Хабарнигори Faraj.tj Ҷамила Мирбозхонова, ки ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД — ро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, ки бо Президенти Русия Владимир Путин беш аз 120 рӯзноманигори рус дар ҷаласа ширкат доранд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло журналистони рус дар «Касри миллат» аз ҷараёни СААД гузориш медиҳанд.
— Дар муқоиса бо дигар давлатҳои аъзои СААД аз ҳама бештар рӯзноманигорони Русия вориди Душанбе шудаанд. Дар маҷмӯъ дар ҷаласаи мазкур 528 хабарнигорони хориҷиву ватанӣ иштирок доранд, — афзуд хабарнигори мо аз макони баргузории СААД.
Дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СААД раисони ҷумҳуриҳои Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва Русия Владимир Путин иштирок мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, ки замоне президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо хеш ба сафарҳояш журналистони мустақилро ҳам мебурд ва журналистон аз ин сафарҳо гузориш омода мекарданд. Аммо, аз чи бошад, ки ин анъана барҳам хӯрд. Айни замон, ғайр аз ду — се нафар масъулини бахши матбуот ва сарони баъзе расонаҳои давлатӣ, аз доираҳои журналистони мустақил касе президентро хамроҳӣ намекунад.
http://faraj.tj/news/10791-putin-120-zhurnalistro-ba-dushanbe-ovard.html