Дархости озодии рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов

07cентябри соли 2011
[b]Гузоришгарони Бидуни Марз хостори бознигарии қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори мунтақиди давлати Тоҷикистон, шудааст
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар як баёнияи муштарак бо Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон хостори баррасии мунсифонаи қазияи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов дар додгоҳ шудааст.[/b]
Дар ин баёния аз мусоъидати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар ин кишвар, қардронӣ шуда ва аз Президент Раҳмон дархост шудааст, ки дар остонаи Рӯзи Байналмилалии Ҳамбастагии Рӯзноманигорон ба сарнавишти оқои Исмоилов низ таваҷҷӯҳ кунад.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, 23 ноябри соли гузашта ба иттиҳоми таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда буд.
Аммо Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, ин иддаъоро рад карда ва гуфт, ки ин хабарнигор барои чопи силсилае аз матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти раиси ноҳия, додситони пешин ва дигар мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт боздошт шудааст.
Оқои Мирзо ба унвони мисол аз матолиби “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?” ва “Худкушӣ дар Ашт” ном бурд, ки ба қавли ӯ ба “иззати нафси масъулони давлатии ин ноҳия” расидааст.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ) низ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондааст.
Чанде аз созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки Муҳаммудюсуф Исмоиловро озод кунад.
Аз ҷумла, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шуда буданд.
Бо вуҷуди тақозоҳои мукаррари созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва мудофеъони ҳуқуқи башари ватанию байналмилалӣ муҳокимаи ин хабарнигор дар додгоҳи шаҳри Табошар, дар шимоли Тоҷикистон, ҳамчунон идома дорад.
Дар баёнияи муштараки Гузоришгарони Бидуни Марз ва АМРМТ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дархост шудааст, ки ба унвони кафили таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба бозрасии изофии парвандаи оқои Исмоилов ва баргузории ҷаласаи додгоҳ дар шаҳри Душанбе кумак кунад.
Ҳамчунин, ин созмонҳо хостории озодии оқои Исмоилов аз боздоштгоҳ ба қайди васиқа (ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист) шуда ва гуфтаанд: “Ӯ наметавонад дар озодӣ ба шоҳидон фишор ворид карда ё асноди марбут ба парвандаи ҷинойиро нобуд кунад.”

Би-би-си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110907_mm_rsf_statement.shtml

Раҳоии хабарнигори бандии тоҷик тақозо шудааст

[b]Ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманигорон тақозо кардаанд, ки хабарнигори бандии нашрияи “Нури Зиндагӣ” то замони баргузории муҳокима аз зиндон раҳо гардад.[/b]

Дар арафаи Рӯзи ҳамдилии рӯзноманигорон 8-уми сентябр Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон маъруф бо номи НАНСМИТ ва созмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” изҳороте пахш намуда, таваҷҷӯҳи президенти Тоҷикистонро ба қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов рӯзноманигори нашрияи “Нури Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт ҷалб кардаанд.
Исмоилов 23-уми ноябри соли 2010-ум ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ бо ангезиши ихтилоф миёни мазҳабу қавмҳо ва маҳалҳо, таҳқир ва ҷурмҳои дигар муттаҳам мешавад. Вале ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманигорон мегӯянд, ин айбнома бо фаъолияти касбии Исмоилов дар расонаҳои мухталиф, ки ҳадаф аз он мубориза бо фасод дар ниҳодҳои давлатӣ мебошад, робита дорад.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегӯяд:
“Исмоилов ҷинояте содир накардааст, ки бояд дар маҳбас бошад. Ба ҳамин хотир бори дигар дар арафи Рӯзи ҳамраъйии рӯзноманигорон аз ҷониби созмони “Рӯзноманигорони бидуни марз” ва аз ҷониби анҷумани худ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат кардем.”
Ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманингорон аз президенти Тоҷикистон хостаанд, ки ба муҳокимаи одилонаи парвандаи Исмоилов кумак расонад.

Радио Озоди

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110907/538/538.html?id=24320876

Ба Рўзи байналмилалии ҳамрайъии журналистон бахшида мешавад!

[b]БАРНОМАИ

«мизи мудаввар» дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон – ба тақдири ҳамкасбонамон бетафовут набошем»[/b]

[b]Таърих:[/b] 8 сентябри соли 2011

[b]Маҳал:[/b] ш. Хуҷанд, маҳаллаи 31, Маркази бизнеси «Дўсти Амирхон»

[b]Созмондиҳанда:[/b] Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

[b]Мақсад:[/b] Баррасӣ намудани роҳҳои таъмини ҳамраъйии журналистони минтақа.

[b]Иштироккунандагон[/b] – 20 нафар намояндагони ВАО, мақомоти давлатӣ,ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ.

10.00 – Бақайдгирии иштироккунандагон

10.15 – 10.30 – Оғози «мизи мудаввар»

[b]Сухани ифтитоҳии:[/b]
— Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, роҳбари хадамоти мониторинги АМВАОМТ
— Илҳоми Ҷамолиён, Раиси созмони вилоятии журналистони Тоҷикистон

10.30-12.30 — [b]Модератор Муҳаббат Ҷўраева, ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва журналистон дар вилояти Суғд, директории созмони ҳимояи ҳуқуқ «Адвокати ту» [/b]

— Чорабиниҳои ҳамраъйии журналистон: сабақҳои бадастомада. [b]Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, роҳбари хадамоти мониторинги АМВАОМТ.[/b]

— Ҳамраъйӣ ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон. [b]Аъзамхон Акбаров, директори ШТВ «Осиё», ш.Хуҷанд[/b]

— Ҳамраъйии журналистон дар чӣ ифода меёбад? [b]Маҳмудҷон Дадобоев, директори ШТР «Ҷаҳоноро», ш.Ғафуров[/b]

[b]Мубоҳисаи умумӣ

Тавсияҳои ҷамъбастӣ[/b]

12.30 – Хўроки пешин аз номи АМВАОМТ ва созмонҳои шарики анҷуман ШТР «Тироз», ШТР «Осиё» ва ШТР «СМ-1».

[b]Маълумот ба воситаи телефонҳои:
+992 93 504-30-13 (Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, Раиси АМВАОМТ)
+992 918 86-28-66 (Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, роҳбари хадамоти мониторинги АМВАОМТ)
+992 93 503-14-57 (Мавлуда РАФИЕВА, роҳбари Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва журналистон дар вилояти Суғд)[/b]

Источник:

Муҳокимаи додгоҳӣ: “Мушкили хабарнигорон ё ҷалби маҳбубият”

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо қабули ду дархости намояндагони «Asia Plus» дар кори додгоҳ то рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда танаффус эълом кард.Яке аз дархостҳои ҷониби шокӣ муъайян кардани мақоми бахши мубориза бо чароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки метавонад шикоят ба додгоҳро чун ниҳоди ҳуқуқии мустақил ироа кунад, будааст.Дар ҳамин ҳол ҷониби даъво дар муҳокимаи додгоҳӣ пешниҳоди мусолиҳатомези ҳалли ин қазияро карда ва ваъда додааст, ки шарти ин пешниҳодро ба таври хаттӣ ироа хоҳад кард.

Аз сӯйи дигар Анвар Тағоймуродов, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар робита ба баёнияи ду вакили мудофеъи нашрияи “Asia Plus”, оқоён Шарифов ва Қудратов, гурӯҳи бозрасиро таъсис карда ва ин гурӯҳ машғули таҳқиқот дар мавриди баёнияи намояндагони нашрия ҳастанд.

Ҳафтаи қабл вукалои мудофеъи «Asia Plus» бо интишори як баёния эълом карданд, ки Валихон Муллоев, муъовини раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорат, ба онҳо таҳдид карда ва гуфтааст, ки «онҳоро нобуд хоҳад кард.» Аммо женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ба ин гуфтаҳои оқоён Қудратов ва Шарифов бовар надорад.

Ба гуфтаи муъовини вазири дохила, Абдураҳмон Шарифов ва Шӯҳрат Қудратов ду корманди қаблии вазорати корҳои дохила ҳастанд, ки ба сабабҳои мухталиф аз ҷумла нақзи қавонину фаъолияти пулис аз симатҳояшон барканор шудаанд. Ва аз ин рӯ ба гуфтаи вай ин ду нафар «хусумати шахсӣ» ба кормандони вазорат доштаанд.

Вале вукалои мудофеъи нашрияи «Asia Plus» мегӯянд, ки бо хоҳиши худ фаъолият дар суфуфи пулиси Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ҳафтаномаи “Asia Plus” аз қазияи додгоҳӣ барои боло бурдани “ҷалби маҳбубият” ба нашрия истифода мекунад.

Оқои Тағоймуродов ҳамчунин гуфт, ки ҳудуди як сол боз қазияи додгоҳӣ идома дорад ва намояндагони нашрияи “Asia Plus” амдан кори додгоҳро бо интишор додани ҳар гуна баёнияҳо ба дарозо мекашанд.

Оқои Тағоймуродов, рӯзи душанбеи 24 август дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Як сол боз ин нашрия дар саҳафоти хеш матолиби мухталиф дар ин маврид нашр мекунад ва бо истифода аз қазияи додгоҳӣ маҳбубияти худро дар миёни мардум афзоиш медиҳад.”

“Ниёз ба ҷалби таваҷҷӯҳ надорем”

Ҷониби дигари қазияи додгоҳӣ, зимни такзиби ин суханони женерол мегӯянд, ки нашрияи “Asia Plus” ниёз ба ҷалби таваҷҷӯҳи хонандагон надоштааст, зеро ин ҳафтанома бидуни он ҳам дар миёни сокинони Тоҷикистон яке аз нашрияҳои пурхонанда будааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “Asia-Plus”, ҳамчунин мегӯяд: “Вукалои мо ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи додгоҳро ба сабаби “нобоварӣ ба қозӣ” тарк карданд, ки тибқи қонун ин амал дуруст аст. Мо то замоне, ки додгоҳ қозии ин парвандаро иваз накунад аз ширкат дар ҷаласаҳои он худдорӣ мекунем. Зеро Сайфуддин Камолов, қозии парванда, бидуни баррасии ду дархости ҷониби мо, чаласаи додгоҳро идома додааст.”

Қазияи додгоҳии ҳафтаноми “Asia Plus” ва Женерол Тағоймуродов, яке аз парвандаҳои тӯлонитарин миёни мақоми як вазорат ва як расонаи мустақил дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир арзёбӣ шудааст.

Ин қазия дар пайи шикояти женерол Анвар Тағоймуродов, раиси қаблии бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон алайҳи ин ҳафтанома дар авоили моҳи феврали соли 2011 оғоз шуд.

Женерол Тағоймуродов алайҳи “Asia-Plus” баъд аз чопи матлабе зери унвони «Тафтиш ё инкивизитсия (истинтоқ)?», ки дар он мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ матраҳ шуда буд, шикоят бурд.

Ин масъули вазорати кишвар нашрияи “Asia-Plus” ва Рамзия Мирзобекова, муаллифи матлабро ба «тавҳину бӯҳтон» муттаҳам кардааст. Аммо Рамзия Мирзобекова мегӯяд, ки “онҳо дар навиштани матлаб ба ҳеҷ гуна иштибоҳ роҳ надодаанд.”

Ҳарчанд оқои Тағоймуродов дар сӯҳбати имрӯзи худ ба Би-би-сӣ, мавориди вуҷуд доштани шиканҷа дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомиро комилан такзиб накард, вале ӯ изҳор кард, ки ҳолатҳое аз шиканҷа, ки ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар матлаби мазкур дар мавриди он навиштааст, беасос будаанд. Аз ин рӯ оқои Тағоймуродов мегӯяд, ки ба пирӯзии ниҳоди худ дар қазияи додгоҳӣ бовар дорад.

Аммо вай афзуд, ки онҳо аз рӯзҳои аввали оғози муҳокимаи додгоҳӣ ба намояндагони “Asia-Plus” ба вижа ба хонум Мирзобекова, пешниҳоди ҳалли “мусолиҳатомези” ин қазияро кардаанд.

Женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ин пешниҳодро онҳо дар ҳоле қабул хоҳанд кард, ки агар “ҳафтанома раддияе нависад ва дар он ба иштибоҳоте, ки дар гузориши матруҳа вуҷуд дошт, иқрор шавад.”

“Озодбаёнӣ ё иштибоҳи хабарнигор”

Аммо масъулони ҳафтанома мегӯянд, ки ин шартро қабул надоранд, зеро дар матлаби онҳо ҳеҷ иштибоҳе наомадааст.

Аз сӯйи дигар бархе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд афзоиши мавориди ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои хабарии мустақил ва хабарнигорон аз сӯйи иддае аз мақомоти мухталифи Тоҷикистон дар солҳҳои ахир иқдомест барои таҳти фишор қарор додани расонаҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар.

Иноят Иноятов, ҳуқуқдони тоҷик дар мавриди қазияи додгоҳии “Asia-Plus” ва вазорати умури дохила мегӯяд: “Аризаи даъвогӣ аз оғоз то ба охир беасос аст.»

Ба гуфтаи вай зеро даъво аз тарафи шахсе шудааст, ки ҳуқуқи пешниҳоди даъворо надорад. Дар мақола, ки характери танқидӣ дошта дар он фаъолияти як ниҳоди вазорат, мавриди интиқод қарор гирифтааст, вале даъво аз тарафи шахсе ироа шудаст, ки аз назари ҳуқуқӣ дар муҳокимаи шаҳрвандӣ нодуруст аст.”

Оқои Иноятов дар мавриди афзоиши ба додгоҳ кашида шудани расонаҳо мегӯяд, ки ду сабаби аслӣ дар ин маврид мавҷуд будааст.

Вай дар мавриди аввали он афзуд: “Дар ҷомеъа, ки гуногунандешӣ ба миён омад мутаносибан интиқоди фаъоляти бархе аз мақомот ба миён меояд ва бархе аз мансабдорон ба ҷои он, ки ба ин танқид бо далелҳои ҳуқуқӣ ҷавоби рад диҳанд, хабарнигоронро бо далелҳои беасос ба додгоҳҳо мекашанд, ки қисми зиёде аз даъвоҳо дар натиҷаи баррасии додгоҳҳо рад мешаванд.”

Ҳамчунин ба гуфтаи вай, бархе аз матолиби чоп шуда ба салиқа ва маърифати хабарнигорон бастагӣ дорад ва вай афзуд, ки дар бархе маворид хабарнигор иттилоъотро ба таври дақиқ насанҷида матолибро ба нашри мерасонанд, ки боъиси даъвоҳои додгоҳӣ мешавад.

Аз сӯйи дигар бисёре аз хабарнигорон бар ин ақидаанд, ки афзоиши мавориди ба додгоҳҳо кашида шудани расонаҳо ва хабарнигорон, ба афзоиши худсонсурӣ дар фаъолияти хабарнигорон дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110822_zkh_court_massmedia.shtml

Ҳуқуқбонҳо ҳамла ба Хуршеди Атовуллоро маҳкум карданд

[b]Созмонҳои мудофеъи озодии баён ва Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо интишори баёнияе муштарак латукӯби рӯзноманигор Хуршеди Атовуллоро маҳкум кардаанд.[/b]

Дар ин баёния, ки рӯзи панҷшанбеи 1 сентябр мунташир шуд, аз ҳамлаи афроди номаълум ба Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж», башиддат интиқод шудааст.

Намояндагони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва озодии баён аз нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки афроди мазнун дар ин ҳодисаро боздошт ва муҷозот кунанд.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон навиштаанд, ки ин дувумин ҳодисаи латукӯби рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст.

Дар ин баёния омадааст, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот», вобаста ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ аз сӯйи ду фарди номаълум латукӯб шуда ва дар бемористон муддате бистарӣ буд.

Масъулони ин созмонҳо мегӯянд дар ҳоле ки Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли худ қарор дорад, латукӯби рӯзноманигорон ва ҳар фарди дигаре мояи нигаронӣ аст.

Ин созмонҳо хостори ҳалли ҳама гуна муноқишаҳо дар чорчӯби қонун шуда ва аз ниҳодҳои марбута тақозо кардаанд, ки амнияти мардумро тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон таъмин кунанд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” ва раҳбари созмони «Медиа-алянси Тоҷикистон», пештар ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки афроди ношинос дар худраве онҳоро дунболагирӣ карда ва дар маҳаллаи “Зарафшон-2”-и шаҳри Душанбе бо чӯбдастҳо ба онҳо ҳамла кардаанд.

Дар натиҷа, дасту пойи оқои Атовулло ва ду ҳамроҳаш аз зарбаҳои чӯб маҷрӯҳ шудаанд.

Ин ҳодиса соъати 12 зӯҳр рух дода ва дар он замон хиёбонҳои шаҳр пур аз мардум буд. Аз сӯйи дигар, Ҳикматулло Сайфуллозода низ дар маҳалле наздик ба «Зарафшон» ва дар рӯзи равшан лату кӯб шуда буд.

Соҳибназарон бо ишора ба такрори ин ҳаводис сабаби ҳамла ба хабарнигоронро бемуҷозот мондани ин афрод медонанд. То ҳол афроде, ки оқои Сайфуллозодаро низ лату кӯб карда буданд, боздошт ва муҷозот нашудаанд.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110901_zkh_statement_mass_media.shtml

Узр пурсидани сомонаи БиБиСи аз мусулмонон

[b]Сомонаи ширкати телевизон ва радиошунавонии БиБиСи дар Иди Фитр барои мусулмонон таҳия ва истеъмоли ғизоеро аз гӯшти хук дар қатори дигар номгӯи хӯрокҳои дар ин рӯз таҳияшаванда пешниҳод кардааст.[/b]

Масъулини ширкати мазкур аллакай барои ин корашон ба таври расмӣ аз мусулмонон узр хоста, гуфтаанд, ки онҳо ҷурми худро ба дӯш мегиранд ва аммо ғизое аз гӯшти хук тасодуфан дар қатори ғизоҳои барои ин рӯз таҳияшаванда омадааст.

Дар ҳамин ҳол Хоқон Комуз — сарвари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони мустақили Бритониё — «Мусоид», нафаре, ки нахустин шуда ин хаторо ошкор намуд, гуфтааст, ин ширкат бо ин ҳама собиқааш наметавонист надонад, ки мусулмонон умуман гӯшти хук истемол намекунанд.

Абӯбакри ФАЙЗАЛӢ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=17579&Itemid=30

Лату кӯби Хуршеди Атовулло дар рӯзи иди Фитр

[b]Пас аз зӯҳри 31-уми август вақте дар саросари Тоҷикистон аз иди саиди Фитр таҷлил мекарданд, дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» ва ҳамроҳони ӯ мавриди лату кӯб қарор гирифтанд.[/b]

Тавре худи журналист ба хабаргузории «Озодагон» зимни як сӯҳбати телефонӣ иброз дошт: «Мо чанд нафар ба табрики рафиқону пайвандон мерафтем. Ин буд, ки як худрави сафедранги тамғаи ВАЗ-2106 бо рақами давлатии У 21 37 РТ аз маҳаллаи 102 то ин ҷо, яъне маҳаллаи «Зарафшон-2» ман ва ду тан аз ҳамроҳонамро таъқиб карданд ва ниҳоят пеши мошини моро гирифтанд ва вақте ки аз мошин фаромада пурсон шудем, ки чаро чунин мекунем, бе ягон сабаб бо калтакҳо моро лату кӯб карданд».

Дар ҳамин ҳол, масъулини шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки ҳодисаи ҳамла ба журналист ва ёрони ӯ дар қаламрави ин минтақа сурат гирифтааст, мегӯянд, албатта лату кӯби шаҳрванд новобаста аз он ки ӯ чӣ кора аст ва ба кадом хотир ин ҳодиса рух додааст, пайгирӣ хоҳад шуд. Аммо то ин замон дар қиболи муҳоҷимин парвандаи ҷиноӣ бо далели дар даст надоштани санади ташхиси тиббӣ боз нашудааст.

Зимнан, Хуршеди Атовулло гуфт, ӯ аллакай дар маркази миллии табобат ва тандурустӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштааст ва натоиҷи он имрӯз ба мақомоти марбута пешниҳод мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки кулли ҷомеъаи журналистӣ ва созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорони кишвар аз ин қазия изҳори нигаронӣ карда, ҳар чӣ зудтар пайдо кардани муҷриминро аз масъулини ҳифзи ҳуқуқ тақозо доранд.

Ёдрас менамоем, як ҳодисаи ба ин монанд ҳанӯз чанд моҳ қабл дар қиболи Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» (нашрияи ҲНИТ) сурат гирифта буд, аммо бо гузашти 7 моҳ дастандаркорон ва иҷрочиёни сӯйиқасд ҳанӯз боздошт нашуда, шахсияташон муайян нагаштааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2016-2011-09-01-04-16-00

Хабарнигори тоҷикро дар Душанбе латукӯб кардаанд

Хуршеди Атовулло аз хабарнигорони шинохта ва сардабири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, имрӯз афроди ношиносе ӯро башиддат латукӯб кардаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни ҳаракати мошинаш дар як маҳаллаи ғарбии Душанбе, як худрави дорои шумораи давлатӣ онҳоро таъқиб карда ва ӯву ҳамроҳонашро башиддат калтаккӯб кардаанд: “Бе ягон сабаб фуромаданд ва заданд, ҳеҷ чиз нагуфтанд. Як дастам дар хун оғушта аст, кафи ҳарду дастам хунолуд аст ва зарб хӯрдаст.” Хуршеди Атовулло ба мақомоти интизомӣ шикоят бурдааст ва мақомоти мазкур ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110831/538/538.html?id=24313485

Хуршеди Атовулло: «Натиҷаи тафтишотро интизор мешавам»

Душанбе. 1-уми сентябр. TojNews — Хуршеди Атовулло — сардабири хафтаномаи «Фараж» дирӯз аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз ҳафт тан афроди ношинос дар маҳаллаи Зарафшон мавриди латукӯб қарор гирифт. Худи Хуршеди Атовуло дар ин бора ба TojNews хабар дод.Мавсуф гуфт: «Мошине, ки пеш-пеши мо мерафт, пеши роҳи моро гирифт ва якбора ба мо ҳуҷум карданд. Дар натиҷа ду нафар аз ҳамроҳони ман ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд ва ангушти як нафари дигарро шикастанд. Айни замон ҳеҷ баҳогузорӣ карда наметавонам, ки ба чи сабаб ба мо ҳамла карданд, зеро он нафарон ба мо чизе нагуфтанд. Ҳоло тафтишот идома дорад ва ман фикр мекунам, ки ин қазия ошкор мешавад, зеро саривақтӣ ин масъаларо аз ҷониби ШКД-и Сино-2 пайгирӣ карданд. Аз ин хотир, бо умед натиҷаи тафтишотро интизор мешавам».

Қазияи латукӯби рӯзноманигор Хуршеди Атовулло, ки дар ин шабу рӯзи иди Фитр ва 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба амал омад, метавонад гумонҳоеро ба бор орад, ки озодии сухан ва ВАО дар Тоҷикистон зери суол қарор дорад. Зеро чанд моҳ пеш чунин як ҳодиса нисбати сардабири нашрияи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода низ ба амал омада буд, ҳарчанд то имрӯз гунаҳкорон ва ашхоси ба ин ҳодиса дастдошта таҳқиқ нашудаанд.

Нуриддин Қаршибоев — раиси АМВАОМТ мегӯяд, ки мавриди латукӯб қарор гирифтани на танҳо як журналист, балки як шаҳрванд дар рӯзи равшан боиси нигаронӣ аст. «Мо аз ҷониби созмони худ ва дигар шариконамон хостори онем, ки ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаҷониба ва фавран мавриди тафтишот қарор гиранд ва гунаҳкорон бояд ҷазои худро бинанд. Худи ҳамин рӯз тасмим дорем якҷоя бо Иттифоки журналистони Тоҷикистон ва дигар созмонҳои журналистӣ як изҳороте пахш кунем ва аз ВКД тафтиши ҳамаҷонибаи ин қазияро талаб намоем. Ҳамчунин дар сурати зарурат Анҷумани мо барои Хуршеди Атовулло хизмати ҳукқуқӣ ва адвокат пешниҳод карда метавонад. Ман таъкид мекунам, ки бояд на фақат журналист, балки хама гуна шаҳрванд амнияташ таъмин бошад. Дар ҳоле, ки имрӯзҳо 20-солагии Истиқлолият аст, дар рӯзи равшан мавриди латукӯб қарор гирифтани як шаҳрванд оқибатҳои ногувор дорад».

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳодисаи латукӯб нисбати Хуршеди Атовулло якум бор нест. Худи ӯ дар ин маврид мегӯяд: «Намедонам дар 20 соли фаъолият чанд ҳолат бошад. Ҳисобашро ҳам гум кардаам. Бисёр мехостам донам, ки ба кадом хотир буд. Ҳамлаи пештар соли 1998 тавассути туфангча сурат гирифта буд. Соли 1993 низ чунин ҳамла ба ман рӯй дода буд».

Ба ҳамин сурат, озодии ВАО-ро дар Тоҷикистон имрӯзҳо бо далели ин ҳодисот наметавон мусбат арзёбӣ намуд. Ба назар мерасад, ки агар ин ҳодисаҳо ба як анъана табдил ёбанд, барои озодии сухан ва озодии ВАО хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=17545&Itemid=30

Се созмон ҳамла ба Х. Атовуллоро маҳкум карданд

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Дафтари ҳуқуқи башар ва мурооти қонуни Тоҷикистон дар як изҳороти муштарак латукӯб шудани сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, раиси эътилофи “Медиа Алянс”, Хуршеди Атовуллоро маҳкум карданд ва онро мояи нигаронии маҳфилҳои журналистӣ номиданд. Ҳар се созмон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонуни Тоҷикистон хостанд, қазия ба зудтарин фурсат ва шакли комил таҳқиқ ва гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҷаноби Атовулло рӯзи 31-уми август дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи чанд нафари номаълум қарор гирифт. Ду ҳамсафари ӯ низ латукӯб шудаанд. Масъулони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои Душанбе гуфтаанд, дар ҳол омӯзиши қазияанд, аммо парвандаи ҷиноӣ дар ин бора боз нашудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=24314573

Ещё один сайт на WordPress