Руминия: Даромади калонтарин аз журналистони тадқиқотгар аст

Давлати Руминия ба журналистони тадқиқотгар 2% «ҳаққи қалам» ҷудо кардааст.

Дар ин бора сомонаи «Политолог» хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар Руминия ҳар журналисти тадқиқотгар ва ё ВАО, ки барои ошкор сохтани порахӯрӣ ё расонидани зарар ба давлат кӯмак мерасонад, 2% -и маблағи ошкор шуда ба онҳо ҷудо дода мешавад.

Ҳукуматдорони ин давлат фонди махсус барои тадқиқотгарон таъсис додаанд.

Кормандони прокуратураи Руминия бо рӯзноманигорон дар ҳамкорӣ барои ошкорсозии камбудиҳо камар бастаанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳа ба он андешаанд, ки дар Тоҷикистон ба матлабҳои тадқиқотӣ кам аҳмият дода, масъулин баҳри ошкорсозии камбудиҳо матлабҳои журналистони ватаниро истифода намебаранд.

Аввалин Маркази тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон, ҳанӯз 23-феврали соли 2006 таъсис ёфта буд.

 

http://faraj.tj/news/12463-ruminiya-daromadi-kalontarin-az-zhurnalistoni-tad1179i1179tgar-ast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *