«Sputnik Тоҷикистон»: Бахши тоҷикии «Россия сегодня» дар Маскав

Бахши тоҷикии хабаргузории «Россия сегодня” бо номи «Sputnik Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба фаъолият оғоз кард.

Масъулини бахши тоҷикии ин расона имрӯз аз фаъолшавии сомонаи Оҷонсии иттилоотии байналмиллалӣ ва радиои Sputnik бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хабар доданд.

Бояд гуфт, ки ин расона пас аз дар Тоҷикистон ба қайд нагирифтани намояндагиаш, ки чанд хабарнигорро дар Душанбе ба кор гирифта буд, ҷавоб дод. 4-уми феврал Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистондар нишасти хабариаш дар бораи сабти ном накардани ин расона гуфта буд, ки ба масъулини ин расона ба чанд суоли онҳо посух надодаанд.

«Россия сегодня” ба ҷуз забони русӣ ба 45 забони дигар дар Аврупо, Осиё, ИДМ, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ пахш мешавад. Маблағгузории ин расона аз буҷаи Федератсияи Русия буда, барои соли 2015 6 миллиарду 48 миллион рубл, ҳудуди 130 миллион доллар ҷудо шудааст.

 

http://faraj.tj/news/12457-sputnik-to1207ikiston-bahshi-to1207ikii-rossiya-segodnya-dar-maskav.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *