Самараддин Асозода сармуҳаррири ҳафтаномаи парлумонии «Садои мардум» таъйин шудааст.
Як манбаъ дар ин хусус хабардода гуфт, Асозода аз вазифаи муовини сармуҳаррири «Ҷумҳурият» ба сармуҳарририи «Садои мардум» таъйин шуд.
Самараддин Асозода қаблан ба ҳайси сармуҳаррири «Ҷавонони Тоҷикистон» солҳои зиёд фаъолият кардааст. Бо дастури президент ӯ аз сармуҳарририи «Ҷавонони Тоҷикистон» озода шуда, муовини сармуҳаррири «Ҷумҳурият» таъйин шуда буд.
http://www.pressa.tj/article/samaraddin-asozoda-sarmukharriri-sadoi-mardum-tayin-shud