Пирзода: Дар Кумитаи ТВ ва радио “рӯйхати сиёҳ” нест

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода гуфт, “рӯйхати сиёҳ”-е, ки ба қавли баъзеҳо, гӯё дар Кумита мавҷуд аст ва на ҳама журналистон метавонанд дар ин макон фаъолият намоянд, дар асл нест.

Номбурда, имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш, ки ӯ бо хондани ҳисоботи шашмоҳаи Кумитаи ТВ ва радио давоми 1 соат рекорд гузошт, баён намуд: “Дар мо ягон руйхати сиёҳ нест ва ҳама журналистони боистеъдод метавонанд бо гузаштани санҷиш ва малакаи касбӣ ба Кумита ба кор биёянд”.

Пирзода вобаста ба нуктаи назари директори киботхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков дар саҳифаи фейсбукиаш, ки гӯё раиси Кумитаи ТВ ва радио Пирзода аксу овози ӯро дар телевизиони давлатии Тоҷикистон манъ кардааст, қотеъона рад намуд ва бори дигар таъкид кард, ки дар телевизион ягон руйхати сиёҳ нест. “Ҳар кас дар шабакаҳои интернетӣ метавонад, чизе хоҳад нависад, ин ба он маъно нест, ки ӯ дуруст мегӯяд” – иддао кард Пирзода.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14431-pirzoda-dar-kumitai-tv-va-radio-r-jkhati-sijo-nest.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *