Раддабандӣ: Тоҷикистон дар ҷойи 116-ум

Тоҷикистон дар раддабандии нави Индекси озодии матбуоти созмони Хабарнигорони бидуни марз як зина поён рафта, дар мақоми 116-ум ҷой гирифтааст.

Дар раддабандии имсолаи озодии матбуот Тоҷикистон дар байни 180 кишвар дар зинаи 116-ум, дар байни Қатару Мали ва Алҷазоир ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон аз лиҳози озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ танҳо азҚирғизистон, ки дар Индекси озодии матбуот-2015 дар зинаи 88-ум ҷой гирифтааст, ақиб мемонад. Кишварҳои дигари минтақа дар зинаҳои хеле поёнии ин раддабандӣ қарор доранд. Барои мисол, Қазоқистон дар мақоми 160, Ӯзбекистон — 166 ва Туркманистон дар зинаи 178-ум, яъне аз поён дар ҷои сеюм ҷой гирифтаанд.

Гузоришгарони бидуни марз ба ин нукта ҳам таъкид кардаанд, ки дар соли 2014 дар ин кишвар, хушбахтона, ягон журналист ҷон набохтааст. Вале менависанд, ки дар Тоҷикистон ду тан рӯзноманигорро аз озодӣмаҳрум кардаанд. Муҳаммадюсуф Исмоилов бо иттиҳоми қаллобӣдар соли 2013 ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар моҳи август боҷурми тақаллуби шаҳодатномаи таваллуд рӯзноманигор Аминҷон Гулмуродзода низ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.

 

http://faraj.tj/news/10698-raddaband1251-to1207ikiston-dar-1207oyi-116-um.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *