Мавҷи ТВ-ҳои Тоҷикистон кай дар Ширкент пайдо мешавад? ВИДЕО

Деҳаи Ширкенти Тоҷикистон ҳамагӣ чанд километр дуртар аз марзи Узбакистон воқеъ аст. Сокинони ин рустои ноҳияи Турсунзода солҳо боз бе барномаи телевизионҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Зуҳриддин, омӯзгори мактаб, ҳафтаи равон дар сӯҳбат бо хабарнигорони мо гуфт, ки чандин бор антеннаҳои гуногун харид, вале ҳатто беҳтарини онҳо телевизиони Тоҷикистонро танҳо рӯзона намоиш медиҳад.

Баъзе сокинони русто, ки мавҷпароканҳои моҳвораӣ доранд, мегӯянд, сифати пахши барномаҳо дар инҷо хуб нест. Сокини маҳаллӣ Абдунабӣ умедвор аст, ки ин мушкилро ниҳоят мақомот ҳал мекунанд. Чунки, ба қавли ӯ, аз вуҷуди он хабар доранд.

Дар наздикии ин русто аллакай “ретранслятор” насб шудааст. Аммо мавҷи он заиф буда, зуд-зуд аз кор мебарояд.

Дар хоани Абдунабӣ рӯзҳои софу беғубор садои чанд шабакаи телевизиони Тоҷикистонро шунидан мумкин аст, аммо тасвир пайдо намешавад. Мардум дар русто ба ҷуз аз тамошои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ тариқи антеннаҳои моҳвораӣ тақрибан ҳеҷ саргармие надоранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аз нигоҳи коршиносон чунин интихоби шаҳрвандон ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон хатар дорад. Сокинони наздимарзӣ иттилоъро аз расонаҳои ҳамсоя ва дар шакли ба онҳо мувофиқ дастрас мекунанд.

Таҳлилгарон барои ҳалли ин мушкил пешниҳод доранд, ки шабакаҳои нави мустақили телевизионӣ ташкил ва мизони маҳбубияти онҳо пайгирӣ шавад. Ҳамчунин, ҳукумат бояд ба сифати пахши барномаҳо таваҷҷӯҳ кунад. Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2006 дар Женева вазифадор шуда буд, ки то соли 2015 комилан ба пахши рақамии телевизионҳо бигузарад. Вале ин барномаи давлатӣ то соли 2020 ба таъхир афтодааст.

https://www.ozodi.org/a/28617791.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *