Маҷлиси намояндагон узвияти се нафар аз аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро пеш аз мӯҳлат қатъ кард.
Палатаи поёнии Парлумони кишвар 28-уми октябр дар дар ҷаласаи навбатии худ узвияти Акбари Саттор, Ҷалолиддини Маҳмуд ва Вера Наимоваро бо пешниҳоди Президент аз узвияти КМИР хориҷ намуд.
Дархости қатъ кардани узвияти ин се нафар аз узвияти КМИР-ро як ҳафта Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буд.
Ҷалолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ (ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон), ки узви КМИР буд, 10-уми феврали 2015 аз ҷониби мақомот бо ҷурми нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуда буд. Моҳи июли соли равон бо ҳукми суд барои 5 сол равонаи зиндон гардид.
Инчунин, узви дигар КМИР журналист Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистон 28-уми августи соли равон дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт.
Узвияти Вера Наимова бо сабаби дар хориҷ истиқоматро ихтиёр карданаш аз узвияти КМИР қатъ шудааст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/kati-vakolati-akbar-sattor-va-chaloliddini-makhmud