Тоҷикистон маълумоти корбарони Интернетро ба дигарон медиҳад?

Вакилони порлумони Тоҷикистон санадеро тасвиб карданд, ки табодули иттилоъ дар бораи корбарони Интернет бо кишварҳои дигарро иҷоза медиҳад. Протокол дар бораи ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) рӯзи 5 октябр дар нишасти Маҷлиси намояндагон тасвиб шуд.

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳангоми муаррифии санад аз вакилон хост, ки онро тасвиб кунанд, чун ба гуфтаи ӯ барои таъмини амнияти Тоҷикистон муҳим аст. «Пешгирӣ аз амалҳои тахрибкорона бо истифода аз Интернет аз мақсадҳои ин протокол ба шумор меравад», — афзуд ӯ. ​

Протоколи ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикиро соли 2014 намояндагони Тоҷикистону Русия, Қазоқистону Қирғизистон, Беларус ва Арманистон дар Маскав имзо карданд. Вакилон гуфтанд, санад заминаҳои ҳамкории хадамоти ҷосусии кишварҳои узвро барои табодули иттилоъ фароҳам мекунад.

Мақомот мегӯянд, аз оғози сол ба туфайли назорати гуфтугӯву суҳбатҳо дар интернет аз 8 амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд. ​Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар ниҳодҳои амнияти миллии Додситонии кулл, 16 сентябр ба Озодӣ гуфта буд, барои ин кор маҷбур шудаанд, матолиби шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ карда, почта ва Вайберу Мессенҷерҳоро санҷидаанд.​

Дар солҳои гузашта дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар водии Рашту Бадахшон алоқаи телефонӣ ва Интернет ба ин минтақаҳо қатъ шуда ва Фейсбук, Ютюб, Одноклассники ва торнамоҳои Озодӣ, Озодагон, Азия-Плюс масдуд шуда буданд. Аввали соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон эълон кард, ки қасд дорад, Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризмро таъсис диҳад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо Интернет ва бахусус шабакаҳои иҷтимоиро дар паҳн кардани ғояҳои ифротӣ муттаҳам карда ва хостори назорати ҷиддӣ бар шабакаҳои Интернет шуда буданд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар дар рӯзи 21 январи соли ҷорӣ гуфт, «тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд.»

Аммо мунтақидон мегӯянд, мақомот метавонанд, бо баҳонаи мубориза бо экстремизм иттилоъ дар бораи дигарандешонро низ ба якдигар бидиҳанд. Порлумони Аврупо низ зимни як қатънома дар моҳи июни имсол аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, то мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифони давлат, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи бунёдии мардум дар кишвар эҳтиром гузорад.

http://www.ozodi.org/a/28033147.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *