Дар ноҳияи Восеъ, дар мактабе, ки рузноманигор Шариф Мисайзод таҳсил кардааст, хишти аввали бунёди «Китобхонаи ба номи Шарифхон Мисайзод» гузошта шуд.
Ин кори хайр бо ташаббуси ҳафтаномаи СССР, дастгирии раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғаффурзода ва талоши соҳибкори маҳаллӣ Шариф Миров амалӣ карда мешавад.
Пеш аз ин иқдом ба ёди ин рӯзноманигор митинги тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Мӯсо Ғаффурзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи СССР Сайёфи Мизроб ва дигар дӯстони ин хонадон, аз хидматҳои пурарзиши журналист ва шоир Шарифи Мисайзод қиссаҳо карданд. Шарифи Мисайзод то охири умр дар радиои Садои Душанбе фаъолият кардааст ва навиштаҳояш пайваста дар нашрияҳои даврӣ чоп шудаанд.
Ҳамзамон ба хотири ёдбуди шоир ва журналист Шарифи Мисайзод, дар деҳаи Пушёни Поёни Восеъ базми калони наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 30 кӯдак аз хонаводаи камбизоат хатнасур гардидаву ба ишон тӯҳфаҳои соҳибкор Шариф Миров тақдим карда шуд.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13521-kitobkhona-ba-nomi-zhurnalist.html