Ширкати “Telia Sonera”, молики ширкати мобилии “Tcel” дар Тоҷикистон асрори сайтбандиҳо дар Тоҷикистонро ифшо кардааст, ки бо супориши мақомот маҳдуд карда мешаванд.
16-уми ноябр ширкати мазкур бо пахши як изҳорот дар сомонааш гуфтааст, ки ба озодии баёну мухобирот арҷ мегузоранд, аммо баёнияҳои сиёсӣ намедиҳанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ба сиёсати дохилии кишварҳои мизбон дахолат намекунанд, аммо ширкат дар бораи амалҳое, ки барои озодии баён хатарборанд, гузориш медиҳад.
Тибқи гузориши “Telia Sonera” бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон даҳҳо сомонаро маҳдуд кардаанд, ки аксари талабҳо қонунӣ мебошанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар тобистони соли равон шумораи сомонаҳои масдудшуда ба 90 адад мерасид. Аз моҳи ноябри соли равон сомонаҳои vk.com, facebook.com, ok.ru ва odnoklassniki.ru зам шудааст.
Ширкати мазкур дар ҳоле ин гузоришро расонаи мекунад, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” иҷозат медиҳад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ниҳодҳо қудратӣ ҳақ доранд дастрасӣ ба алоқа ва интернет дар тамоми қаламрави кишвар ё минтақаеро масдуд намоянд. Ҳоло ин тарҳ дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад.
Бори нахуст аст, ки як молики як ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар бораи “сиёсати сайтбандӣ” дар кишвар изҳорот медиҳад. Аммо Хадамоти алоқаи кишвар бештар вақт дар шарҳи сабаби масдуд кардани сомонаҳо худдорӣ мекард. Ягона сабаби масдудияти сомонаҳоро “гузарондани корҳои профлактикӣ” мегуфтанд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/shirkati-telia-sonera-dar-borai-saytbandikho-i-khukumati-tochikiston