Аз нимаи дуюми рӯзи 6-уми сентябр ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бархе аз хидматрасониҳояшонро муваққатан қатъ карданд.
Ба гуфтаи муштариёни ширкатҳои мобилӣ, ҳоло ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ sms ва mms равон карда намешавад. Дар ширкатҳои мобилӣ расман дар бораи қатъи ирсоли паёмакҳо шарҳе намедиҳанд, аммо дар марказҳои хидматрасонии ширкатҳо мегӯянд, ки мушкили техникӣ буда, ба зудӣ рафъ хоҳад шуд, аммо санаи дақиқи боз кардани ин хидматрасониҳо чизе намегӯянд.
Ба гуфтаи як манбаъи TojNews аз мақомот, манъи табодули sms ва mms ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон сурат гирифтааст. Мумкин аст, ки баъди таҷлил аз Рӯзи Истиқолол ин хидматрасониҳо аз сар гирифта шавад, — мегӯянд манбаъ.
Эҳтимол ин хидматрасониҳоро дар доираи амалиёти мақомоти қудратии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки дар дараи Ромит идома дорад, муваққатан қатъ карда бошанд.
Соли гузашта дар моҳи октябр дар пайи паҳни овозаҳо дар бораи гирдиҳамоӣ дар Душанбе ирсоли паёмак ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ қатъ шуда буд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/kati-hidmatrasonii-sms-va-mms-az-telefonkhoi-khamrokh-dar-tochikiston