Ширкати “Telia Sonera” бо пахши як изҳорот таъкид кардааст, ки бо дастури ҳукумати Тоҷикистон 90 сомонаҳои интернетӣ, бо шумули шабкаҳои иҷтимоиро масдуд кардааст.
Ин ширкат, ки шаст дардсади саҳмияҳои «Tcell»-калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, мегӯяд, сиёсати ин ширкат дар ҳар кишваре дахолат ва шаҳру изҳороти сиёсиро пешбинӣ намекунад, вале бар асоси 10 принсипи таъмини озодии баёну мухобирот дар мавриди амалҳое, ки мухолифи ин даҳ принспип мебошанд, гузориш нашр кунад:»Дар доираи яке аз 10 принсипи фаъолияти “Telia Sonera”, ки таъмини озодии баёну мухобирот мебошад, ширкат мунтазам дар мавриди амалҳое, ки метавонанд барои озодии баён пайомадҳои манфӣ дошта бошанд, гузориш медиҳад”.
Бар асоси ин гузориши “Telia Sonera” дархост ва дастурҳои ҳукумати Тоҷикистон барои бастани сомонаҳо аксаран ҳадафҳои қонунӣ доранд, аммо дар бархе ҳолатҳо мушкилот ба бор меоваранд, зеро мухолифи ҳуқуқҳои дигари инсонӣ мебошанд. Ин ширкат тазаккур медиҳад: “Бо гузашти вақт ба ин феҳраст сомонаҳои нав ворид мешуданду бархеи дигар дубора дастрас мегардиданд”. Ин ширкат иттилоъ додааст, ки теъдоди сомонаҳои басташуда дар тобистони имсол дар Тоҷикистон беш аз 90 ададро ташкил дод ва дар ҳафтаҳои ахир, яъне 2 ноябри соли ҷорӣ «Tcell» бо гирифтани дастури нав аз мақомоти тоҷик шабакаҳои иҷтимоии vk.com, facebook.com, ok.ru ва odnoklassniki.ru масдуд кард.
http://www.pressa.tj/article/teliasonera-meguyad-bo-dasturi-khukumat-90-saytro-masdud-karda-bud