Нигаронии САҲА аз маҳудшавии дастрасӣ ба торнамои “Азия Плюс”

[b]Дуня Миятович гуфт, “маҷрои озоди иттилоъ набояд баста шавад»[/b]

Дуня Миятович , масъули вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён аз масдуд шудани дастрасӣ ба торнамои хабаргузории “Азия Плюс” ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ дар як баёнияи расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, маҳдудияти дастрасӣ ба ин торнамо ва дигар торнамоҳои хабарӣ дар Интернетро аз байн бардорад. Дастрасӣ ба торнамои “Азия Плюс” ба далоили номаълум имрӯз дар Тоҷикистон номумкин шуд, вале аксарият ҳадс мезананд, ки ин кори мақомот ба амалиёти махсусе иртибот дорад, ки дар шаҳри Хоруғ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ сурат мегирад.

Дуня Миятович гуфтааст, номумкин шудани дастрасӣ ба торнамои Радиои “Азия Плюс” “як таҳаввулоти таассуфангез аст ва бори аввал ҳам нест, ки торнамоҳо дар Тоҷикистонро масдуд мекунанд.” Ба гуфтаи Дуня Миятович, “бо вуҷуди нигарониҳои амниятӣ, набояд маҷрои озоди иттилоъ баста шавад ва амният бе матбуоти озод буда наметавонад.” Дар идомаи баёния ӯ гуфтааст, “Мардум бояд иттилоъ аз манобеъи гуногун дастрасӣ дошта бошад ва матбуот бояд тавонанд доир ба мушкилот гузориш диҳанд, ҳатто агар масъалаи ҳассоси амниятӣ бошад.

Таври маълум дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон, амалиёте алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад ва ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, дар ҷараёни ин амалиёт 42 нафар, аз ҷумла, 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон, ки узви ин гурӯҳ буданд, боздошт шудаанд. Ин гурӯҳҳоро бо раҳбарии Толиб Аёмбеков ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 21 дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/osce-asia-plus-/24655325.html

Дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus дубора масдуд шуд

[b]Дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus, яке аз хабаргузориҳои мустақилли матраҳ дар Тоҷикистон, шоми рӯзи душанбеи 23 июл масдуд шудааст.[/b]

Дар ин бора масъулони ин хабаргузорӣ субҳи рӯзи сешанбе хабар додаанд.

Ба гуфтаи масъулони фароҳамгарони интернетии Тоҷикистон, онҳо ин сойтро пас аз дарёфти дастури мақомоти иртибототи Тоҷикистон масдуд кардаанд.

Зебо Тоҷибоева, масъули хабаргузории ASIA-Plus, дар мавриди сабаби ин амр ибрози беиттилоъӣ кард.

Вай гуфт: “Дирӯз соъати 7 шом фароҳамгарони интернетиамон бо мо тамос гирифтанд ва гуфтаанд, ки дастури дигаре аз мақомоти иртиботот дар бораи қатъи дастрасӣ ба ин сойтро дарёфт кардаанд. Мо зуҳри имрӯз бо мақомоти Идораи иртиботот дидор хоҳем дошт. Дар ин дидор шояд мушаххас гардад, ки чи хабар аст.”

Ин барои бори дувум дар ду моҳи ахир аст, ки бо дастури мақомоти давлатӣ дастрасӣ ба сойти ин хабаргузории мустақилли Тоҷикистон масдуд мешавад.

Дастрасӣ ба ин сойт дар авоили моҳи июн низ қатъ шуда буд. Он замон фароҳамгарони интернетӣ, ки ниҳодҳои давлатӣ нестанд, аз мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон дар мавриди бастани дастрасӣ ба ин сойт дастур гирифта буданд.

Бег Зуҳуров ба хабарнигорон ин мавзӯъро чунин шарҳ дода буд, ки дар фурумҳои ин сойт баҳсҳое дар миёни хонандагон сурат мегирад, ки “на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарону вазирони кишвар ҳам беҳурматӣ мекарданд”.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо барои қатъи дастрасӣ ба расонаҳои мустақил ва сойтҳои иҷтимоъии интернетӣ аз сӯйи созмонҳои мудофеъи озодии баён шадидан интиқод шудаанд.

Аз ҷумла Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар баҳори соли ҷорӣ пас аз масдуд шудани бархе аз сойтҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, шабакаи иҷтимоъии Фейсбук, «Звезда.ру», «Маҳалла.орг» ва «Тҷкнюз.ком» ба давлати ин кишвар муроҷиъат карда буданд.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар номааш унвонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: “Дафтари раёсати ҷумҳурии Раҳмон бояд интиқод ва баррасии фаъъолияти худ тавассути ҷомеъаро таҳаммул кунад ва аз сонсури расонаҳои интиқодӣ даст бардорад, зеро дар даст доштани идораи дафтари иҷтимоъӣ бидуни интиқод намешавад.»

Дар ҳамин ҳол Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон масдуд шудани сойти ASIA-Plus-ро маҳкум кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман гуфт: “Ин боз як амали нақзи ҳуқуқи конститутсионии (қонунии) мардум аст. Мо қатъан хоҳиш мекунем, ки давлат ҳар ихтилофи назареро, ки бо расонаҳо дорад дар доираи қонун ҳалл кунад.”

Оқои Қаршибоев афзуд, ки аз он нигарон аст, ки Идораи иртибототи Тоҷикистон ахиран мехоҳад нақши сонсури расонаҳоро ба уҳда бигирад.

Вай гуфт: “Инҳо боз як ниҳоди бозрасии муҳтавои сойтҳои хабариро ҳам созмон додан мехоҳанд. Мутаасифона, Бег Зуҳуров мақоми сонсурро ба худ гирифтааст, ки ин аз салоҳияти вай берун аст.”

Аммо бархе аз нозирон мегӯянд, ки масдуд шудани дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus ба ҳаводиси вилояти Бахашони Тоҷикистон муртабит аст.

Вазъият дар ин минтақаи Тоҷикистон пас аз қатли сартип-дуи (генерал-майори) Кумитаи амнияти кишвар, Абдулло Назаров, ноором буда ва гуфта мешавад аз субҳи рӯзи 24-уми июл дар ин вилояти кӯҳистонии кишвар амалиёти вижаи боздошти омилини қатли ин женерол оғоз шудааст.

Зоҳиран иртиботи телефунии собит, бесим ва интернет бо Бадахшон низ қатъ шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120724_sq_asia_plus_media.shtml

МАҲДУД ШУДАНИ ДАСТРАСӣ БА СОМОНАИ «ASIA PLUS»

[b]Аз шоми 23-юми июл, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи Оҷонси иттилоотии “Азия Плюс” номумкин шудааст.[/b]

Бино ба қавли ИТАР-ТАСС, ширкатҳои паҳнкунандаи интернет дар Тоҷикистон маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи мазкурро ба супориши раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, Бег Зуҳуров рабт додаанд.

Ин манбаъ навиштааст, кӯшиши назорати расонаҳои интернетӣ, ба ҳаводиси ахир дар Хоруғ ва ба мусоҳибаи фармондеҳони собиқи шарқи Тоҷикистон Толиб Айёмбеков бастагӣ дорад, ки дар ин сомона инъикос ёфта буданд. Бори аввал нест, ки бо супориши Бег Зуҳуров ширкатҳои провайдерӣ дастрасӣ ба расонаҳои электрониро дар кишвар маҳдуд мекунанд.

Айни ҳол Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сабабҳои масдуд шудани сомонаи “Азия Плюс” изҳороти расмӣ пахш накардааст.

Источник: http://tojnews.org/node/3354

Таъкиди Велс ба тақвияти волоияти қонун ва озодии баён дар Тоҷикистон

[b]Элис Велс, раиси бахши Русия дар Шӯрои амнияти милли Омрико пас аз дидору гуфтугӯйи тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоте «хеле созанда» доштааст.[/b]

Ин намояндаи Шӯрои Амнияти Миллии Омрико гуфт, ки ба ҷуз аз баррасии масоили густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар ӯ бо оқои Раҳмон дар бораи тавсеъаи равандҳои демукротик дар Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Дар ҷараёни мулоқоти ин мақоми омрикоӣ бо оқои Раҳмон раванди узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) низ баррасӣ шудааст.

Хонуми Велс гуфт: «Мо ин мавзӯъро ки, чи гуна Омрико метавонад ба Тоҷикистон дар заминаи ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ кумак кунадро баррасӣ кардем. Мо кумаки фаннӣ дар ин заминаро фароҳам мекунем ва ҳайъате аз мо дар ин замина ҳамин ҳоло дар шаҳри Женев фаъъол аст.»

Хонуми Велс афзуд, дар ин росто Омрико дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Олмотӣ кунферонси байналмилалии «Мувофиқатномаи тиҷорат ва сармоягузории минтақаӣ»-ро баргузор мекунад ва Тоҷикистон низ ба ин нишаст даъват шудааст.

Ин намояндаи Шӯрои амнияти миллии Омрико гуфт, ки қабл аз дидор бо Президент Раҳмон, вай бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.

Вай дар ин бора гуфт: «Бахши дигаре аз суҳбати ман бо оқои Раҳмон ба мавзӯъи демукротизе марбут буд. Мо ин мавзӯъро мавриди баҳс қарор додем, ки чи гуна тақвияти волоияти қонун ва озодии баён метавонад барои пешрафти мудернизеи иқтисодӣ ва сиёсӣ кумак кунад.»

Ин мақоми Шӯрои амнияти миллии Омрико дар ҳоле бо оқои Раҳмон мавзӯъи равандҳои демукротизе дар Тоҷикистонро матраҳ мекунад, ки ду моҳе қабл Вазорати хориҷаи Омрико дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро кишваре худкома хонда буд.

Дар ин гузориш таъкид шуда буд, ки қудрат дар Тоҷикистон дар дасти Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш, ки «умдатан аз як минтақа ҳастанд», мутамаркиз шудааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки ҳарчанд Қонуни асосии Тоҷикистон низоми чандҳизбиро тазмин мекунад, аммо дар амал давлат аз тавсеъаи такассургароии сиёсӣ монеъ мешавад.

Ин гузориш шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ, маҳдудияти озодии баён ва виҷдон (бахусус, таъқиби рӯзноманигорон ва нақзи ҳуқуқи мазҳабиён) ва табъиз алайҳи занҳоро аз мушкилоти аслӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон карда буд.

Бо ин вуҷуд мақомоти омрикоӣ мукарраран таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон дар масири хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон барои Омрико нақши умдае дорад.

Чанде қабл раиси кумитеи вижаи Урупо ва УруОсиёи Кунгреи Омрико, Ден Бертун, дар шаҳри Душанбе эълом карда буд, ки эҳтимоли таъсиси ситоди низомии Омрико дар Тоҷикистонро пас аз таътили пойгоҳи низомии «Манос» дар Қирғизистон баъид намедонад.

Оқои Бертун дар оғози моҳи ҷорӣ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ҳамчунин гуфта буд, ки Омрико аз нақши Русия дар нигаҳдории сабот дар минтақа тақдир карда ва дар мавриди масоили ҷобаҷойии эҳтимолии нерӯҳои омрикоӣ дар Тоҷикистон бо Русия тавофуқ хоҳад кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120717_sq_alice_wells_taj_us.shtml

Асрори худро дар телефон магӯ. «Это не телефонный разговор»

[b]Филмбардорони шведӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон мухолифон аз ҷониби хадамоти махсус бо истифодаи фанновариҳои навин назорат мешаванд.[/b]

Телефони мобил, ки аз беҳтарин ихтирооти асри гузашта унвон мешавад, ҳамчунин метавонад ҳамчун василаи назорат ба зиндагии хусусии шаҳрвандон истифода шавад. Гурӯҳи хабарнигорони аврупоӣ бо нашри як филм ҳушдор додаанд, ки дар низомҳои диктотурӣ бархе ширкатҳои арзакунандаи хадамоти телефони ҳамроҳ барои ҷосусӣ аз болои фаъолони оппозитсиюн, журналистон, мудофеони ҳуқуқи башар ва ҳам соҳибкорон ба хадамоти махсус ва сохторҳои амниятӣ мусоидат мекунанд.

Филми мустанади “Қуттии сиёҳ”, ки бори аввал моҳи апрел дар як шабакаи милии телевизионии Шветсия (Sveriges Television) ба намоиш даромад, собит кардааст, ки ширкати телекоммуникатсионии Teliasonera ба ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои шӯравии пешин дар ҷосусӣ аз болои шаҳрвандон тавассути ироаи фанновариҳои нав мусоидат мекардааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=206]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=206[/url]

Источник:

Асрори худро дар телефон магӯ. «Это не телефонный разговор»

[b]Филмбардорони шведӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон мухолифон аз ҷониби хадамоти махсус бо истифодаи фанновариҳои навин назорат мешаванд.[/b]

Телефони мобил, ки аз беҳтарин ихтирооти асри гузашта унвон мешавад, ҳамчунин метавонад ҳамчун василаи назорат ба зиндагии хусусии шаҳрвандон истифода шавад. Гурӯҳи хабарнигорони аврупоӣ бо нашри як филм ҳушдор додаанд, ки дар низомҳои диктотурӣ бархе ширкатҳои арзакунандаи хадамоти телефони ҳамроҳ барои ҷосусӣ аз болои фаъолони оппозитсиюн, журналистон, мудофеони ҳуқуқи башар ва ҳам соҳибкорон ба хадамоти махсус ва сохторҳои амниятӣ мусоидат мекунанд.

Филми мустанади “Қуттии сиёҳ”, ки бори аввал моҳи апрел дар як шабакаи милии телевизионии Шветсия (Sveriges Television) ба намоиш даромад, собит кардааст, ки ширкати телекоммуникатсионии Teliasonera ба ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои шӯравии пешин дар ҷосусӣ аз болои шаҳрвандон тавассути ироаи фанновариҳои нав мусоидат мекардааст.

Хабарнигорони пажӯҳишгар собит кардаанд, ки ин ширкати шведӣ, ки дар шаш кишвар — ҷумҳуриҳои Белорус, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Гурҷистон ва Қазоқистон фаъолият мекунад, дар назорат бар зиндагии хусусӣ ва фаъолиятҳои ҷамъиятии журналистон, раҳбарони иттиҳодияҳои синфӣ ва сиёсатмадорон мусоидат кардааст. Яке аз манбаъҳои ин ширкат дар ҷараёни ҷамъоварии маълумот гуфтааст, ки “баҳори Араб режимҳоро водор кард, ки назоратро бар ин гурӯҳҳо қавитар ва гуфтугӯҳои телефонии онҳоро пайваста гӯш кунанд”.

Йоаҳим Дифвермарк ҳамроҳ бо Свен Бергман ва Фредрик Лаурин продюсери филми “Қуттии сиёҳ” аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Шветсия гуфт, фикри наворбардории ин филм дар ҳоле ба зеҳнаш омад, ки баъди суқути ҳукумати Ҳусни Муборак дар Миср маълум шуд, ки ширкатҳои зиёди ғарбӣ бо ин режим ҳамкорӣ мекардаанд.

— Мо ба чунин фикре омадем, ки метавонем ба кори ширкатҳои шведӣ дар манотиқи дигари дунё назар кунем. Назари мо ба ширкати тавлидкунандаи телефонҳои ҳамроҳ Ericsson ва Teliasonera афтод. Вақте мо ба таҳқиқ шурӯъ кардем, маълум шуд, ки Teliasonera дар кишварҳои зиёде кор мекардааст, ки он ҷо мушкили марбут ба риояи ҳуқуқи башар, озодии баён ва демократия хеле ҷиддӣ аст. Мо қарор кардем, ки нақши ширкати шведиро ба ин масоил бисанҷем.

Барои анҷоми ин филм хабарнигорон ним солро дар таҳқиқоти ҷумҳуриҳои шӯравии пешин, дар манотиқе ба роҳ монданд, ки намояндагии ширкати Teliasonera дар он ҷо фаъолият мекунанд. Дифвермарк мегӯяд, ки барои ҷамъоварии маълумот дар ин кишварҳо аз манобеи иттилоотӣ дар дохили ширкат, журналистон ва ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ истифода кардаанд.

Моҷароҳо дар атрофи ин филм ва ҳам мақолаҳои нашршуда дар матуботи
Шветсия раҳбарони ширкати Teliasoneraро маҷбур кард, ки дар робита ба ин иттиҳомот посухи хаттӣ бидиҳанд. Сесиллиа Эдстром, муовини президенти ширкати Teliasonera дар изҳороти матбуотии худ иттиҳомоти ворида болои ин ширкатро тасдиқ ё рад накард, вале гуфт: “Ширкатҳои тиҷоратӣ ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузоранд, вале ҳимояи ҳуқуқи башар масъулияти ҳатмии ҳукуматҳо мебошад”.

Хабарнигори шведӣ дар бораи натиҷаи кори гурӯҳи эҷодӣ дар Тоҷикистон, ки вориди филми мустанади “Қуттии сиёҳ” нашудааст, гуфт, дар ин кишвар ҳам собит шуд, ки назорати махфӣ аз болои мухолифону соҳибкорони бонуфуз ва ҳам журналистон вуҷуд доштааст. Йоаҳим Дифвермарк мегӯяд:

— Кор дар Тоҷикистон душвор буд. Кишвар дар масофаи дур аз Шветсия ҷойгир аст. Ҳамкории миёни хабарнигорон дар сатҳи байналмилалӣ чандон хуб нест. Дар ин кишвар дар сатҳи муайян манобеи иттилоотӣ ҳифз мешавад. Вале мо тавонистем, ки равобити миёни хадамоти махсус ва Teliasonera-ро тавассути роҳҳои мухталиф таъйид кунем.

Роҳи аввал тавассути манобеи дохилии худи ин ширкат буд, ки гуфтанд, ба хадамоти махсуси Тоҷикистон бо дастгоҳҳои назорати муштариёнаш мусоидат кардаанд. Манбаи дигари мо созмонҳои ғайридавлатӣ буданд. Дар кишварҳое, ки мо таҳқиқашон кардем, масъала ин аст, ки хадамоти махфӣ қудрати инро доранд, ки намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухталифро назорат кунанд. Тафовут дар ҳамин аст, ки онҳо аз пушти мухолифону журналистон ва фаъолони ҷамъиятӣ, ки даст ба ҷиноят назадаанд, назорат мекунанд.

Ширкати Teliasonera дар Тоҷикистон бо унвони Tcell муаррифӣ шудааст. Соли гузашта Tcell дар натиҷаи ҳамоиши ду ширкати мухобиротии “Индиго-Тоҷикистон” ва “Сомонком” ташкил шуда, 40 % саҳмияҳои он моли Хазинаи
Оғохон ва 60 % моли Teliasonera мебошад.

Ширкати Tcell, ки худро дар дохили Тоҷикистон ба унвони як ширкати миллии телекоммуникатсионӣ муаррифӣ кардааст, дар шароити рақобати шадид тавонистааст беш аз 2,5 миллион аҳолии кишварро бо телефони ҳамроҳ таъмин кунад ва интернету иртиботи бесимро дар дар манотиқи кӯҳдоману душворгузар ба роҳ монад. Tcell дар тӯли се соли охир азимтарин пардохткунандаи молиёту андоз дар Тоҷикистон будааст.

Масъулини ширкат таъкид мекунанд, ки тамоми фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон дар доираи қонун сурат мегирад. Рустам Мирсаидов, масъули равобит бо ҷомеаи ширкати Tcell ба саволи Озодӣ, ки “дар сурати муроҷиати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният барои шунидани сӯҳбатҳои телефонӣ, СМС-ҳо, интернет ва имейлҳои компютерҳои муштариҳо, Тcell ба онҳо кӯмак мекунад?”, чунин посух дод: «Ширкати Tcell бо таҷҳизоти мавҷудаи худ, имконияти бурдани назорати махфӣ бар сӯҳбатҳои телефонӣ, СМС-ҳо, Интернет ва имейлҳои компютерии муштариёни худро надорад ва бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу амният, танҳо дар чаҳорчӯби Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амал менамояд».

Дар ҷомеаи Тоҷикистон гурӯҳе бар ин боваранд, ки гуфтугӯҳои телефонӣ ҳоло низ мисли даврони шӯравӣ шунида мешаванд ва бисёриҳо ба ин далел аз гуфтугӯҳои худмонӣ тариқи телефон худдорӣ мекунанд. Имрӯз низ ҷумлаи маънидори “Ин сӯҳбати телефонӣ нест”, борҳо дар телефонҳои мобилӣ садо медиҳад. Ба эътимоди бархе, дар Тоҷикистон шунидани гуфтугӯҳои телефонҳои соҳибкорону тоҷирон бо фармоиши рақибонашон дар соҳаи бизнес то дараҷае расидааст, ки бисёри афроди сарватманду бонуфуз кӯшиш мекунанд як не, даҳҳо корти телефон ё СИМ-карта дошта бошанд, то ки назорату гӯшкунии сӯҳбатҳои онҳо дувор шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, ки иттифоқан телефони ҳамроҳаш марбути ширкати Tcell будааст, гуфт, ҳарчанд далеле надорад, ки бигӯяд, сӯҳбатҳои телефонии ӯ гӯш карда мешаванд, аммо аз эҳтимол дур намедонад, ки ӯ, ба унвони як шахсияти сиёсӣ метавонад таҳти назари сохторҳои махсус бошад. Кабирӣ гуфт:

— Кор ба ҳадде расидааст, ки агар бо як масъули давлатӣ дар як мавзӯи оддӣ сӯҳбат кунед, вай ҳатман телефонашро хомӯш мекунад, ё дур мебарад ё ҳадди аққал садои телевизионашро баланд мекунад. Бо ҳамин мехоҳад мутмаин бошад, ки садояшро сабт намекунанд. Агар ҳам гӯш кунанд, инсон бояд тарзе рафтору гуфтор кунад, ки ҳеҷ нигаронӣ аз гӯш кардани телефон набошад. Аз тарафи дигар, дар кишвари мо истифода аз сабтҳои ба таври ғайриқонунӣ ба дастомада дар қонунгузорӣ мамнӯъ аст ва он наметавонад чун далел истифода шавад. Албатта, барои шантаж метавонанд истифода кунанд.

Масъулини филми мустанади “Қуттии сиёҳ” бо наворбардории филми фошкунандаи худ мегӯянд, бо ин ки васоили навини мухобирот воқеан ҳам дар зиндагии ҳамарӯзаи мардумони ҷаҳон кӯмак мекунанд, инчунин як нигарониеро дар зеҳни инсонҳо эҷод мекунанд, ки ҳукуматҳои алоҳида ва шахсияту ширкатҳои мушаххас метавонанд телефон, Интернет ва дигар фанновариҳои замонавиро зидди инсонҳо истифода кунанд. Йоаҳим Дифвермарк мегӯяд, масъулияти ширкатҳои кишварҳои пешрафта ҳам, ки муваззафанд қонунҳоро дар макони будубоши бизнеси худ риоя кунанд, ин аст, ки дар баробари эҳтиром ба қонуни кишварҳои мисли Тоҷикистон, масъулияти ахлоқии худро дар Шветсия фаромӯш накунанд. Вай мегӯяд, “дар талоши ба даст овардани даромади молӣ дар давлатҳои диктотурӣ фаромӯш накунанд, ки бояд фаъолияти шаффоф ва боз дошта бошанд”.

Источник: http://www.ozodi.org/content/teliasonera-tajikistan-spying-/24649325.html

«Клуби сардабирон» хабардуздиро баҳс кард

[b]Нахустин нишасти сардабирони нашрияҳои чопии Тоҷикистон бо номи «Клуби сардабирон» рӯзи 6 июл дар маҷмаи «Шарқи озод» ба кори худ оғоз кардааст.[/b]

Ин маҳфил бо ибтикори Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон баргузор шудааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳадаф аз баргузории маҳфили мазкур баҳсу баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи расонаҳо, ба хусус нашрияҳои чопии кишвар аст.

Ҷаноби Маҳмуд гуфт, ки дар ин нишаст ҳамаи сардабирони нашрияҳои чопӣ, чӣ давлатӣ, чи ҳизбӣ ва чӣ хусусӣ даъват шудаанд. Ва мавзӯи нишасти нахустин ҳам ба масъалаи асардуздӣ ё плагиат бахшида шудааст.

Манбаъ афзуд, ки ин мавзӯъ барои он дар нишаст мавриди муҳокима қарор мегирад, ки дар аксари маворид ба мушоҳида мерасад, ки хабарнигорони расона ва оҷонсиҳои гуногун аз матолиби ҳамдигар истифода мекунанд, аммо манбаи аввали нашри хабарро зикр намекунанд.

Ҷаноби Маҳмуд афзуд ҳамчунин дар ин нишаст масоили дигари вобаста ба фаъолияти хабарнигорон ва созмонҳои рӯзноманигорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Вай гуфт, ки ин талоши аввалини даври ҳам овардани сардабирони нашрияҳо аст ва дар оянда саъй хоҳанд кард, ки маҳфил ё «Клуби сардабирон» албатта бо иштироки масъулини нашрияҳои чопӣ аз вилоёт ва навоҳии кишвар низ ба таври муназзам идома пайдо кунад. Зеро дар шароити имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон нақш ва таъсири васоити ахбори омма ҳамвора дар ҳоли афзоиш пайдо кардан аст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24636779.html

САҲА: «Дастрасӣ ба интернетро маҳдуд накунед»

[b]Рӯзи 5-уми июл САҲА аз ҳукуматҳо дархост намуд, ки аз монеагузорӣ дар дастрасӣ ба интернет худдорӣ кунанд.[/b]

Масъули озодии матбоут дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Дуня Миатович рӯзи панҷшанбе дар як нишасти байналмилалӣ дар Туркманистон гуфт, интернет бояд анҷумани бози мардумӣ ба хотири озодии баён бошад.

Ӯ меафзояд, агар ҳукуматҳо аз амнияти шаҳрвандонашон нигарон бошанд, онҳо бояд ба омӯзиши интернет ва ташхиси меъёрҳои худ назорат ва таваҷҷӯҳ намуда, аз қатъи дастрасӣ ба интернет ҳамчун василаи назорати он худдорӣ кунад.

Рӯзи панҷшанбе ҳангоми суханронӣ аз минбари як конфронси воситаҳои ахбори умум дар шаҳри Ашқободи Туркманистон, Миатович аз кишвари мизбони конфронс даъват кард, дар робита бо озодии матбуот қонунҳоеро тасвиб кунад, ки бо кӯмаки САҲА таҳия шудаанд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Freedom House (Хонаи Озодӣ) Туркманистонро дар рӯйхати ҳашт кишвари бадтарин дар соҳаи озодии баён шомил кардааст. Бахши асосии хабару таҳлилҳои расонаҳои Туркманистон ба қадрдониву таърифи президент Қурбонқулӣ Бердимуҳамадов бахшида шудааст.

Бо ишора ба ин сабабҳо Миатович таъкид кард, ки баргузории конфронс дар Туркманистон хеле муҳим аст: “Ин аввалин конфронси воситаҳои ахбори умуми Осиёи Марказӣ дар Ашқобод, дар Туркманистон аст. То ин замон чунин нишаст дар ин кишвар барпо нашуда буд. Аз ин рӯ, арзёбии озодии баён ар ин ҷо хеле муҳим аст.“

Миатович ёдовар шуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сензураи расонаҳо маъмул аст ва конфронси Ашқобод бо паёме ба ҳукуматҳои минтақа муроҷиат хоҳад кард, то вазъро тағйир диҳанд: “Мо нақша дорем, як эъломияи муштарак ба тасвиб расонем. Ман мехоҳам онро ба панҷ вазири корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба масъалаҳое ҷалб кунам, ки дар маркази ӯҳдадориҳои кишварҳои узви САҲА дар соҳаи ҳимоят аз озодии баён қарор доранд.”

Моҳи гузашта дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия Плюс” муваққатан қатъ шуда буд. Тибқи хабарҳо мақомот аз шарҳи хонандагон, ки дар поварақи мақолаҳо ҷой дода мешавад, нороҳат шуда буданд. Ҳамин гуна дар моҳи март низ баъди нашри чанд мақолаи баҳсбарангез ва баррасии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон имкони вуруд ба баъзе сомонаҳо маҳдуд шуда буд.

Дар Қазоқистон бошад, вуруд ба бахши блогҳо ғайриимкон аст. Мақомот бо ишора ба саҳифаҳои ифротии мазҳабӣ, дастрасӣ ба ин платформаро мутаваққиф кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24636636.html

Конгрессменҳои амрикоӣ бо сардабирони нашрияҳои мустақил вомехӯранд

[b]Рузи 5 июл 10 узви Конгресси Амрико ба Душанбе ташриф овардаанд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, ин ҳайат, дар навбати аввал, бегоҳии имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар мулоқот анҷом медиҳанд.[/b]

Ин ҳайат то ду рӯзи дигар дар Тоҷикистон хоҳанд монд ва дар назар аст, ки бо мақомоти гуногун, аз ҷумла, раҳбарони парлумон, аҳзоби сиёсӣ, ВАО ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳанд кард. Дар бораи мӯҳтавои барномаи сафари онҳо то ба ҳол тафсилоте дода нашудааст, аммо дар доираи сафари конгрессменҳои амрикоӣ мулоқот бо сардабирони нашрияҳои мустақил ва сомонаҳо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки сафари ҳайати конгрессменҳои амрикоӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳси Тоҷикистону Русия дар мавриди пойгоҳи низомии 201 гардиши нав мегирад ва то охири соли оянда неруҳои байналмилал хоки Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=26586&Itemid=30

Изҳороти намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба тӯҳмату таҳқир

[b]Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нисбати ғайриҷиноӣ эълон шудани банди тӯҳмату таҳқир дар кишвар изҳорот нашр кардааст. Дар ин бора аз Намояндагии ин созмон ба TojNews хабар доданд. Тибқи хабари расида, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳороти мазкурро бо ризоияти сарони сафоратҳои ИА дар Тоҷикистон дарҷ кардааст.[/b]

— Намояндагии ИА дар Тоҷикистон тағйироти воридгаштаро ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хориҷи ҷазои ҷиноӣ нисбати тӯҳмату таҳқир мепазирад. Намояндагии ИА боварии комил дорад, ки чунин тадбир дар риояи озодиҳои Воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва озодии баён саҳм хоҳад гузошт,- омадааст дар ин изҳорот.

Ҳамчунин, Намояндагии ИА таваҷҷӯҳ бар он дорад, ки моддаи 137-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҷавобгарии ҷиноиро дар баъзе ҳолатҳои муайян пешбинӣ менамояд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват менамояд, ки бандҳои боқимонда ва инчунин, ҷазои ҷиноиро барои тӯҳмату таҳқир куллан аз байн бардорад. Дар идомаи ин изҳорот гуфта мешавад, ки ИА дастгирии рушди озодии ВАО ва озодии баёнро дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Зимнан, дар рӯзи 10-уми марти соли равон, зимни як нишаст ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон берун карда шаванд

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=26587&Itemid=30

Ещё один сайт на WordPress