Раёсати «Тоҷпромбонк» ба маводи хабарнигори Faraj.tj Ҷамила Мирбозхонова бо номи «Умеди кормандони «Тоҷпромбонк»: «Кока-Кола» маошашонро зиёд мекунад», ки рӯзи 2-юми октябр дар сомонаи Faraj.tj пахш шуда буд, ҷавоб навиштааст, ки дар зер мӯҳтавои онро меорем:
«Музди меҳнати кормандони Бонк дар асоси моддаи 101 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муайян карда мешавад. Андози музди меҳнатро бо мувофиқа байни корманд ва корфармо муқаррар менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Бонк музди маоши миёнаи кормандонашро давра ба давра аз оғози фаъолият то ба имрӯз баланд бардошта омада истодааст. Масъалаи музкур ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Бонк қарор дошта, тибқи нақша ҳар сол баррасӣ карда мешавад.
Ҳамзамон дар мақолаи мазкур дарҷ гардидааст, ки гӯё «рухсатии меҳнатӣ ва декрети кормандонашон бе музд аст, ки қаблан низ дар ин робита шикоят карда буданд».
Тибқи талаботи моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як корманде, ки барои кор ба ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» қабул мешавад, шартнома оиди қабули корманд имзо намуда, баьдан ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Мувофиқи моддаи 84 Кодекси мазкур ба кормандон рухсатиҳои меҳнати ҳарсолаи пардохшаванда, рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин, рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, рухсати барои нигоҳбини тифл, инчунин, рухсатиҳои бе музди меҳнат дода мешавад.
Рухсати давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва барои нигоҳбини тифл аз ҳисоби фонди ҳифзи иҷтимоӣ сари вақт ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда пардохт карда мешаванд.
Ваҷҳи дигари мақола дар хусуси он, ки Раиси Раёсати Бонк Зиёев Ҷ.А ҳамзамон Раиси корхонаи истеҳсолии «Кока-Кола» дар шаҳри Душанбе мебошад, хушку холӣ ва беасос буда, боя гон далели боэътимод тасдиқ карда нашудааст.
Дар ҳақиқат дар шаҳри Душанбе як корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокии ташнашикани ҶДММ «ТПБ АКВА» бо маблағҳои қарзии ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» сохта ва ба истифода дорда шуд, аммо он мустақил буда, ба ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» алоқамандӣ надорад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои дарҷгардида, ваҷҳҳое, ки дар мақолаи мазкур оварда шудаанд, тасдиқи худро наёфта, ба воқеияти кор мувофиқат намекунанд, муаллифи он Ҷамила Мирбозхонова масъаларо пурра ва ҳаматарафа мавриди омӯзиш, таҳлил ва санҷиш қарор надода, ба ин масъала аз рӯи нақли (гуфтаҳои) сарчашма шубҳа дорад, ки ин ба андешаи мо, назари шахсии хабарнигор мебошад.
Ҳамзамон, ба маьлумоти мӯҳтарама Ҷамила Мирбозхонова расонидаем, ки паҳн намудани маьлумотҳои тасдиқнашуда ва хушку холӣ шаьну эътибор ва обрӯи кори шахсро коста гардонида, тибқи сархати 3 қисми 2 моддаи 1115 Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун расонидани зарари маънавӣ шуда, боиси муроҷиат ба суд мегардад.
Раиси Раёсат: Зиёев Ҷ.А.
http://faraj.tj/news/11267-to1207prombonk-koka-kola-az-mo-nest.html