Мурофиаи судии Ҳасан Шокирзода, собиқ рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон» бо корхонаи «Обу корези Душанбе», ки 8 сентябр пас аз як ҳафтаи танаффус аз сар гирифта шуд, бо ба ташхиси забоншиносӣ фиристодани мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” ба поён расид.
Абдураҳмон Шарифов, адвокати Ҳасан Шокирзода гуфтааст,ки «бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҷониби Идораи “Обу корез” – и шаҳри Душанбе истифодаи калимаи “хар” дар сарлавҳаи мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?”- ро нисбат ба худ таҳқир медонад, суд ба ин натиҷа расид, ки он барои ташхиси забоншиносӣ фиристода шавад». Аз ҳамин сабаб мурофиаи судӣ дар ин баҳс то 17 сентябр мавқуф гузошта шуд.