Инак, пас аз шаш моҳ боз нишастхои матбуотӣ оғоз гардидаву идома доранд. Ин барои журналистони тоҷик қариб ки ягона роҳи ба саволҳои худ посух гирифтан аз мансабдорон аст. Чун вазирони мо он қадар дастрас нестанд ва ҳангоми савол пайдо шудан низ ба истиснои чунин нишастҳо имкони пайдо кардани онҳо қариб ки ғайриимкон аст. Ба гуфтаи бархе аз журналистон, ҳатто дар ҳамин нишастҳо ҳам роҳбарони ниҳодҳо бо қироат кардани пресс-релиз вақти муайяншударо мегузаронанду вақти пеш омадани саволҳои асосӣ мегӯянд, ки «вақт тамом шудааст, саволи боқимондаатонро метавонед дар дархост навишта, ба вазорати мо фиристед, мо баъд аз як ҳафта ба шумо ҷавоб мегардонем». Журналистон шикоят мекунанд, ки бархе аз вазирони мо ба саволҳои рӯзномангорон ҷавоби дақиқ намедиҳанд ва ҳатто баъзеашон бо онҳо дағалона муносибат мекунанд.
Сарвиноз Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки нишастҳои имсола аз нишастҳои солҳои пеш тафовут доранд. Ӯ мегӯяд, ки роҳбарон протоколист шудаанд: «Аслан, ҳангоми нишастҳои матбуотӣ муносибати вазирон ва раҳбарони идораҳо маъмулан ва зоҳиран хуб аст, онҳо ҳам талош мекунанд бо як ҳарфи хуб ба қавле ҷони худро аз дасти хабарнигорон халос кунанд. Вале муносибати хуб бошаду журналист ба суолаш посух наёбад, ин бефоида аст».
Алишер Зарипов, хабарнигори «Озодагон» мегӯяд, ки ба саволҳо ҷавоб додани роҳбарони ниҳодҳо аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш, хоҳиш ва ҷасорати раисону вазирон вобастагӣ дорад: «Дар маҷмӯъ, раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ зимни нишастҳои хабариашон то ҷое кӯшиш мекунанд посухҳои қонеъкунанда диҳанд. Барои он, ки онҳо посухи дақиқ диҳанд, тарзи масъалагузорӣ ва ё саволгузории журналист ҳам муҳим аст. Дар чанд нишасти хабарии 6-моҳаи охири соли 2015, ки ҳоло идома доранд, ширкат доштам ва ба саволҳои худ посух ҳам гирифтам. Танҳо дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио раҳбари ин ниҳод Маҳмадсаид Пирзода аз посух додан ба як саволи ман худдорӣ намуд. Ҳоло нишастҳои хабарӣ идома доранд ва умедворам, ки мо ба савоҳои худ посух хоҳем гирифт».
Аммо бархе аз журналистон мегӯянд, ки дар нишастҳо роҳбарон аслан ҷавобҳои қонеъкунанда намедиханд. Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори Avesta.tj мегӯяд, ки нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм хуб гузашт: «Гумон мекунам, ки вазир ба саволҳои хабарнигорон посухи мушаххас дод. Ман дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ иштирок доштам, аммо ҷавобҳои роҳбарияти ин ниҳод на он қадар мушаххас буданд. Вақте ки савол дар бораи бекории ҷавонон дар музофотҳо меравад, ӯ дар бораи дигар чорабиниашон гап зад. Кумита мегӯяд, ки имрӯз 34 ҳазору 374 нафар ҷавони бекор дар кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Имрӯз барои ҷавонон як идеяи ягонаи миллӣ лозим аст, ки дар атрофи он гирд оянд».
Инчунин, ӯ зикр намуд, ки баъзе хабарнигорон ҳам нотайёр мераванд, саволҳое медиҳанд, ки мантиқ надорад, яъне аз асли матлаб ноогоҳ ҳастанд.
Хабарнигори Faraj.tj Фазила Яфталиева мегӯяд, ки ҳамагӣ дар ду нишаст иштирок кардааст, яке Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигаре Шӯрои адлия: «Ростӣ, ман дар ду нишаст иштирок кардам. Нишасти Шӯрои адлия буд, ки ҳамаи журналистон ҷамъ шуда буданд, аммо нишаст баргузор нагардид. Нишасти дуюм дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки беҳад хуб гузашт. Ман шахсан ба ҳамаи саволҳоям ҷавоб гирифтам. Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода дар баробари вақти ҷудошуда қариб ним соати дигар бо хабарнигорон сӯҳбат кард. Умуман, аз ин нишаст бо як рӯҳияи баланд берун омадам».
Одили Нозир, хабарнигори нашрияи «Тоҷикистон» мегӯяд, ки «агар аз рӯйи инсоф назар кунем, солҳои охир гузаронидани нишастҳои хабарӣ аз пештара дида демократитар шудааст. Ҳама намояндагони ВАО, чӣ хусусию чӣ давлатӣ, чӣ худиву бегона, чӣ марбуту номарбут ба нишастҳо даъват мешаванд, баъзе вазиру амиру кабир, иштирок мекунанд, баъзеаш муовинонашонро мефиристанд, баъзе нишастҳо намегузаранд, баъзе ниҳодҳо се-чор-панҷ кас дастаҷамъӣ мегузаронанд… Аммо вақт маҳдуд, ба суолҳо умумӣ ҷавоб медодагиҳо ҳам ҳастанд, аз ҷавоб мегурехтагиҳо ҳам, рӯйрост ҷавоб намедодагиҳо ҳам. Дар баъзе нишастҳо журналистон дашном ҳам шуниданд. Ҳа, бархе ним соат ва аз он зиёдтар пресс-релизро пурра қироат мекунанду барои хабарнигорон вақт намемонад, ки суол диҳанд. Умуман, ҳар хел. Аммо нишастҳое ҳам ҳаст, ки дар сатҳи хуб мегузаранд. Масалан нишасти Вазорати маориф ва илм ва Академия улуму Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хеле хуб гузашт».
Ҳоло нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ давом доранд ва мо наметавонем пурра хулоса барорем, зеро чанд нишасти дигар ҳоло баргузор нашудааст. Пас, баъд аз иштирок дар нишастҳои дигар боз хулосаву фикрҳои гуногун пайдо мешаванд.
http://faraj.tj/authorities/12209-nishasti-matbuot1251-megurehtagi1203o-1203am-1203astand.html