӣ гӯям ва фаҳмидам, ки фазои иттилоотии Тоҷикистонро мавҷу шабакаҳои хориҷӣ фаро гирифтаву то андозае таъсири худро гузоштаанд.

Дар минтақаи Калининободи ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) қариб ҳамаи мардум тамошобини ҳамешагии телевизионҳои ӯзбекии “Ёшлар”, “Спорт”, “Ӯзбекистон”, “Тошкент” ва ғайра мебошанд. Бародари ман хонандаи синфи ҳаштуми мактаби тоҷикӣ аст. Дар мактаб дарсҳои русиву англисӣ низ омӯзонида мешавад. Ӯ бо забони тоҷикӣ адабиву равон гап зада наметавонад. Забонҳои русиву англисиро бошад, умуман намедонад. Аммо, кайҳост ки ӯ донандаи хуби забони ӯзбекист. Чуноне, ки мо будем. Бале, дар мо аксарият забони ӯзбекиро аз тамошои пайвастаи телевизионҳои кишвари ҳамсоя ёд гирифтаанд. Ҳатто як оилаеро медонам, ки модар бо фарзандони худ гоҳ-гоҳ бо забони ӯзбекӣ сухан мекунад. Яъне, ӯ аз таъсири фазои иттилоотии бегона забонашро гум карда истодааст. Пас фарзандони ӯ чӣ гуна забони модариашонро ёд гиранд? Дар боми хонаи бисёре аз мардуми ин минтақа як антенаи параболӣ барои тамошои шабакаҳои русӣ ва як антенаи оддӣ барои тамошои шабакаҳои ӯзбекӣ насб шудааст. Афсӯс, ки аксарияти мардуми ин гӯшаи Тоҷикистон хоҳиши тамошои шабакаҳои тоҷикиро надоранд. Чунки, шабакаҳои тоҷикиро аввалан, хеле бо сифати паст тамошо кардан мумкин аст, баъдан қариб ки барномаҳои тамошобобу ҷолибу фароғатӣ надоранд. Муваффақияти шабакаҳои ӯзбекӣ дар он аст, ки бо мавҷи хеле пуриқтидор пахш мешаванд, барномаҳои рангорангу филму силсилафилмҳои ҷолиб намоиш медиҳанд ва метавон бо антенаҳои оддитарин ҳам ин шабакаҳоро бо сифати хеле олӣ тамошо кард. Ин ҳолатро ман дар ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Ашт, Исфара, Конибодом, Спитамен, Панҷакент ва Б. Ғафуров низ бевосита мушоҳида кардам.

Албатта, ҳуқуқи интихоби тамошо ва ё гӯш кардани ин ё он шабака дар ихтиёри ҳар кас аст. Ман низ бо боварӣ метавонам гӯям, ки агар барномаҳои шабакаҳои тоҷикӣ ҳам рангоранг ва дастрасӣ ба тамошою гӯш кардани онҳо осон бошад, ҳатман ҳамаи тоҷикон шабакаҳои тоҷикиро интихоб мекарданд. Мисол, то замоне, ки дар шаҳри Истаравшан радиои “Авис” (соли 2009) таъсис ёфт, дар ин минтақа ягон радиои тоҷикӣ маҳбубият надошт. Баъдан дар Истаравшан радиои “Дунё” (2014) ба пахши барномаҳояш оғоз кард. Ин радиоҳо бо барномаҳои наву ҷолиб зуд байни мардум маҳбуб гаштанд ва аз зангҳои телефонии барномаҳояшон маълум мешавад, ки дар ноҳияҳои Шаҳристон, Зафаробод ва Мастчоҳ низ шунаванда доранд. Дар шаҳри Хуҷанд якчанд радио ва телевизионҳои хусусӣ фаъолият доранд, аммо мавҷи аксарияти ин шабакаҳо ба ноҳияҳои дурдаст дастрас нест. Ҳатто, телевизиони вилояти Суғдро дар аксарияти деҳаҳои вилоят тамошо кардан ғайриимкон аст.

Бо вуҷуди он, ки дар чанд ноҳияи наздисарҳадӣ шабакаҳои радиоӣ ба монанди “Садои Панҷакент” (2012), “Диёр” дар ноҳияи Ашт (2012), “Радиои Исфара” (2013) таъсис дода шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам фазои иттилоотии вилояти Суғдро мавҷҳои пуриқтидори шабакаҳои телевизион ва радиои кишварҳои ҳамсоя иҳота кардаанд. Дар ноҳияҳои Айниву Куҳистони Мастчоҳ радиоҳои мустақил вуҷуд надоранд.

Аз баҳсу баррасиҳо дар воситаҳои ахбори омма маълум мешавад, ки фазои иттилоотии ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистонро шабакаҳои ғайритоҷикӣ иҳота кардаанд. Масалан, дар Суғд шабакаҳои қирғизиву ӯзбекӣ, дар Хатлон ӯзбекиву афғонӣ. Аммо, дар Бадахшон чӣ гуна бошад, мо хабар надароем. Ин мушкилии ҷиддӣ аз зери назари Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дур намондааст. Президенти кишвар санаи 21-уми январи соли 2016 ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба «Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016» оид ба ин масъала қайд карда буданд, ки «бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда масъалаи фарогирии аҳолии мамлакат бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Дар бисёр манотиқи кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мардум аз тамошои телевизиону шунидани барномаҳои радио маҳруманд. Ин мушкилот боиси нигаронӣ буда, масъулон вазифадоранд, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин камбудӣ ва таъмини фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои радио ва телевизион тадбирҳои иловагӣ андешанд ва доир ба корҳои анҷомшуда ҳар се моҳ ба Ҳукумат гузориш манзур намоянд».

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъди таъкиди Пешвои миллат доир ба фарогирии аҳолии кишвар бо барномаҳои тамошобобу шунидании телевизион ва радио, ҳанӯз ҳам ин мушкилот ҳалли худро наёфтааст. То ҳол ягон барномаи телевизиони тоҷикӣ маҳбубият пайдо накардаву мардум ба ҷойи ровиҳои хушзабону касбии тоҷикзабон, даҳҳо ровию журналистони хориҷиро мешиносанду тамошо мекунанд.

Тамошои пайвастаи телевизионҳои ғайритоҷикӣ боиси он шудааст, ки мардум ҳатто аз нуқтаҳои дискфурӯшӣ пайваста дискҳои сарояндаҳои хориҷӣ, филмҳои хориҷӣ (асосан ӯзбекӣ) харидорӣ мекунанд. Дар телевизионҳои умумиҷумҳуриявии Тоҷикистон суруду таронаҳои сарояндаҳои муваффақи кишвар пахш намешаванд. Филмҳои тоҷикиро намебинем. («Тоҷикфилм» ҳам бояд инкишоф ёбад). Ин аст, ки мардум ягон актёри тоҷикро низ намешиносанд. Ҳатто баъзе тоҷикфилмҳои замони шӯравӣ омодашударо то ҳол бо забони русӣ нишон медиҳанд. Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” низ қариб аксарияти филмҳои тасвириву бачагонаро бо забони русӣ пахш мекунад. Аз телевизионҳои давлатӣ, ки мавҷашон бо сифати аъло набошад ҳам, ба қисми зиёди кишвар паҳн мешавад, ягонтои онҳо барномаи фароғатии маҳбуб надоранд. Ин ҷиҳати масъаларо ба назар гирифта, Президенти кишвар дар идомаи суханронии худ ҳамчунин таъкид кардаанд, ки «ҳоло ҳам сатҳи пасти касбияти рӯзноманигорони телевизион ва радио ба назар мерасад».

Фазои иттилоотӣ барои ҳар як фард дар коркард кардани андешаҳо ва интихоби ин ё он тасмиму қарорҳо сабаб мешавад. Ба ақидаи муҳаққиқ Е. Прохоров, «фазои иттилоотӣ боиси он мегардад, ки ҳар кас мавқеъ ва вокуниши худро нисбат ба ҳаёти минтақа, кишвар ва ҷаҳон муайян намояд». Пас, Тоҷикистон низ бояд як фазои иттилоотии пуриқтидори миллӣ дошта бошад, то ин ки ин фазо дар баробари фазои иттилоотии дигар кишварҳо сипари иттилоотӣ бошад ва амнияти иттилоотиро дар кишвар ҳамеша нигаҳ дорад. Зеро амнияти иттилоотӣ — ин амнияти сиёсист. Барои соҳиб шудан ба чунин як фазои иттилоотии муқтадир бояд пеш аз ҳама Кумитаи телевизион ва радиои кишвар, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистон ва ҳамаи ниҳодҳои салоҳиятдор тадбирҳои зарурӣ андешанд. Аз ҷумла:

А). Баробари пахши босифати телевизион ва радиоҳои умумиҷумҳуриявӣ бояд дар таъсиси шабакаҳои телевизион ва радиоҳои хусусӣ низ аҳамияти хоса зоҳир карда шавад. Имрӯз шумораи соҳибкороне, ки хоҳиши таъсиси шабакаҳои радиову телевизионро доранд, кам нестанд. Дар саҳифаҳои интернетиву ВАО дидан мумкин, ки баъзе аз нафароне, ки мехоҳанд шабакаи телевизионӣ ва радио таъсис диҳанд, аз кашолкории масъулин барои додани иҷозатнома нигаронӣ мекунанд. Ин тавр набояд бошад. Ҳар касе иқдоми таъсиси шабакаҳои хусусии телевизиону радиоро дорад, бояд ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ин нафаронро саривақт дастгирӣ намоянд, дар омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ кӯмак кунанд. Барои ҳар нафаре, ки дар ин лаҳзаҳо ба пурра кардани фазоии иттилоотии кишвар саҳм гузоштан мехоҳад, бигзор дар супоридани андозҳо сабукӣ пешниҳод шавад.

Б). Ба ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, новобаста аз он, ки давлатианд ё ғайридавлатӣ, имконият фароҳам оварда шавад, то аз дастгоҳҳои муосир ва пуриқтидори мавҷпаҳнкунанда истифода баранд ва ҳамаи расонаҳои кишвар бояд пеш аз ҳама идеологияи болои миллиро тарғиб намоянд.

В). Дар ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадӣ антенаҳои мавҷпахшкунанда гузошта шавад. Ин боиси он мешавад, ки мардум ба шабакаҳои телевизион ва радиои тоҷикӣ бе ягон мушкилӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Г). Сифати барномаҳо бо ҷалби беҳтарин рӯзноманигорон боло бурда шавад. Агар барномаҳои хуб ва мувофиқи завқи ҷомеа омодаву пахш шавад, ҳатман мардум он барномаро мухлисӣ мекунанд.

Ғ). Ба хотири ҳавсмандкунии журналистон ва кори пурмаҳсули расонаҳо дар кишвар ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин рӯзноманигор», «Беҳтарин телевизион», «Беҳтарин радио», «Беҳтарин барномаи радиоӣ (телевизионӣ)» ва ғайра таъсис дода шавад. Чуноне ки дар вилояти Суғд тӯли чанд соли охир байни рӯзноманигорон озмуни «Хомаи созанда» гузаронида мешавад ва то андозае натиҷаи хубе барои пурра кардани фазои иттилоотӣ ба бор оварда истодааст. Ва ғайра.

Фазои пуриқтидори иттилоотӣ низ яке аз сабабҳои пешрафти кишвар аст. Муҳаққиқи амрикоӣ Эверетт Деннис чунин андеша дорад, ки “журналистон як қисми элита мебошанд. Соҳибмаълумотанд, озодандешанд ва дар мушаххассозии мавқеи сиёсӣ фаъолтарин касонанд. Маҳз онҳо дар шаклгирии фазои иттилоотӣ нақш доранд, ки ин имконро дигар қишрҳои элита хеле кам дар ихтиёр доранд”.

Пас, ҳар як журналисти кишвар оид ба ин масъала бояд бетараф набошад ва бо матлабҳову баррасиҳо дар ВАО баромад намуда, барои ташкил ва шаклгирии фазои ягонаву пуриқтидори иттилоотии кишвар саҳмгузор гардад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/sijosat/14433-ba-to-ikiston-sipari-ittiloot-zarur-ast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *