ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ. ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ ОНҲОРО БОЯД ДОНИСТ

Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки вақтгузаронии аз ҳад зиёд дар шабакаҳои интернетӣ, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ ба рушди равонӣ ва ҷисмонии кӯдакону наврасон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Масалан, кӯдаконе, ки дар як рӯз 1 соат аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, хушҳолии онҳо 14 дарсад коҳиш меёбад.

Мутаассифона, аксари ҷавонони имрӯза ба ҷои рӯй овардан ба китоб ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардаанд. Шабакаҳои Facebook, Instagram, Snapchat, Viber, Odnoklassniki, VK  аз шабакаҳои маъруфтарин миёни омма ба шумор мераванд.

Мутахассисони Донишгоҳи Шефилди Англия миёни 4000 нав-раси аз 10 то 15 — сола пурсиш гузаронда, ба хулосае омаданд, ки ҳар чӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақт гузаронад, ҳамон қадар нишоти зиндагии кӯдаконро камтар мекунад. Муҳаққиқон иброз медоранд, ки миёни наврасон аз ҳама бештар духтарон гирифтори чунин зуҳуроти манфианд.

Равоншинос Фароғат Азизова, мегӯяд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли Facеbook, Twitter ва дигар барномаҳои интернетӣ Viber, WhatsApp, IMO ё дигар месcенҷерҳо, ки имрӯз ба як виситаи муошират табдил ёфтааст, инсонҳоро аз ҳаёти воқеӣ дур кардааст. Ҷавононе, ки дар як рӯз тақрибан 15 соат вақти худро дар ин шабакаҳо мегузаронанд, ниҳоят хотира ва қобилияти эҷодиашонро аз даст медиҳанд.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар кишвар шумораи истифодабарандагони  интернет зиёда аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Маҳмадшарифи Рамазон, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии  Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, мегӯяд, ки аз пушти Viber қариб буд, ки аз донишгоҳ хориҷ шавам. Шабу рӯзам дар ин шабака мегузашт. Барои истифодаи интернет моҳе то 100 сомонӣ сарф мекардам, ки ба буҷети оилаам таъсир расонд. Се  моҳ мешавад, ки аз истифодаи он даст кашидаам. Дар вақти истифодабарии он на вақти китобхонӣ меёфтаму на корҳоямро дар вақташ иҷро  мекардам.  Аз рӯзе, ки аз ин барномаҳо дур шудам, дарсҳоямро дар вақташ мехонам ва супоришҳои устодонамро низ пеш аз муҳлат иҷро мекунам. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ хуб аст, аммо фарҳанги истифодабарии онро бояд донем.

Дар шароити имрӯза имкони ба пуррагӣ маҳдуд кардани сомонаҳои интернетӣ имкон надорад, чунки садҳо барномаҳои қулфшикан вуҷуд дорад, ки ҷавонону наврасон бо истифодаи онҳо сомонаҳои басташударо рахна карда метавонанд. Бинобар ин, барои бартараф шудани мушкили ҷойдошта бояд ҷавонон аз фарҳанги дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ кор бигиранд.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=29585

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *