Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо радиои «Озодӣ» мусоҳиба накардааст

Имрӯз аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд, ки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳоров Абдураҳим мусоҳиба бо радиои «Озодӣ» баргузор накардааст.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 13-уми сентябри соли равон дар сомонаи радиои «Озодӣ» таҳти сарлавҳаи «Қаҳҳоров: Генерал Назарзода зинда, ҷояш дақиқ шудааст» хабар пахш шуда буд.

 

http://pressa.tj/article/%D0%BA%D0%BE%D1%82%D0%B8%D0%B1%D0%B8-%D1%88%D3%AF%D1%80%D0%BE%D0%B8-%D0%B0%D0%BC%D0%BD%D0%B8%D1%8F%D1%82%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D0%B1%D0%BE-%D1%80%D0%B0%D0%B4%D0%B8%D0%BE%D0%B8-%C2%AB%D0%BE%D0%B7%D0%BE%D0%B4%D3%A3%C2%BB-%D0%BC%D1%83%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%B0-%D0%BD%D0%B0%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%B0%D0%B0%D1%81%D1%82

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *