Акбари Сатторро ёд карданд Шарифи Ҳамдампур :»Мортеппа» «Акбаробод» номгузорӣ шавад

Рўзноманигорони тоҷик дар Рӯзи ҷаҳонии ҳамдилии журналистон маҳфили ёдбуди Акбари Сатторро  доир намуданд. Дар ин ҷамъомад, ки дар толори Маҷмааи табъу нашр — «Шарқи Озод» ҷараён гирифт гирифт, барои поси хотири марҳум Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон пешниҳод шуд, як кӯча дар Душанбе ва мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи ӯ гузошта шаванду нимпайкарааш бунёд гардад. Сайёфи Мизроб пешниҳод кард, ҷоизаи ба номи Акбари Саттор таъсис шуда, дар як сол як маротиба тақдим гардад. Ӯ инчунин хостори ба унвони Рӯзи ҳамдилии журналистони тоҷик пазируфтани 28 август шуд. Санае, ки Акбари Саттор даргузашт. Журналист Шарифи Ҳамдампур даъват кард, деҳаи Мортеппа — зодгоҳи Акбари Саттор — “Акбаробод” номгузорӣ шавад.

Ин пешниҳодҳо барои поси хотири Акбари Саттор, раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба хотири он буд, ки дили ин марди нексиришт рӯзи 28 август тақрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз монда буд. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп оварда буд. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чархи гардун» буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.

 

http://pressa.tj/article/%D0%B0%D0%BA%D0%B1%D0%B0%D1%80%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D1%82%D1%82%D0%BE%D1%80%D1%80%D0%BE-%D1%91%D0%B4-%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%B0%D0%BD%D0%B4-%D1%88%D0%B0%D1%80%D0%B8%D1%84%D0%B8-%D2%B3%D0%B0%D0%BC%D0%B4%D0%B0%D0%BC%D0%BF%D1%83%D1%80-%D0%BC%D0%BE%D1%80%D1%82%D0%B5%D0%BF%D0%BF%D0%B0-%D0%B0%D0%BA%D0%B1%D0%B0%D1%80%D0%BE%D0%B1%D0%BE%D0%B4-%D0%BD%D0%BE%D0%BC%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D1%88%D0%B0%D0%B2%D0%B0%D0%B4

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *