Номаи нави Маҳдӣ Собир ба вазир

Рӯзноманигори тоҷик, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Маҳдӣ Собир, ки чанде пеш ба унвони вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон нома навишта, аз пора талаб намудани корманди маркази иттилооти ВКД шикоят карда буд, инак, номаи дигаре навишта, гуфтааст, ки он нафар дар ВКД кор намекардааст ва тамаъкоре будааст.

Дар матни номаи нави Маҳдӣ Собир омадааст:

«Муҳтарам, Вазир! Дар номае, ки рӯзи 8 моҳи июни соли 2017 ба Шумо навишта будам, баъзе хатохо рафтааст. Зеро ҳоло дар ҷумҳурӣ нафароне ҳастанд, ки ба корманди милитсия ҳеҷ алоқае надоранд, аммо онҳо худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, барои иҷрои ин ё он кор аз шаҳрвандон маблағ талаб менамоянд. Айнан дар номаи навиштаи ман ҳам чунин хато рафтааст. Шахси ношинос худро корманди милиса муарифи карда барои гирифтани ду маълумотнома аз ман 300 сомонӣ талаб карда буд. Ман, дар холати бади равонӣ ба Шумо муроҷиат кардам. Хеле хуб аст, ҳамон лаҳза кормандони амнияти дохилаи вазорат аз паи кор шуданд ва маълум шуд, ки он нафари аз ман пул талаб карда корманди милитсия набудааст. Ва дар маркази иттилооти ВКД хам кор намекардааст.

Ҷаноби Вазир! Воқеан бо омадани Шумо милитсияи тоҷик сад фоиз симои худро дигар карда, ба як ниҳоди воқеан миллӣ табдил ёфтааст. Имрӯз мо дар симои онҳо «милитсияи ман — ҳимоятгари ман»-ро мебинем.

Ҷаноби Вазир! Барои сари вақт ба номам расидагӣ кардан ба Шумо миннатдории худро баён мекунам».

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14111-nomai-navi-ma-d-sobir-ba-vazir.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *