Тӯраҷонзода муҷаддадан вориди қазияи додгоҳӣ шуд

[b]Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз мазҳабиёни саршиноси тоҷик, шабакаи “Суғд» дар шимоли кишвар ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғдро ба додгоҳ кашид.[/b]

Оқои Тӯраҷонзода иддаъо дорад, ки раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд дар барномаи телевизиюние дар шабакаи “Суғд” дар моҳи апрели соли ҷорӣ нисбат ба шахси ӯ тавҳин кардааст.

Дар ин баронома, ки “Дин ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ” ном дошт, раиси Шӯрои уламо ва панҷ нафар аз имомхатибони бархе аз шаҳристонҳои вилояти Суғд оқои Тӯраҷонзодаро бо баргузории маросими Ошӯро дар масҷиди Муҳаммадия дар ноҳияи Ваҳдат муттаҳам карда ва ӯро ба унвони яке аз мубтакирони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон муъаррифӣ карданд.

Файзиннисо Воҳидова, ки ахиран вакилати оқои Тӯраҷонзода дар додгоҳро ба уҳда гирифтааст, мегӯяд, ки муваккилаш ин иттиҳомотро беасос дониста ва тасмим гирифтааст тавассути додгоҳ ҳайсияти худ дифоъ кунад.

Зимнан, қазоёи додгоҳии бародарон Тӯраҷонзода тӯли ним соли ахир идома дорад. Нахуст Шӯрои уламои исломӣ дар баёнияе бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзодаро ба баргузори маросими «Ошӯро», ки вижаи мазҳаби ташаййӯъ аст, муттаҳам карда ва иддаъо дошт, ки онҳо аз ин роҳ қасд доштаанд дар миёни мусалмонон «фитна» барангезанд.

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат 23 декабр бародарон Тӯраҷонзодаро дар таҳқир ва тавҳини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муҷрим шинохта ва ҳар яке аз онҳоро 350 сомонӣ ҷарима кард.

Аз сӯйи дигар, додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти бародарон Тӯраҷонзода алайҳи раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мабнӣ ба тақаллубкорӣ дар таҳияи матни баёнияи ин шӯро алайҳи хонаводаи Тӯраҷонзодаро рад кард.

Сипас бо дархости Кумитаи дини Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ҳукм кард, ки масҷдиди ҷомеъи хонаводагии бародарон Тӯраҷонзода ба масҷиди панҷвақта табдил шавад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо далели ин ки “мубориза бефоида аст” аз шикоят ба додгоҳи истинофӣ алайҳи чунин ҳукми додгоҳи ноҳияи Ваҳдат худдорӣ кард ва гуфт, ки аз ин қазия “хаста” шудааст.

Ин дар ҳолест, ки нашрияҳои давлатии Тоҷикистон, бавижа, “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, пайваста алайҳи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва бародаронаш матолиби интиқодӣ мунташир мекунанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар нашрияҳои давлатии вилоёту навоҳии Тоҷикистон низ матолиби мушобеҳе мунташир мешаванд. Ба ин далел ин суол матраҳ аст, ки оқои Тӯраҷонзода танҳо шабакаи телевизиюнии “Суғд”-ро ба додгоҳ мекашад ва ё расонаҳои дигарро низ?

Ахиран оқои Тӯраҷонзода дар мусоҳиба бо нашрияи хусусии “Фараж” эълом кард, ки барои “дуэл” бо муаллифони “беноми” ин матолиб омода аст. Вай изҳор дошт, ки омода аст дар яке аз дафотири нашрияҳои мустақилли чопи Душанбе бо якояки ин муаллифон суҳбат карда ва ба тамомии пурсишҳои онон посух бигӯяд.

Оқои Тӯраҷонзода муътақид аст, ки ин матолиб аз сӯйи афсарони ниҳодҳои амниятӣ таҳия шудаанд, вале барои афсарон истифода аз номҳои мустаъор мояи ифтихор буда наметавонад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120703_if_tjk_tv_court_turajanzadeh.shtml

Шабакаи аввал: ‘Наворҳои мо сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар Душанберо исбот мекунанд’

[b]Як масъули «Шабакаи аввал»-и телевизиюни давлатии Тоҷикистон гуфт, ки аз тасмими шаҳрдории Душанбе барои ба додгоҳ кашидани ин шабака нигарон нест.[/b]

Ин масъули «Шабакаи аввал», ки нахост номаш ифшо шавад, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, телевизиюн наворҳоеро дар ихтиёр дорад, ки дурустии гузориши интиқодӣ дар бораи сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави шаҳри Душанберо собит месозанд.

Вай афзуд: «Мо тоза аз ин тасмими шаҳрдорӣ огоҳ шудем. Наворҳое дорем, ки дурустии ҳарфҳои моро собит месозанд. Навори видиюӣ тахайюлӣ нест, ки онро додгоҳ тавонад рад созад.»

Шавкат Саидов, схунгӯйи шаҳрдории Душанбе, рӯзи чаҳоршанбеи 4 июл хабар дод, ки ахиран шаҳрдорӣ аз пахши як гузориши телевизиюнии «Шабакаи аввал» ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Дар ин матлаб хабарнигори «Шабакаи аввал» аз сохтмони ғайриқонунии маскан дар қитаъоти ноамн дар қаламрави шаҳри Душанбе гузориш карда ва аз шаҳрдорӣ барои адами ҷилавгирӣ аз чунин сохтмонҳо интиқод кардааст.

Оқои Саидов мегӯяд, ки хабарнигори «Шабакаи аввал» зимни таҳияи ин гузориш ба шаҳрдорӣ муроҷиъа накарда ва мавқеъи ин ниҳодро мунъакис накардааст, ки хилофи меъёрҳои хабарнигории муъосир дониста мешавад.

Ба эътиқоди масъулони шаҳрдории Душанбе, баррасии ин мавзӯъ «якҷониба ва ғайримунсифона» будааст. Гузашта аз ин, шаҳрдории Душанбе расман аз «Шабакаи аввал» хостааст, ки дар ин замина раддияе пахш кунад, вале то ҳол ин амр сурат нагирифтааст.

Як масъули «Шабакаи аввал» дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо наметавонанд чунин раддияро пахш кунанд. Зеро, наворҳое, ки дар даст доранд, вуҷуди мавориди сохтмони ғайриқонунии маскан дар Душанберо таъйид мекунанд.

Ин манбаъ афзуд: «Мо дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе ин гузоришро таҳия кардем. Барои сохтмони чунин як маскан ду-се сол зарурист. Магар масъулони шаҳрдорӣ тӯли ин муддат аз вуҷуди чунин сохтмон огоҳ нашуданд?»

Гузашта аз ин, ин масъули «Шабакаи аввал» изҳор дошт, ки маъмулан ба ниҳодҳои давлатӣ барои шарҳи мавзӯъе муроҷиъа мекунанд, вале мақомоти зирабт бо далоили мухталиф аз изҳори назар худдорӣ мекунанд.

Зимнан, душвории суҳбат бо мақомоти тоҷик барои хабарнигорон дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдае маҳсуб мешавад. Вале, ҳамвора ин тасаввур вуҷуд дошта, ки мақомот барои мусоҳиба бо «Шабакаи аввал», ҳамеша омодаанд.

«Шабакаи аввал», ки ба Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон вобаста аст, як расонаи давлатӣ буда ва ҳазинаи фаъъолияти он умдатан аз будҷеи давлат фароҳам мешавад.

Шикояти додгоҳии шаҳрдории Душанбе алайҳи ин шабакаи телевизиюнӣ бесобиқа аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон аст, дар силсиламаротиби мақомҳои давлатӣ пас аз раиси ҷумҳур дувумин шахс маҳсуб мешавад.

Аз сӯйи дигар, дар гузашта мақомоти шаҳрдории Душанбе аз «бетавваҷуҳии шабакаҳои давлатии телевизиюнӣ ба масоили пойтахти Тоҷикистон» изҳори назар мекарданд.

Ҳарчанд оқои Убайдуллоев аз шахсиятҳои калидӣ дар ҳайъати давлатии Тоҷикистон аст, вале чеҳраи ӯ дар шабакаҳои телевизиюнии давлатӣ гоҳ-гоҳ ва умдатан дар канори раиси ҷумҳур зоҳир мешавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120704_if_conflict_tv1.shtml

Шаҳрдории Душанбе «ТВ-1»-ро ба додгоҳ кашид

[b]Як намоиши Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон сабаби норозигии шаҳрдори Душанбе шуда, сарпечии телевизион аз пахши ҷавоби шаҳрдорӣ, акнун боиси баҳсе дар додгоҳ мегардад.[/b]

Дар аризааш ба суди ноҳияи Шоҳмансур, шаҳрдорӣ Шабакаи якумро ба нашри гузориши якҷониба ва паст задани шаъну эътибори худ айбдор мекунад.

Онҳое, ки ин гузориши телевизиониро дидаанд, мегӯянд, дар он хонаҳое нишон дода мешуд, ки зери ярч мондаанд ва осебрасидагон ёриҳои фаврии шаҳрдориро тақозо кардаанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=205]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=205[/url]

Источник:

Шаҳрдории Душанбе «ТВ-1»-ро ба додгоҳ кашид

[b]Як намоиши Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон сабаби норозигии шаҳрдори Душанбе шуда, сарпечии телевизион аз пахши ҷавоби шаҳрдорӣ, акнун боиси баҳсе дар додгоҳ мегардад.[/b]

Дар аризааш ба суди ноҳияи Шоҳмансур, шаҳрдорӣ Шабакаи якумро ба нашри гузориши якҷониба ва паст задани шаъну эътибори худ айбдор мекунад.

Онҳое, ки ин гузориши телевизиониро дидаанд, мегӯянд, дар он хонаҳое нишон дода мешуд, ки зери ярч мондаанд ва осебрасидагон ёриҳои фаврии шаҳрдориро тақозо кардаанд.

Шавкат Сайидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, дар ин гузориши барномаи «Ахбор» дар шоми 2-юми май назари мақомоти шаҳр ҷой надошт, ҳол он ки аввалан хонаҳои мазкур худсарона ва дар ҷои хатарнок сохта шуда, бо вуҷуди ин шаҳр ба осебзадагон мадад расонда буд.

Ҷаноби Сайидов афзуд, шаҳрдорӣ ба унвони Шабакаи Якум ва Кумитаи радио ва Телевизиони Тоҷикистон роҷеъ ба ин гузориш номаи эътирозӣ навишта ва аз онҳо хост, ки дар ин бора раддия пахш кунанд. Аммо дархости шаҳрдорӣ иҷро нашуд ва акнун ягона чора муроҷиат кардан ба додгоҳ аст:

“Хабарнигорон, новобаста аз онки дар расонаи хусусӣ ва давлатӣ фаъолият мекунанд, аз фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фазои иттиллоти кишварро махлут созанд. Дар ин зимн шаҳрдорӣ бо истифода аз ҳуқуқҳое, ки қонунгузории кишвар муҳайё кардааст истифода карда ва барои ҳимояи шараф ва эътибори кории худ ва бо аризаи даъвогӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард, ки Шабакаи якуми телевизион расман бобати нодурустии гузориши хабарнигори худ дар барномаи «Ахбор» раддия чоп интишор карда ва ҳамзамон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад.”

Дар посух ба ин даъво Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон сукут ихтиёр кард, аммо Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки гузориш дар асоси муроҷиати сокинони Душанбе таҳия гашт ва ҳадаф аз он тасвири вазъи шаҳрвандон буд.
Дар мавриди он, ки чаро назари мақомоти шаҳр ба гузориш роҳ наёфт ва ин акнун сабаби эътирозҳо гашт, ҷаноби Ғоиб гуфт, ки мақомот на ҳамеша омодаи сӯҳбат бо хабарнигоронанд ва телевизион дар гузориши худ роҷеъ ба мушкилоти сокинони пойтахт вазифаи худро то ҳадди мумкин анҷом дод:

“Навор пахш шудааст. Ин радио бошад, ки бигӯянд бофтааст ва ё газета бошад, ки гӯянд дурӯғ навишта шудааст. Барои навор пеш аз ҳама журналист ҷавоб медиҳад. Телевизиони давлатӣ аст. Муроҷиати шаҳрвандонро ба назар гирифта ба маҳалли ҳодиса меравад. Дар аксари ҷойҳо назар гирифта намешавад. Чунки қабул намекунанд. Назди он одамҳо равӣ мегӯянд, ки раис нест. Мо ҳақ надорем. Як мактуби оддиро мепурсӣ мегӯяд, ки мо ҳақ надорем. Онҳо як бор бо телефон ба мо гап заданд. Ман гуфтам, ки расман ба Кумита нома нависед.”

Норозигӣ аз гузоришҳои якҷониба дар васоити ахбори умум ҳодисаи нав нест ва борҳо сабаби кашокаш дар додгоҳҳо шудааст. Аммо бори аввал аст, ки шаҳрдорӣ бо телевизиони давлатӣ вориди чунин баҳс шуда, шахси дуввуми раҳбарияти кишвар, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсайид Убайдуллоев дар он шомил мегардад. Аз ин рӯ бархӯрди коршиносон ва таҳлилгарон ба ин қазия аз ҳам фарқ мекунад.

Зиннатуллоҳи Исмоил, узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бар ин аст, ки дар ҳоле як ниҳоди давлатӣ мавриди танқид қарор мегирад, шарт ва зарур аст, ки назари ин ниҳод низ инъикос ёбад. Танҳо дар он сурат гузориши хабарнигор аз барчаспи яктарафагӣ эмин мемонад. Аз ҷониби дигар меафзояд ҷаноби Исмоил, беҳтар буд,
ки ин мушкил дар ҷаласаи Шӯрои ВАО ҳалли худро пайдо мекард, то инки ба додгоҳ кашонида шавад:

“Журналистон, ки рисолати касбиашон расонидани иттилоот аст, бояд ҷонибҳое, ки ба иттилоъ вобаста мебошанд аз онҳо ва низ аз манбаъҳои мӯътамад истифода кунад. Мо дар Шӯрои ВАО бар ин ақида астем, ки кулли ин баҳсҳо то додгоҳ ҳал шаванд ва агар шаҳрдорӣ ба мо Шӯрои ВАО муроҷиат мекард, мо ин баҳсро то додгоҳ ҳаллу фасл мекардем ва албатта ин беҳтар аз он буд, ки баҳс ба додгоҳ кашонида шавад.”

Нашри гузориши танқидӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар Шабакаи якуми Тоҷикистон бори аввал рух намедиҳад. Дар чанд мавриди дигар низ ин расона фаъолияти баъзе аз ниҳодҳои шаҳрдориро номуассир хонда буд. Аммо ба ақидаи бархе аз соҳибназарон, ҳанӯз наметавон гуфт, ки ин гузоришҳоро аломати бартарӣ ёфтани назари танқидии Шабакаи аввал ба мушкилоти кишвар номид. Зеро дар мавриди айни чунин мушкилот, ки дар бақия шаҳру навоҳии кишвар фаровон ба назар мерасад, Шабакаи якум сукут меварзад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд вақте аз радио ва телевизонҳои давлатӣ умдатан ба унвони абзори идеологӣ истифода мешавад, нашри гузоришҳои интиқодӣ дар ҷомеа бардоштҳои гуногунеро ба вуҷуд меоранд: “То ҳанӯз ҳам онҳо худро ба сифати як бахши идеологии ҳукумат муаррифӣ мекунанд. Ва мушкили аслӣ ҳам аз ҳамин бармеояд. Шояд дидаву дониста ҳамин гуна барномаҳо пахш мешаванд ё шояд ба интрига ва ё чизҳое марбут аст, ки мо намедонем.”

Бо ин ҳол додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти шаҳрдорӣ алайҳи Шабакаи якум шурӯъ накардааст. Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир мӯҳтавои шикоят омӯхта мешавад. Ба чӣ шакл ҳал шудани ин баҳси додгоҳӣ миёни ду ниҳоди давлатӣ метавонад рӯшан кунад, ки ин як баҳси қатории гузоришҳои яктарафа аст ё ангезаҳои дигаре дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24634547.html

Банди «тӯҳмату таҳқир» аз Кодекси ҷиноӣ берун шуд

[b]Раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди ҳазфи бандҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «тавҳин»-ро ба имзо расонид.[/b]

Ҳамакунун моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд ва бо нашр шудан дар матбуоти расмӣ, ҳукми қонунӣ мегиранд.

Ҳазфи моддаҳои вобаста ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар пайи ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иттифоқ афтод. Маҳофили хабарӣ ва рӯзноманигорони тоҷик низ аз ислоҳоти мазкур ба қонуни ҷиноии кишвар истиқбол карданд. Зеро аз чанд сол ба ин сӯ маҳз хабарнигорон буданд, ки дархости ҳазфи ин бандҳоро аз қонунгузории кишвар дар миён мегузоштанд.

Дар таърихи 10-уми марти соли ҷорӣ зимни як нишаст ба муносибати 100 солагии матбуоти тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд ки моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон берун карда шаванд.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонун, мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд. Намунаи равшани он, ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи «Нури Зиндагӣ» аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам «таҳқир»- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Бо назардошти он, ки банди муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ ҳазф шуд, имкони қабули қонуни нави матбуот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он низ бештар шудааст. Қонуни ҳозираи матбуоти Тоҷикистон дар 20 соли пеш, ҳанӯз дар соли 1990 аз сӯи порлумони Тоҷикистони Шӯравӣ қабул шуда буд. Аммо дар ин муддат чандин бор ба он тағйирот ва илова ворид намуданд.

Дар ҳафт-ҳашт соли пеш низ гурӯҳе аз созмонҳои журналистӣ бо пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ тарҳе аз қонуни матбуотро барои қабул таҳия ва пешниҳод карда буданд, ки аз сӯи ниҳодҳо ва афроде, ки ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дастгирӣ пайдо накард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24634444.html

Дастрасии озод ба сойтҳои ‘ифротгаро’ дар Тоҷикистон

[b]Алорағми ҳукми Девони олии Тоҷикистон дар мавриди масдудияти сойтҳои муртабит ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар ин кишвар, ин сойтҳо ҳамчунон қобили дастрасист.[/b]

Аз сӯйи дигар, манобеъи амниятии Афғонистон гузориш додаанд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.

Девони (Додгоҳи) олии Тоҷикистон рӯзи 3 май фаъъолияти «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», як гурӯҳи исломгарои навпоро, дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=204]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=204[/url]

Источник:

Пойгоҳи Русия камари расонаҳои мустақиллро мешиканад

[b]Намояндагони шуморе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин кишварро, ба ончи «миёншикании рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон» мехонанд, муттаҳам кардаанд.[/b]

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 22 июн дар ҷаласаи марбут ба панҷумин солгарди таъсиси телевизиюни «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) матраҳ шуд.

Масъулони Симои мустақилли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сол пеш бад-ин сӯ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба далели мухтал шудани барномаҳояш тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия ба ин телевизиюн дастрасӣ надоранд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=203]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=203[/url]

Источник:

Дастрасии озод ба сойтҳои ‘ифротгаро’ дар Тоҷикистон

[b]Алорағми ҳукми Девони олии Тоҷикистон дар мавриди масдудияти сойтҳои муртабит ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар ин кишвар, ин сойтҳо ҳамчунон қобили дастрасист.[/b]

Аз сӯйи дигар, манобеъи амниятии Афғонистон гузориш додаанд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.

Девони (Додгоҳи) олии Тоҷикистон рӯзи 3 май фаъъолияти «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», як гурӯҳи исломгарои навпоро, дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Тоҳир Қодиров, додраси Девони олӣ, он замон эълом карда буд, ки ширкатҳои иртибототи Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дастрасӣ ба сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет»-ро, ки ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» мутаъаллиқ дониста мешаванд, масдуд кунанд.

Аммо бо гузашти якуним моҳ аз аз он замон, дастрасӣ ба ин сойтҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунон имконпазир аст. Масъулони бархе аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ гуфтанд, ки дар бораи масдудсозии ин сойтҳо ҳеч гуна дастуре «аз боло» нагирифтаанд.

Сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет», ки Девони олии Тоҷикистон онҳоро ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» муртабит медонад, худро «минбари муҷоҳидин» муъаррифӣ мекунанд ва матолиби ин сойтҳо ғолибан аз даъвати мардум ба ҷиҳод ва «афзалтар будани ҷиҳод» бар соири ибодатҳо ва умури мазҳабӣ, аз ҷумла ҳаҷ ва таъмири масҷид, иборат аст.

Тибқи мусаввабаи Девони олии Тоҷикистон, «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як гурӯҳи «теруристӣ ва ифротгаро» шинохта шуда ва гуфта мешавад, ки фаъъолияти ин гурӯҳ амнияти Тоҷикистонро ба хатар меандозад.

Як мақоми амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» «хатарноктарин гурӯҳи теруристӣ ва ифротгаро» барои амнияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва хатароти он аз Алқоъида ва Толибон бештар аст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як бахши Ҷунбиши Исломии Узбакистон, як гурӯҳи тандрави исломӣ дар минтақа, аст, ки аз сӯйи Алқоъида ҳимояти молӣ мешавад.

Зимнан, расонаҳои гурӯҳии Афғонистон бо такия ба манобеъи амниятӣ иттилоъ додаанд, ки аъзои «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ва шабакаи Ҳаққонӣ талош доранд фаъъолиятҳои теруристии худро аз манотиқи шимоли ғарби Покистон ба Тоҷикистон мутамаркиз кунанд.

Шабакаи телевизиюнии «Тулӯъ» аз қавли Шафиқулло Тоҳирӣ, муъовини сухангӯйи Идораи амнияти Афғонистон, хабар дод, ки «гурӯҳҳои теруристӣ, ки дар устони Вазиристони Шимолии Покистон мустақар ҳастанд, тавассути пайкорҷӯёни тоҷик ва узбак амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунанд.»

Шабакаи телевизиюнии «Ориёно» бо такия ба манобеъи амниятӣ хабар дод, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ҷавонони тоҷикро ба суфуфи худ ҷалб карда ва онҳоро барои омӯзиш ба урдӯгоҳҳо дар Покистон эъзом мекунад. Сипас ин афрод барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Манобеъи амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо дар баҳори соли ҷорӣ ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон чанд мазнун дар узвияти Ҷунбиши Исломии Узбакистонро боздошт карданд. Як узви дигари ин гурӯҳ дар Покистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ин гурӯҳ қасд доштааст теъдоде аз сокинони рустои «Қизилнишон»-и ноҳияи Қумсангирро барои омӯзиш ба Покистон бифиристад.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки афзоиши фаъъолияти гурӯҳҳои пайкорҷӯи исломӣ дар Тоҷикистон «ғайричашмдошт нест.»

Вай афзуд: «Ҷунбиши Толибон муваффақ шуд, ки дар масири хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Покистон монеъ эҷод кунад ва то андозае «пирӯз» шавад. Ҳоло мавзӯъи истифода аз ин масир барои нерӯҳои НОТУ норӯшан аст. Ҳамакнун Толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба он талош хоҳанд кард, ки дар масири шимолӣ низ барои НОТУ мушкил эҷод кунанд.»

Ба эътиқоди оқои Ҳодизода, ин гурӯҳҳо бо шумули аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар манотиқи ҳаммарз фаъъол хоҳанд шуд, вале вай афзуд, ки суоли матраҳ ин аст, ки дар минтақаи ҳаммарзи кадом кишвар, Тоҷикистон ё Афғонистон?

Фаридун Ҳодизода гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд пайкорҷӯён умдатан дар манотиқе фаъъолият хоҳанд кард, ки ҳифозат аз марз дар он манотиқ душвортар аст.

Манобеъи пулис ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар додаанд, ки тӯли ду ҳафтаи ахир дар минтақаи Шӯроободи вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчии маводди мухаддир амалиёти вижае анҷом медиҳанд.

Аммо рӯшан нест, ки дар ин амалиёт оё марзбонони тоҷик бо гурӯҳҳои вобаста ба Ҷунбиши исломии Узбакистон ё «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» низ даргир шудаанд ё хайр.

Аз сӯйи дигар, рӯзи сешанбеи 19 июн ҳамоише дурӯза дар бораи густариши ифротгароӣ дар Тоҷикистон ба ибтикори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо оғоз шудааст.

Дар ин ҳамоиш, ки пушти дарҳои баста доир мешавад, коршиносон, диплумотҳои хориҷию маҳаллӣ, намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ роҳҳои муқобала бо ифротгароиро баррасӣ мекунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120619_if_ansarollah_islam.shtml

Пойгоҳи Русия камари расонаҳои мустақиллро мешиканад

[b]Намояндагони шуморе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин кишварро, ба ончи «миёншикании рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон» мехонанд, муттаҳам кардаанд.[/b]

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 22 июн дар ҷаласаи марбут ба панҷумин солгарди таъсиси телевизиюни «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) матраҳ шуд.

Масъулони Симои мустақилли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сол пеш бад-ин сӯ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба далели мухтал шудани барномаҳояш тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия ба ин телевизиюн дастрасӣ надоранд.

Ширкаткунандагони ҷаласа аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки давлати Тоҷикистон то кунун натавонистааст аз ин навъ «қонуншикании» пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави худ ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳоле ки телевизиюни Симои мустақилли Тоҷикистон аз Вазорати роҳ ва иртибототи ин кишвар барои пахши барномаҳояш мавҷи 29-ро харидорӣ карда, аммо дар пойизи соли 2009 рӯи ин мавҷ барномаҳои дигаре тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия пахш мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, тибқи қавонини Тоҷикистон, пойгоҳи низомии Русия ҳаққи пахши барномаҳои худро дар берун аз пойгоҳи худ надорад.

Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия фиристандаҳоеро дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб насб карда ва ба василаи онҳо барномаҳои телевизиюни «ОРТ»-и Русияро рӯйи мавҷи барномаҳои СМТ ё Симои мустақилли Тоҷикистон бозпахш мекунад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд дар ин қазия мақомоте, ки мавҷи нодурустеро ба СМТ фурӯхтаанд, муқассиранд, вале мақомот мегӯянд ин мавҷ замоне ки расман холӣ маҳсуб мешуд, дар ихтиёри телевизиюни СМТ қарор дода шудааст.

Баъзе аз рӯзноманигороне, ки дар ҷаласаи марбут ба панҷсолагии таъсиси телевизиюни СМТ ҳозир буданд, пешниҳод карданд, ки барои ҳалли ин қазия рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия як роҳпаймоии эътирозӣ баргузор кунанд.

Аз ҷумла, Саёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР», дар ин бора гуфт: «Талаб кардани мавҷи нав ба маънои таслимшавии СМТ, таслимшавии тамоми журналистикаи (рӯзноманигории) Тоҷикистон, таслимшавии Сарқонун ва давлати Тоҷикистон дар назди як пойгоҳи низомии Русия аст.»

Вай афзуд: «Ба назари ман, ҳамаи мақомоти давлатие, ки фаъъолияти онҳо ба амнияти иттилоъотӣ марбут аст, комилан кори худро иҷро намекунанд. Кофӣ аст, ки ба ёд орем, чи тавр шабакаи ОРТ-и Русия қазияи халабонҳоро дар барномаҳояш бозтоб дод ва ин шабака дар Тоҷикистон ба ҷойи барномаҳои телевизиюни мустақилли мо, ки дар он мавзеъи Тоҷикистон бозтоб меёфт, пахш мешуд.»

Оқои Мизроб пешниҳод кард, ки дар сурати лозим рӯзноманигорон бояд роҳпаймоие эътирозӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия баргузор кунанд.

Аммо Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ ва дар гузашта мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки калиди ҳалли ин қазия дар дасти ҳукумат аст ва бояд аз ҳукумат талаб карда шавад, на пойгоҳи низомӣ.

Оқои Усмонов гуфт: «Бояд ба ҳамон муассисае муроҷеъат ва эътироз кард, ки бо СМТ шартнома (қарордод) дорад ва агар пойгоҳи низомии Русия қонуншиканӣ кардааст, ҳамон муассиса масъул аст, ки алайҳи онҳо ба додгоҳ шикоят барад.»

Дар ҳамин ҳол, Зинатуллоҳ Исмоъилов, раиси телевизиюни СМТ, гуфт, ки дар қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи пойгоҳи низомӣ, омадааст, ки танҳо дар сурати дастрас набудани конолҳои русӣ тавассути моҳвора, пойгоҳи низомӣ метавонад фиристандае барои худ насб кунад, аммо чунин иҷозаро пойгоҳи низомӣ нагирифтааст.

Оқои Исмоъилов афзуд: «Аммо инҳо чи кор карданд, на танҳо фиристанда монданд, балки дар Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб фиристанда монданд ва рӯйи мавҷи мо барномаҳои русиро на танҳо дар пойгоҳи худ, балки барои мардуми мо, пахш мекунанд.»

Ширкаткунандагон дар поёни ҷаласа гуфтанд, ки ниҳоди масъул барои ҳалли ин мавзӯъ қабл аз ҳама Идораи давлатии иртиботот ва Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ҳастанд, ки танзими фаъъолияти ҳамаи родию ва телевизинҳо дар кишварро бар ӯҳда гирифтаанд.

Дар ниҳоят, тасмим бар ин шуд, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ бори дигар бо ирсоли номае ҳалли ин қазияро аз ин ниҳодҳо тақозо кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120622_sq_independent_tv_russian_base.shtml

Зинатуллоҳи Исмоил: Телевизион барои ман бизнес нест!

[b]Телевизиони «СМТ», нахустин шабакаи телевизионии мустақил дар пойтахти кишвар имрӯз (18-уми июни соли 2012) панҷ сола мешавад. Ин расона тайи муддати фаъолияташ дар фазои иттилоотӣ тавонист теъдоди зиёди ҳаводоронро ҷамъ кунад. Аммо мушкилоти пахш дар басомад боиси нороҳатии масъулини шабакаву мухлисонаш гашта, сифати дастрасии барномаҳои онро мекоҳонад.[/b]

Дар арафаи таҷлили панҷсолагии шабакаи мазкур хабарнигори Озодагон бо Зинатуллоҳи Исмоил, муассис ва директори ТВ «СМТ» мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаашро ин ҷо мутолиа карда метавонед.

[b]Матни пурраи сўњбатро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=202]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=202[/url]

Источник:

Ещё один сайт на WordPress