Дирӯз 7 нафар хабарнигорони расонаҳои мухталиф дар шаҳри Қурғонтеппа дар вебинар ширкати фаъол дошта, гуфтанд, ки вебинарҳое, ки баргузор мешавад барои рушди журналистикаи онлайни дар Хатлон муҳим ва зарурӣ мебошад.
Вебинаре, ки бо ширкати хабарнигорони зиёде онлайнӣ дар мавзуи «Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ» дирӯз 28 март соати 16:00 баргузор шуд хабарнигорони ҷавон аз шаҳри Қурғонтеппа ширкати фаъол доштанд.
Амонҷон Махкамов, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж», Умед Мирзоев, хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон», Баҳодур Уроқов, хабарнигори ҳафтаномаи «СССР», Орзуи Карим, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Амонҷон Муҳиддинов ва Нуриддин Асоев, хабарнигорони мустақил дар вилояти Хатлон дар вебинар ширкати фаъол доштаанд.
Вебинар ройгн баргузор шуда, дар он инчунин Аҳлиддин Салимов, хабарнигор ва журналисти чанрасонаӣ ба суолҳои хабарнигорони дар шаҳри Қурғонтеппа буда низ посух дод.
Дар маркази вилояти Хатлон журналистони ҷавон дар таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои онлайнӣ, чанрасонаи ва сабти видео ва видео баъди давраҳои омӯзиши муваффақ шудаанд, ки ҳоло ба унвони хабарнигорони олайнӣ ва чанрасонаӣ аз онҳо ном мебаранд.
Сайраҳмон Назриев, Зокири Ҳасан, Умед Мирзоев ва дигар хабарнигорон ҳоло бо расонаҳои мухталиф дар таҳияи гузоришҳои чанрасонаӣ шартномаҳои корӣ доранд ва ин жарни наври журналистикаро пешниҳоди хонандагон месозанд.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ