Интиқоди созмонҳои мудофеъи озодии баён аз амалкарди Идораи иртиботот

[b]Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон бо судури як баёния масдуд шудани бархе аз сойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карданд.[/b]

Дар ин баёния омадааст, ки эҷоди маҳдудият барои дастрасӣ ба бархе манобеъи хабарӣ барои сокинони кишвар, нақзи ҳуқуқи маъдании мардум аст.

Ҳамчунин дар баёния таъкид шуда, чунин амалкарди мақомоти бахши иртибототи Тоҷикистон ба эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ латма ворид хоҳад кард.

Масъулони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон аз масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон низ интиқоди шадид карда ва бо иҷрои дархостҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ҳамдаст мешаванд.

Ин баёнияи муштарак рӯзи ҷумъаи 3-юми август, аз сӯйи масъулони Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди рӯзноманигорон, Шӯрои васоити ахбори ин кишвар ва созмони «Медиалянс»-и Тоҷикистон ба имзо расида ва мунташир шудааст.

Масъулони ин созмонҳо, тасмими мақомоти Идораи иртибототи кишварро барои маҳдуд кардани сойтҳоро ғайриқонунӣ хонда ва аз раҳбарони бахши иртиботот даъват карданд, ки ба ин амали хеш хотима бахшанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар ду моҳи ахир дастрасӣ ба вебсойти хабаргузории “Asia-Plus» се бор масдуд шудааст.

Оқои Қаршибоев афзуд: “Дар айни замон дастрасӣ ба хабаргузории “Asia-Plus маҳдуд аст ва ҳамчунин дастрасӣ ба сойтҳои хабарии “Vesti.ru”, “Новости”, “Lenta.ru”, “Fergana.ru” ва “Centerasia.ru” ва сойти нашри видиюҳои “Youtub” масдуд аст.”

Оқои Қаршибоев гуфт созмонҳои мухталифи дохилӣ ва байналмилалӣ дар гузашта низ аз чунин амалкарди мақомоти Идораи иртиботот интиқод кардаан ва пешниҳодҳое дар заминаи роҳбурди қонунӣ дар танзими интернет пешниҳод кардаанд.

Вай афзуд: “Дар моҳи май мо ба масъулони ин ниҳод пешниҳод кардем, ки дастрасӣ ба интернетро танҳо дар асоси ҳалномаи додгоҳ қонунӣ аст. Аз тариқи додгоҳҳо ҳалл кардани ихтилофоти мавҷуд бо расонаҳоро пешниҳод намудем, аммо ин пешниҳодоти мо пазируфта нашудаанд.”

Ин вокуниши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтае қабл ин созмонҳо, аз худдорӣ кардани мақомот барои интишори иттилоъоти расмӣ дар мавриди вазъияти воқеъӣ дар Бадахшон ба хабарнигорон интиқод карда буданд.

Нуриддин Қаршибоев ҳамчунин мегӯяд: “Бисёре аз мақомоти давлатӣ, ки раҳбарии Идораи иртибототи Тоҷикистонро бар уҳда доранд, аз ошноӣ бо фанноварии замонавии иттилоъотӣ дуранд ва салоҳияти пеш бурдани фаъъолият дар шароити муоъсирро надоранд ва беҳунарии онҳо муҷиби нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки як рӯзи қабл Гузоришгарони Бидуни Марз, як созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон низ, дар интиқод аз масдуд шудани бархе аз вебсойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистон баёния интишор дод.

Ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён гуфтааст, ки ин иқдоми давлат метавонад мунҷар ба уфти ҷойгоҳи Тоҷикистон дар феҳристи солонаи озодии баён дар кишварҳои ҷаҳон шавад.

Маҳдудияти дар дастарсӣ ба сойтҳои интернетӣ дақиқан ду рӯз пас аз оғози амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ва бозтоби густардаи ин ҳаводис дар сойтҳои хабарӣ сурат гирифт.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120803_zkh_massmedia_badakhshan_operation.shtml

Прокуратураи генералӣ журналистонро айбдор кард

[b]Прокуратураи генералии Тоҷикистон расонаҳои дохиливу хориҷиро ба “қаҳрамони озодихоҳ” тарошидан аз шахсияти Мамадбоқир Мамадбоқиров ва “роҳандозии барномаи тарҳрезишудаи бегонагон” айбдор мекунад. Дар ин бора дар як мактуби Хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки ба TojNews дастрас шуд, гуфта мешавад.[/b]

Дар ин мактуб аз ҷумла гуфта омадааст: “…соҳибқаламони дохиливу берунӣ комилан барномаи тарҳрезишудаи бегонагонро роҳандозӣ менамоянд ва ё худ амру супориши хоҷаеро иҷро мекунанд, ки нисбати давлату миллати мо носипосу душмананд…”.

Дар идомаи мактуб Прокуратураи генералӣ дар бораи шахсият ва фаъолияти Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич маълумот додаст.

Дар ҳоли ҳозир, ҷомеъаи журналистии Тоҷикистон ба ин айбномаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳиҷ вокунише нишон надодааст.

Источник: http://tojnews.org/node/3505

Тоҷикистон ба «душмани интернет» табдил меёбад?

[b]Созмони RWB гуфтааст, ки Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, худро ба рӯйхати кишварҳои “душмани интернет” наздик кардааст.[/b]

Изҳороти RWD ё Хабарнигорони бидуни марз баъд аз баста шудани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс”, хабаргузории русии “РИА Новости” ва чанд сомонаи дигар пахш шуд.

Ин созмон гуфтааст, Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад дар як радиф бо Узбакистону Туркманистон ҷой бигирад.

Аз оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшон, мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Дар давоми даҳ рӯзи ахир баъд аз амалиёти Хоруғ сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Чанд сомонаи дигар аз ҷумла сомонаи русии Бӣ-Бӣ-Сӣ ва YouTube дастнорас буданд.

Ширкатҳои дастраскунандаи интернет, дастрасӣ ба сомонаҳои хабариро бо супориши Хадамоти алоқа, ки «мушкилоти фанни»-ро баҳона мекунанд, маҳдуд намуданд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи ҷумъа 3-юми август Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз Хадамоти алоқа хостаанд, ки сабаби аслии масдуд кардани торнамоҳоро шарҳ диҳад.

Нуриддин Қаршибоев, рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки НАНСМИТ, Шӯрои «ВАО»-и Тоҷикистон, Медиа алянс» ва созмонҳои дигари журналистӣ амали ба гуфтаи онҳо «ғайриқонунӣ»-и Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистонро мақкум карда ва тақозо мекунанд, ки ба иқдомҳои худ поён диҳад.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз Хадамоти алоқаи кишвар хостаанд то шарҳ диҳад, ки сабаби аслии масдуд кардани сайтҳо чист.

Бо шурӯи амалиёти низомӣ дар Хоруғ, 17 сомонаи дохилӣ ва хориҷӣ аз тарафи Хадамоти алоқа масдуд карда шудааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки дар ин миён танҳо сомонаи «Азия плюс» се маротиба қатъ карда шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24665461.html

Изҳороти муштараки созмонҳои журналистии Тоҷикистон

ш. Душанбе, 3 августи соли 2012

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа_Алянси Тоҷикистон ва Шӯрои ВАО Тоҷикистон амалҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба манбаъҳои миллӣ ва байналмилии иттилоотро маҳкум карда, роҳбарияти мақоми мазкури ваколатдори давлатиро ба хотима бахшидан ба худсарӣ дар муҳити иттилоотии ҷумҳурӣ даъват менамоянд.

Дар як моҳи охир бори дуюм аст, ки Хадамоти алоқа дастрасӣ ба сомонаи маъруфтарин оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» (www.news.tj)-ро маҳдуд месозад. Айни ҳол дастрасӣ ба сомонаи ОИР «Новости», YouTube, Lenta.ru ва Vesti.ru, инчунин ду манбаи дигар — www.ferghananews.com ва www.centrasia.ru, ки асосан дар бораи воқеаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд, баста шудаанд.

Маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои мушаххас аз тарфи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар натиҷаи он ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот поймол мегардад, ба як навъ анъана табдил ёфтааст. Дар тӯли моҳҳои охири соли 2012 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ оид ба маҳдуд намудани дастрасӣ ба 15 манбаи иттилоотӣ амр додааст. Мавқеи ширкатҳои дастраскунандаи интернет ҳам ташвишовар аст, зеро онҳо ба Хадамоти алоқа пайравӣ намуда, талаботи ғайриқонунии мақомоти ваколатдори мазкурро иҷро карда, худашон иштирокчии нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мегарданд.

Иқдоми мазкури Хадамоти алоқа мавриди интиқоди созмонҳои ватанӣ ва байналмилалии журналистон ва ҳимояи ҳуқуқ қарор гирифта, оид ба танзимсозии Интернет тадбирҳои мушаххас тавсия шудаанд. Ба андешаи мо, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ рӯирост эҳтиром нагаштани меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии ҳуқуқ ба иттилоот ба эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Ин ҳолат инчунин эътимоди мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ба таҳаввулоти демократии ба роҳ андохаи роҳбарияти мамлакатро ҳам коҳиш медиҳад.

Ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба мақомоти марбута, аз ҷумла ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи зарурати таҳия намудани тартиби боз доштани фаъолияти сомонаҳо, табдирҳои то судӣ, инчунин бастани сомонаҳо бо тартиби судӣ тавсияҳо пешниҳод карда буданд. Вале пешниҳоди мазкур ба эътибор гирифта нашуда, амалҳои ғайриқонунӣ дар робита баВАО ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ то њол идома доранд. Дар вазъи баамаломада мо бори дигар тарафҳои манфиатдорро даъват менамоем, ки масъалаҳоро дар доираи қонун, бо назардошти ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ҳаллу фасл намоянд. Мо инчунин дар бораи ҳимояи манфиатҳояи ВАО омодаем ба онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ расонда, маслиҳат диҳем.

[b]Акбаралӣ САТТОРОВ, раиси ИЖТ,

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ,

Хуршед НИЁЗОВ, Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон,

Зинатулло ИСМОИЛОВ, раиси Шӯрои ВАО председатель Совета по СМИ Тоҷикистон[/b]

Источник:

«Asia plus» барои ҳалли мушкилот роҳи дигарро пеш мегирад

[b]Масъулини оҷонсии итилоотии «Asia plus» ин дафъа шояд ба суд муроҷиат намоянд.[/b]

Зебо Тоҷибоева, директори иҷроияи ин хабаргузорӣ аснои сӯҳбат бо Озодагон гуфт, ки дигар бо масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муроҷиат наменамоянд ва гуфтушунид ҳам карданӣ нестанд: «Қаблан, пас аз масдуд гардидани дастрасӣ ба сомона, ду маротиба ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муроҷиат намудем, аммо бефоида анҷом ёфт, ин навбат дигар намехоҳем ба ин ниҳод муроҷиат намоем».

Дар ҳамин ҳол, бону Тоҷибоева мегӯяд, барои бори якум масдуд кардани дастрасӣ ба сайти моро (www.asiaplus.tj) ба пахши ҳар гуна шарҳу комментҳои ноҷо иртибот доданд, дафъаи дуввум бошад, ҷавоби мушаххас надоданд ва ҳоло фикр мекунам, барои муроҷиат ба ин хадамот дигар зарурате нест, яъне муроҷиат ба он бефоида аст. Директори иҷроияи оҷонсии иттилоотии «Asia plus» таъкид намуд, ки ҳанӯз ҳеҷ гуна посухӣ расмӣ дар бораи бастани сомона ба онҳо нарасидааст.

Ёдрас менамоем, тайи 10 рӯзи ахир сайти «Азия-Плюс» ду дафъа маҳдуд шуда, дастрасӣ ба чандин сомонаҳои дигар, аз ҷумла Вести, Би-би-сӣ, «Озодагон», Памир-Вести ва Youtube пайиҳам масдуд шуд. Гуфта мешавад, рӯзи гузашта сафорати ИМА бо пахши як баёния аз масдуд шудани дастрасӣ ба сайти «АП» изҳори нигаронӣ кард. Дар номаи ин сафорат аз ҷумла омадааст: «Мо озодии сухани мардумро дар ҳама ҷо ҳимоят ва кишварҳои дигарро низ ба он даъват мекунем. Ҳангоми маҳдуд гардидани ибрози ақида, аз байн бурдани маълумот, қатъ гардидани мусоҳибаҳо ва маҳдудшавии интихоби одамон ҷараёни озодии иттилоот маҳдуд шуда, арзиши интернет барои одамон коҳиш меёбад».

Созмону ташкилотҳои журналистӣ, САҲА низ дар дафъаи гузашта аз бастани сомонаи «Asia plus» ибрози нигаронӣ карда буданд, аммо пас аз иҷозаи фаъолият дастрасӣ ба ин сайт аз рӯзи 1-уми август номумкин шуд.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/5870-lasia-plusr———

МУШКИЛИ ДАСТРАСИИ ИТТИЛООТ ДАР ТОҶИКИСТОН

[b]Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба манбаъҳои интернетии иттилоот Youtube, «AsiaPlus», сайти Оҷонсии иттилоотии «РИА Новости» ҳанӯз дастнорасанд. Гуфта мешавад, дастрасӣ ба ин манобеи иттилоотӣ дар робита ба инъикоси ҳаводиси Хоруғ, ки дар ин мавзеъ шурӯъ аз субҳи 24-уми июли соли ҷорӣ амалиёти махсуси мақомоти низомии Тоҷикистон ҷараён дорад, бо фармони шифоҳии Хадламоти алоқаи Тоҷикистон маҳдуд шудаанд.[/b]

Сайтҳои Хабаргузории Озодагон ва Оҷонсии иттиилоотии «TojNews» чанд рӯз пеш ҳамчунин бо монеъа дучор шуда буданд, аммо ҳоло фаъоланд.

Дирӯз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон оид ба баста шудани якчанд сомонаи иттилоотии Интернетӣ ва Youtube дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд. Иёлоти Муттаҳида итминон дорад, ки ҳуқуқи ҳар як фард ба изҳори озодонаи нуқтаи назари худ, чӣ дар майдони оммавӣ ё чи дар Интернет, умумибашарист.

Мо озодии сухани мардумро дар ҳама ҷо дастгирӣ мекунем ва дигар кишварҳоро низ ба он даъват мекунем. Ҳангоми маҳдуд гардидани ибрози ақида, аз байн бурдани маълумот, қатъ гардидани мусоҳибаҳо, ва маҳдудшавии интихоби одамон, ҷараёни озоди иттилоот маҳдуд мешавад ва қимати Интернет барои ҳамаи мо коҳиш меёбад. Мо баррасии чунин масоили боиси нигарониро бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳем.

Мо ҳукумати Тоҷикистонро даъват ба амал меоварем, то ҳуқуқи ҳар фардро ба озодии сухан эҳтиром кунад ва маҳдудиятҳои ба сомонаҳои хабарии басташуда ваYoutube гузошташударо бекор кунад, омадааст дар Изхорот.

Зайнуддин ОРИФӢ

Источник: http://tojnews.org/node/3478

Изҳороти ХБМ баъд аз баста шудани сомонаҳо дар Тоҷикистон

[b]Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо пахши изҳороте гуфтааст, ки Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои интернетӣ худро ба рӯйхати кишварҳои “душмани интернет” наздик кардааст.[/b]

Ин созмон гуфтааст, Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад дар як радиф бо Узбакистону Туркманистон ҷой бигирад.

Изҳороти Хабарнигорони бидуни марз баъд аз баста шудани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс”, хабаргузории русии “РИА Новости” ва чанд сомонаи дигар пахш шуд.

Аз оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшон мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Дар давоми даҳ рӯзи ахир баъд аз амалиёти Хоруғ сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Чанд сомонаи дигар аз ҷумла сомонаи русии Би Би Си ва YouTube дастнорас буданд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/tajik_domestic_news/20120802/538/16058.html?id=24665019

ИЗҲОРОТ ОИДИ ДАСТРАСӢ БА СОМОНАҲОИ ИТТИЛООТИИ ИНТЕРНЕТӢ ВА YOUTUBE

[b]Душанбе, Тоҷикистон, 1 августи соли 2012[/b] – Сафорати ИМА оиди баста шудани якчанд сомонаи иттилоотии Интернетӣ ва Youtube изҳори нигаронии ҷиддӣ менамояд.

Иёлоти Муттаҳида итминон дорад, ки ҳуқуқи ҳар як фард ба изҳори озодонаи нуқтаи назари худ, чӣ дар майдони оммавӣ ё чи дар Интернет, умумибашарист. Мо озодии сухани мардумро дар ҳама ҷо дастгирӣ мекунем ва дигар кишварҳоро низ ба он даъват мекунем. Ҳангоми маҳдуд гардидани ибрози ақида, аз байн бурдани маълумот, қатъ гардидани мусоҳибаҳо, ва маҳдудшавии интихоби одамон, ҷараёни озоди иттилоот маҳдуд мешавад ва қимати Интернет барои ҳамаи мо коҳиш меёбад.
Мо баррасии чунин масоили боиси нигарониро бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳем.

Мо ҳукумати Тоҷикистонро даъват ба амал меоварем, то ҳуқуқи ҳар фардро ба озодии сухан эҳтиром кунад ва маҳдудиятҳои ба сомонаҳои хабарии басташуда ва Youtube гузошташударо бекор кунад.

Источник: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Торнамои «Азия-Плюс» боз дастнорас шуд

[b]Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ҳамаи ширкатҳои интернетрасон тақозо кардааст, ки дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» — ро шурӯъ аз субҳи имрӯз, 1-уми август қатъ кунанд.[/b]

Зебо Тоҷибоева, сардабири «Азия-Плюс» ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дафъа ҳам Хадамоти алоқа бидуни огаҳ кардани масъулини торнамо ин тасмимро гирифтааст. Вай афзуд, дар ин бора ба ӯ аз ширкати «Истера» хабар додаанд, ки бар пояи тақозои Хадамот маҷбуранд дастрасӣ ба сайти «Азия-Плюс» — news. tj-ро қатъ кунанд.

Торнамои «Азия-Плюс» тайи даҳ рӯзи ахир маротибаи дувум аст, ки масдуд мешавад. Масъулини сомона мегӯянд, агар 24 июл баҳонаи мақомот ҳаводиси Бадахшон, бахусус сӯҳбат бо Толиб Айёмбеков, аз сарварони гурӯҳҳои мухолифи давлат буд, ин дафъа маълум нест, ки боз чӣ «иштибоҳе» аз онҳо сар задааст. Хонум Тоҷибоева гуфт, то ба ҳол натавонистаанд бо раҳбарияти Хадамоти алоқа дар тамос шаванд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/tajik_domestic_news/20120801/538/16058.html?id=24663063

БАСТА ШУДАНИ ДАСТРАСӣ БА БИБИСИ ВА ВЕСТИ.РУ

[b]Шаби 29-ум ба 30-юми июл, дастрасӣ ба сомонаҳои БибиСи ва Вести.ру дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардид. Ин амал бо дастури расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.[/b]

Ин иттилоъро намояндагони ширкатҳои фароҳамсози Тоҷикистон, ки нахостанд номашон ифшо гардад, тасдиқ карданд, аммо дар Хадамоти алоқа аз додани иттилоъи расмӣ худдорӣ намуданд.

Ба қавли корбарони Интернет, сабаби чунин маҳдудозӣ метавонад сабти видеоӣ бошад, ки гӯё аз маҳалли ҳаводиси Хоруғ буда, дар он саҳнаи ваҳшиёна кушта шудани як нафар ғайринизомӣ акс шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бахши русии ВВС танҳо расона буд, ки аз соатҳои аввали оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ иттилоъ пахш кард, аммо чанд иттилоъи пахшкардаи он, аз ҷумла бобати кушта шудани 200 тан аз аҳолии осоишта амалан тасдиқ нашуд.

Дар робита бо ин воқеъаҳо пештар сомонаи ожонсии хабарии Азия Плюс низ баста шуда буд, аммо пас аз як шабонарӯз кушода гашт. Сомонаҳои дигар, аз он ҷумла, сервери бузургтарини видеоӣ Youtube.com ва шабакаи иҷтимоии Twitter низ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дастнорасанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 21-уми июли соли равон генерал-майор Абдулло Назаров, раиси бахши вилоятии КДАМ дар Бадахшон дар маҳаллаи Наводак ба таври ваҳшиёна ба қатл расид. Дар паи ин ҳодиса, нерӯҳои ҳукуматӣ бо шумули ҷузъу томҳои ҳарбӣ, рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсусеро барои дастгир намудани гумонбаршудагон, ки тибқи иттилоъи расмӣ, гуё дар як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ зери раҳбарии Толиб Айёмбеков сарҷамъанд, оғоз намуданд, ки алҳол муваффақ нашудааст.

Рустам МАҶИДОВ

Источник: http://www.tojnews.org/node/3417

Ещё один сайт на WordPress