Ҳамоиши рассомони маҷаллаи «Хорпуштак» (АКС)

Имрӯз дар назди бинои “Шарқи озод” ҳамоиши васеи рассомони маҷаллаи “Хорпуштак” доир гашт.

Муҳтаво ва мақсади ин чорабиниро саррасоми маҷаллаи мазкур Хайрулло Давлатов ба маърази тамошо гузоштани маҳсули эҷодии ҳайати маҷаллаи “Хорпуштак” баён намуд.

Аҳли қалами маҷаллаи “Хорпуштак” дар ин ҳамоиш маҳсули эҷодии худро, ки аз тасвирҳои гуногун иборат буданд, ба маърази тамошо гузоштанд ва инчунин бо иштироки таълимгирандагони Коллеҷи рассомӣ Хайрулло Давлатов дарси “устод бо шогирд” баргузор шуд.

Дар бахши дарси “устод бо шогирд” саррассоми маҷаллаи “Хорпуштак” ба омӯзандагони касби рассомӣ аз нозукӣ ва паҳлуҳои гуногуни ин соҳа сухан гуфт.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11974-amoishi-rassomoni-ma-allai-khorpushtak.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *