АССАНЖ АЗ ОБАМА ХОСТ, КИ БА “ШИКОР”-И WIKILEAKS ХОТИМА ДИҲАД

[b]Муассиси WikiLeaks ба балкони сафоратхонаи Эквадор баромада аз президент Обама хост, ки таъқиби ӯро хотима диҳад. Рӯзи якшанбе Ҷуллиан Ассанж-муассиси WikiLeaks дар Лондон ба балкони сафоратхонаи Эквадор баромад ва аз президент Барак Обама хост, ки ба истилоҳи худаш ба “шикор”-и созмони WikiLeaks хотима диҳад.[/b]

Вай гуфт: “Ман аз президент Обама мехоҳам, ки кори дурусте анҷом диҳад. Амрико бояд аз шикори WikiLeaks даст кашад. Амрико бояд аз расидагиҳои Дафтари федеролии бозрасӣ ё FBI сарфи назар кунад. Амрико бояд эълон кунад, ки кормандони мо ё ҷонибдорони моро ба додгоҳ нахоҳад кашид”.

Дар давоми ду моҳи ахир, яъне аз замоне, ки Ассанж дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурд, вай бори аввал дар чашми омма намоён шуд. Вай дар сафорати Эквадор барои он паноҳ бурд, ки вайро ба Шветсия истирдод накунанд. Вай барои даъвоҳои шаҳвонӣ бо духтарон муттаҳам дониста мешавад.

Ассанҷ мегӯяд, вай метарсад, ки агар вайро ба Шветсия таслим кунанд, Шветсия вайро ба Амрико таслим мекунад ва дар Амрико Ассанҷро барои ифшои номаҳои махфии дипломатии Амрико дар соли 2010 тавассути WikiLeaks ба додгоҳ мекашанд.

Ассанж дар изҳороти 10-дақиқаии худ аз Амрико хост, ки Бредлӣ Меннингро аз зиндон раҳо кунанд. Бредлӣ сарбози амрикоист, ки гӯё номаҳои махфии ин кишварро ба WikiLeaks додааст. Ҳоло Бредлӣ барои кӯмак ба душман муттаҳам дониста мешавад ва мунтазири мурофиаи додгоҳист.

Рӯзи панҷшанбе Эквадор дар сафоратхонаи худ дар Лондон ба Ҷулиан Ассанж паноҳгоҳ дод, вале Британия мегӯяд, намегузорад, ки Ассанж аз кишвар хориҷ шавад. Британия мегӯяд, ки масъулияти қонунии худро иҷро мекунад, ва Ассанжро ба Шветсия таслим мекунад.

Зоҳиран Ассанж моҳи июн дар сафорати Эквадор паноҳандагӣ пайдо кардааст. Вай дар изҳороти даҳдақиқаии худ рӯзи якшанбе дар бораи даъвоҳои шаҳвонӣ чизе нагуфт. Вай ҳамчунин нагуфт, ки сарнавишти баъдии вай чӣ хоҳад шуд. Вале аз ҷонибдоронаш, ки дар назди сафоратхонаи Эквадор гирдиҳам омада буданд, изҳори сипос кард ва мавриди пазироии гарми онҳо қарор гирифт.

Даҳҳо нафар пулиси Лондон рӯзи якшанбе бинои сафоратхонаро ба муҳосира дароварда буданд. Британия мегӯяд, Ассанж шаҳрванди Австралия аст ва ҳар гоҳ, ки аз бинои сафоратхона пой берун ниҳод, боздошт хоҳад шуд. Аммо Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия мегӯяд, кишвараш мехоҳад, ки ин масъаларо “дӯстона” ҳал кунад. Амрико бар ин назар аст, ки сарнавишти Ассанж масъалаест, ки онро бояд Шветсияву Британия ва Эквадор ҳал кунанд.

«Озодӣ»

Источник: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/8424.html

«Азия-Плюс» рӯи домени нав фаъол шуд

[b]Имрӯз сомонаи Ожонси иттилоотии «Азия плюс», ки тӯли даҳ рӯзи ахир дастрасӣ ба он аз ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд буд, рӯи домени нав дубора фаъол шуд.[/b]

Айни замон, он тавассути тори http://www.asia-plus.tj дастрас мебошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки хабарҳои ин ожонс аз соли 2010 боз рӯи домени news.tj пахш мешуданду худи ожонс иҷозатномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро дорост.
Зебо Тоҷибоева директори иҷроияи Ожонси иттилооти «Азия плюс» ба Тоҷнюс иброз дошт, ки дар домени нав дубора фаъол шудани сомона воқеъият аст, вале мутаасифона он ҳам, на дар ҳама ҷо дастрас мебошад.

Ба иттилои Зебо Тоҷибоева, ҳоло маъмурияти медиа -холдинги “”Азия плюс аснод таҳия намуда, барои ба додгоҳ кашидани роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бек Зуҳуров омодагӣ мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки медиа холдинги “Азия плюс” аз шаш сохтор: ожонси иттилотии “Азия плюс”, родиё ва нашрияи ҳамном, маҷаллаи таблиғии “VIP zone”, студияи телевизионӣ ва мактаби журналистии “Асри 21” иборат буда, то 70 дарсади бозори рекломи расонаҳои чопии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад.

Источник: http://tojnews.org/node/3637

Раҳоии хабарнигори «Пажвок» аз асорати қочоқчиёни афғон

[b]Мақомоти интизомии ноҳияи Фархор мегӯянд, Баҳриддин Сангмадов, хабарнигори «Пажвок»-ро аз асорати қочоқчиёни афғон озод кардаанд.[/b]

Ба гуфтаи онҳо, он чаҳор нафаре, ки ду рӯз пеш Баҳриддинро берун аз маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи Пистаи Санги Шӯрообод рабуда буд, қочоқчиён будаанд.
Ҳангоми рӯ ба рӯ омадани қочоқчиён бо милисаҳои ноҳияи Фархор, онҳо Баҳриддинро раҳо карда, мегурезанд.

Пӯлод, падари Баҳриддин мегӯяд, дар аввал ба ӯ гуфтанд, ки фарзандатро бо маводи мухаддир боздошт кардаем, аммо бегоҳи дирӯз гуфтанд, ки ӯ гуноҳе надорад ва пас аз бозпурсӣ ва аз назаргузаронии маҳалли ҳодиса, ӯро ҷавоб хоҳем дод.

Тибқи ваъдаи кормандони ШКД — и ноҳияи Фархор, Баҳриддин имрӯз, 11-уми август, бояд ба озодӣ барояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Баҳриддин Сангмадов, рӯзи 9-уми август, аз зодгоҳаш дар ноҳияи Шӯрообод бедарак шуда ва пас аз талошҳои зиёд пайвандонаш хабар ёфтанд, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.

Файзимоҳ, хоҳарбузурги Баҳриддин аз ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар як сӯҳбати телефонӣ ба РО гуфт, ки «Баҳриддин соати 12 -и рӯзи гузашта, яъне панҷшанбеи 9 август, ҳамроҳ бо бародарам Зайниддин ва додари келинамон ба адир рафтанд. Аммо он гуна, ки Зайниддин гуфт, соатҳои 15.00 чаҳор нафар, ки яке аз онҳо бо либоси низомӣ ва бақия мулкӣ ва борхалта бар китф буданд, хоҳиш карданд, ба онҳо об диҳанд. Баҳриддин ва ҳамроҳонаш ба ин афрод об дода ва онҳо баъдан бар сари Баҳриддин порчаеро кашида ва гуфтанд, ки борҳоро ба ҷое мебаранд, шумо инҷо мунтазир бошед, мо бармегардем».

Аммо ба гуфтаи Файзимоҳ, ду соат мегузарад, вале аз Баҳриддин ва он афрод, ки якеаш бо лаҳҷаи афғонӣ сӯҳбат мекардааст, дараке нашудааст. Аҳли хонавода аз ин вазъ нигарон шуда ва дар талоши пайдо кардани Баҳриддин шуданд ва танҳо шаб хабаре ба онҳо расидааст, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.

Ҳодисаи бедарак ва баъдан боздошт шудани Баҳриддин Сангмадов, дар зодгоҳаш ноҳияи Шӯрообод дар ҳолест, ки муддати беш аз ду моҳи ахир нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ амалиёти вижаеро барои саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон дар мантақаи марзии Шӯрообод бо Афғонистон роҳандозӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Орзӯ Ҳамидов, сардабири нашрияи мустақили «Пажвок» нигаронии аҳли эҷоди ин нашрияро дар робита ба боздошти ҳамкорашон баён карда ва гуфт, «инҷо иштибоҳе сар задааст. Баҳриддин аслан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ ва кор мекунад ва гоҳ — гоҳе барои аёдати волидонаш ба Шӯрообод меравад. Вай як журналист аст ва ҷузъ кори хабарнигорӣ ва саҳифабандӣ дар «Пажвок» ба дигар коре машғул нест».

Зимнан, Баҳриддин Сангмадов, соли 1988 дар деҳаи Пистамазори ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Пас аз хатми донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2007, фаъолияташро ба ҳайси хабарнигор ва саҳифабанди нашрияи «Пажвок» шурӯъ кардааст. Тайи панҷ сол аст, ки дар ин ҳафтанома кор мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24672934.html

Боздошти хабарнигори нашрияи «Пажвок»

[b]Баҳриддин Сангмадов, хабарнигор ва саҳифабанди нашрияи «Пажвок» дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи ниҳодҳои интизомии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон боздошт шудааст.[/b]

Ин хабарро ба РО дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор таъйид карданд ва гуфтанд, ки ин хабарнигор мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Аммо масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аз ироаи иттиллоъ дар бораи сабаби боздошти Баҳриддин Сангмадов худдорӣ карданд.

Ин ҳам дар дар ҳолест, ки Баҳриддин Сангмадов, рӯзи гузашта аз зодгоҳаш дар ноҳияи Шӯрообод бедарак шуда ва пас аз талошҳои зиёд пайвандонаш хабар ёфтанд, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.

Файзимоҳ, хоҳарбузурги Баҳриддин аз ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар як сӯҳбати телефонӣ ба РО гуфт, ки «Баҳриддин соати 12 -и рӯзи гузашта, яъне панҷшанбеи 9 август, ҳамроҳ бо бародарам Зайниддин ва додари келинамон ба адир рафтанд. Аммо он гуна, ки Зайниддин гуфт, соатҳои 15.00 чаҳор нафар, ки яке аз онҳо бо либоси низомӣ ва бақия мулкӣ ва борхалта бар китф буданд, хоҳиш карданд, ба онҳо об диҳанд. Баҳриддин ва ҳамроҳонаш ба ин афрод об дода ва онҳо баъдан бар сари Баҳриддин порчаеро кашида ва гуфтанд, ки борҳоро ба ҷое мебаранд, шумо инҷо мунтазир бошед, мо бармегардем».

Аммо ба гуфтаи Файзимоҳ, ду соат мегузарад, вале аз Баҳриддин ва он афрод, ки якеаш бо лаҳҷаи афғонӣ сӯҳбат мекардааст, дараке нашудааст. Аҳли хонавода аз ин вазъ нигарон шуда ва дар талоши пайдо кардани Баҳриддин шуданд ва танҳо шаб хабаре ба онҳо расидааст, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.

Ҳодисаи бедарак ва баъдан боздошт шудани Баҳриддин Сангмадов, дар зодгоҳаш ноҳияи Шӯрообод дар ҳолест, ки муддати беш аз ду моҳи ахир неруҳои интизомӣ ва амниятӣ амалиёти вижаеро барои саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон дар мантақаи марзии Шӯрообод бо Афғонистон роҳандозӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Орзӯ Ҳамидов, сардабири нашрияи мустақили «Пажвок» нигаронии аҳли эҷоди ин нашрияро дар робита ба боздошти ҳамкорашон баён карда ва гуфт, «инҷо иштибоҳе сар задааст. Баҳриддин аслан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ ва кор мекунад ва гоҳ — гоҳе барои аёдати волидонаш ба Шӯрообод меравад. Вай як журналист аст ва ҷузъ кори хабарнигорӣ ва саҳифабандӣ дар «Пажвок» ба дигар коре машғул нест».

Орзӯ Ҳамидов гуфт, ки дар зудтарин фурсат нисбати боздошти ҳамкорашон Баҳриддин Сангмадов ба созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорон, ба хусус НАНСМИТ ва Созмони журналистони Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.

Зимнан, Баҳриддин Сангмадов, соли 1988 дар деҳаи Пистамазори ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Пас аз хатми донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2007, фаъолияташро ба ҳайси хабарнигор ва саҳифабанди нашрияи «Пажвок» шурӯъ кардааст. Тайи панҷ сол аст, ки дар ин ҳафтанома кор мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24672934.html

Қасди «Азия-Плюс» барои ба додгоҳ кашидани Хадамоти алоқа

[b]Масъулони «Азия-Плюс» барои баҳси додгоҳӣ бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз созмонҳои хабарнигорӣ кӯмак хостаанд.[/b]

Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) омодааст, барои таҳияи аснод ва мадорики лозим ба Оҷонсии иттиллоотии «Азия-Плюс» дар баҳс бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар додгоҳ кӯмак намояд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» аз созмони ӯ ва бақия созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон расман даъват кардааст, ки дар ин марҳилаи мураккаб кӯмаки худро ба ин Оҷонсӣ дареғ надоранд.

Дар номае, ки хонум Тоҷибоева ба Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон навиштааст, гуфта мешавад, онҳо қасд доранд Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро ба додгоҳ бикашанд, вале аз онки Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти мазкур иллати бастани сомонаи «Азия-Плюс»-ро ба «мушкилоти фаннӣ» марбут медонад, иҷрои ин кор мушкил шудааст.

«Вазъият бағоят мураккаб аст. Вале тоқат кардан ва сукут варзидан дар баробари ин тарзи бархӯрд комилан ғайримумкин аст. Имрӯз моро ба чунин вазъ гирифтор карданд, фардо бо дигарҳо низ ин кор такрор мешавад. Онҳо дар чунин ҳолат худро беҷазо эҳсос мекунанд ва зарур аст, мо ба кӯмаки ҳам бишитобем»,-навиштааст Зебо Тоҷибоева.

Торнамо (сайт)-и «Азия-Плюс» баъд аз ҳаводиси моҳи гузашта дар Хоруғи Бадахшон масдуд шуда, алоқамандони он наметавонанд аз ахбор ва матолиби он баҳравар шаванд. Масъулони ин торнамо баста шудани ин сомонаро кори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон меҳисобанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, гуфт, онҳо ба хоҳиши Оҷонси иттилоотии «Азия-Плюс» посухи мусбат дода ва дар ҳоли ҳозир ба куллия интернет-провайдерҳо нома навишта, иллати маҳдудият дар дастрасӣ ба ин сомонаро ҷӯё шудаанд. Қаршибоев гуфт, баъд аз онки интернет-провайдерҳо ва ё ширкатҳои дастраскунандаи интернет дарёфт кардани нома онҳо метавонанд қазияро ба додгоҳ бикашанд. Ба иттиллои ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир Дафтари риояти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ҷалб кардани вакили дифоъ ва низ Дуня Миятович, намояндаи умури озодиҳои матбуот дар САҲА изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар додгоҳ аз ҷониби «Азия-Плюс» баромад хоҳанд кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24671278.html

Нигаронӣ аз ташдиди назорат бар фаъъолияти сойтҳо

[b]Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони хориҷӣ ва дохилӣ аз иқдоми Идораи иртибототи Тоҷикистон барои таъсиси гурӯҳи бозрасон барои кунтрули матолиби сойтҳои интернетӣ интиқод кардаанд.[/b]

Созмони байналмиллалии Гузоришгарони Бидуни Марз ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар номае саргушода ба Бег Зуҳуров, раиси ин идора, ин иқдомро эҷоди навъе маҳдудият барои фаъъолияти расонаҳои мустақил хондаанд.

Идораи иртибототи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи бозрасон назорат бар матолибе аст, ки дар шабакаи Интернет мунташир мешавад ва ҳамчунин кунтрули бар сойтҳои дорои матолиби «таҳқиромез ва туҳмат» марбут хондааст.

Аммо дар ин нома таъкид шудааст, ки танҳо додгоҳ метавонад дар мавриди «таҳқиромез ва туҳмат» будани матолиби сойтҳо қазоват кунад.

Ба эътиқоди муаллифони ин нома, бо таваҷҷуҳ ба он, ки муҳтавои “таҳқиру туҳмат” хеле густарда ва мумкин аст ҳар матлаби интиқодӣ чун таҳқир арзёбӣ шавад, имкон дорад таъсиси гурӯҳи бозрасон ба таври фазоянда ба масдуд шудани ин сойтҳо мунҷар шавад.

Дар нома ба унвони мисол аз сойти “Asia-Plus” ёдоварӣ шудааст, ки ба хотири пӯшиши даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва размандагон дар шаҳри Хоруғи Бадахшон бидуни шарҳу тавзеҳ масдуд шудааст.

Дар солҳои қабл низ ҳангоми баргузории амалиёт дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, дастарсӣ ба бархе аз сойтҳо масдуд шуда буд. Баҳори имсол низ дастрасӣ ба шуморе аз сойтҳо, аз ҷумла Фейсбук, барои муддатемасдуд шуда буд.

Зимнан, дар зарфи ду моҳи ахир сойти “Asia-Plus” барои бори севум масдуд мешавад. Зебо Тоҷибоева, раиси хабаргузории “Asia-Plus” ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки дигар бо Идораи иртибототи Тоҷикистон сари мавзӯъи фароҳам кардани дастрасӣ сойт вориди баҳс нашуда ва аз ин идора ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи хабаргузории “Asia-Plus” гуфт, феълан асноди лозима барои муроҷиъат ба додгоҳ таҳия шуда ва дар назар аст, ки дар рӯзҳои наздик ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шавад.

Дар канори «Asia-Plus» дастрасӣ ба сойтҳои Ютюб, шабакаи иҷтимоъии Туйитер, сойтҳои “Lenta. ru”, “Сentrasia.ru” ва “Fergananews.com”, хабаргузории русии «РИА ‘Новости'» ва сойти шабакаи хабарии Русия «Вести» масдуд аст.

Гузоришгарони Бидуни Марз ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз Бег Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, пурсидаанд, ки бар асоси чи меъёре мавориди таҳқиру туҳмат мушаххас шуда ва вокуниши ин идора дар қиболи сойтҳое, ки чунин матолибро мунташир кардаанд, чи гуна хоҳад буд.

Гузоришгарони Бидуни Марз таъсиси гурӯҳи бозрасиро як навъ нақзи озодии баён унвон карда ва аз Бег Зуҳуров даъват кардааст, ки аз ин иқдом худдорӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр Раҷабов, масъули дабирхонаи Идораи иртибототи Тоҷикистон дар мавриди номаи саргушодаи Гузоришгарони Бидуни Марз ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон унвонии Бег Зуҳуров, раиси ин идора, ибрози беиттилоъӣ кард.

Ҳамзамон, оқои Раҷабов гуфт, дар сурати дарёфти нома муҳтавои он баррасӣ шуда ва посухи расмӣ ирсол хоҳад шуд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120808_mm_rwb_statement.shtml

RWB ва НАНСМИТ аз сензура дар интернет нигаронанд

[b]Созмони RWB аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хостааст, ки ба талошҳои ҷорӣ кардани сензура дар интернет хотима диҳад.[/b]

Дар номаи муштараки Гузоришгарони бидуни марз ва созмони ҳамкораш дар Тоҷикистон Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ), аз таъсиси гурӯҳи нозирон барои мониторинги матолиби интернет ва «таҳқиру тӯҳмат» дар сомонаҳо изҳори нигаронӣ шудааст.

«Ин низоми назорат ба масдуд кардани саросарии матолиб дар интернет ва қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо меорад. Мо розием, ки барои таҳқиру тӯҳмат ҷазо диҳанд, аммо ин масъала бояд дар додгоҳ ҳал шавад… Мо мушоҳида кардем, ки солҳои ахир Хадамоти алоқа сомонаҳои мустақилро таъқиб мекунад, аммо ин на фақат ба масдуд кардани маводи «тӯҳматангез», балки пурра қатъ шудани сомонаҳо меорад, ки моҳҳо давом мекунад» — омадааст дар нома.

Як моҳи қабл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои бозрасии сомонаҳое, ки дар бораи Тоҷикистон менависанд, гурӯҳи бозрасӣ таъсис дод. Бек Зуҳуров, раҳбари ин хадамот гуфт, ки “барои ҷилавгирӣ аз тавҳину тӯҳмат ва танқидҳои ноҷои шахсони маъруф” ин гурӯҳ саҳифаҳои торнамоҳоро назорат ва бозрасӣ хоҳад кард.

Ин гурӯҳ бо задани калимаҳои калидӣ дар Интернет, масалан ному насаби президент ва ё вазирону раисони кумитаҳо, мебинад, ки кадом расона дар бораи ин афрод бо чӣ мазмун хабару мақола навиштааст. Агар гузориш танқидӣ бошад, намояндаи ин гурӯҳ ё аз торнома хоҳиш мекунад, ки мақоларо ҳазф кунанд ва ё ин? ки дар сурати идома ёфтани “интиқод”, торномаро мебанданд.

Дар ҳамин ҳол, тайи як моҳи ахир дар пайи ҳаводиси Бадахшон сомонаҳои «Азия-плюс» ва «Ютуб» ва «Фарғона. Ру» баста шуданд. Дар ин миён дастрасӣ ба чанд расонаи русӣ ва ВВС ҳам муваққатан қатъ шуд. Тайи як соли ахир, чандин сомонаҳои дигар, аз қабили «сентразия. Ру», «тҷкнюс. Ком» ва ғайра ҳам баста ҳастанд.

Дар муроҷиати «Хабарнигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин нукта таваҷҷӯҳ шудааст, ки хадамот ҳамеша «мушкили фаннӣ» ва «мӯҳтавоӣ парнографӣ ва экстремистӣ» -ро дар бастани сомонаҳо далел меорад ва ин ҳол хатари тафсири мухталифи «таҳқир» ва тӯҳмат» — ро ҳам ба вуҷуд меорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24670105.html

Изҳороти Хабарнигони бидуни марз

Париж, 6 август

Ба Бег Зуҳуров, Директори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби мӯҳтарам Зуҳуров,

Созмони байналмилалии Хабарнигорони бидуни марз ба ҳайси муҳофизи манофеи озодии иттилоот ва шарики он – Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба Шумо хабар медиҳанд, ки дар мавриди ниятҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳи нозирон барои мониторинги маводи интернет ва муоинаи сомонаҳои интернетии мазмуни «таҳқир ва тӯҳматдошта» изҳори ташвиш менамоянд.

Моҳи гузашта Шумо ба журналистон дар бораи нақшаҳоятон дар бораи таъсиси «созмони шаҳрвандие» хабар додед, ки он бояд ба мониторинги маводи чопии шабакаи интернет ва муоинаи сомонаҳои интернетии дорои мазмуни «таҳқир ва тӯҳматдошта» машғул гардад.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки гурӯҳи ихтиёриёне, ки ба ҳайати он мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ – намояндагони созмонҳои маҳаллии таъминкунандаи хизматҳои интернетӣ мебошанд, шомил гашта, он дар Вазорати адлия сабти ном шуда, ба масъалаҳои «муайян намудани мазмуни тӯҳматдошта» масъул мегардад.

Мо аз он дар ташвишем, ки низоми мазкури назорат метавонад боиси пурра қатъ гаштани маводи чопии интернетӣ, инчунин қатъ гаштани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ гардад. Мо ба масъаи ҷазо додан барои тӯҳмат розӣ ҳастем, вале чунин корҳо бояд дар судҳо анҷом дода шаванд, зеро дар суд даъвогарон ва ҷавобгарон барои аниқ намудани ҳақиқат имконият доранд.

Мо қайд намудем, ки солҳои охир хадамоти алоқаи назди Ҳукумат ба таври пайваста сомонаҳои интернетии созмонҳои иттилоотиро таъқиб намуда, ба маҳдуд гаштани на танҳо дастрасӣ ба маводи мазмуни «тӯҳматдошта», инчунин дар тӯли ҳафтаҳо пурраи қатъ шудани фаъолияти сомонаҳо боис мегардад.

Моҳи марти соли ҷорӣ ба интернет провайдерони маҳаллӣ амр доданд, ки дастрасӣ ба як қатор сомонаҳо, аз ҷумла Centrasia.ru, Ria Novosti ва Lenta.ru қатъ карда шавад.

Ҳамагӣ чанд рӯз қабл дар тӯли ду ҳафтаи моҳи охир дастрасӣ ба сомонаи интернетии оҷонсии маъруфи иттилоотии «Азия-Плюс» маҳдуд карда шуд. Ин ҳолат ба маводе робита дошт, ки дар онҳо моҷарои байни нерӯҳои низомии ҳукумат ва ошубгарони Қӯҳистони Бадахшон баррасӣ мегардиданд. Вақте ба хадамоти Шумо барои пайдо кардани шарҳи воқеа муроҷиат намуданд, Шумо сабаби маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳоро ба масоили техникӣ ё дорои мазмуни порнографӣ ё экстремистӣ доштани онҳо ишора намудед.

Сабаби мушаххас набудани мафҳумҳои «таҳқир» ва «тӯҳмат» моро водор месозад, ки дар бораи хатари тафсири мухталифи онҳо андеша кунем. Мо хавф дорем, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои маъруфтарини мустақили иттилоотӣ бо сабаби дар мавзӯъҳои муҳими сиёсӣ ё масъалаҳои дигари маҳрамона ба табъ расондани мақолаҳои баҳсталаб дубора баста мешаванд. Ҳамин ҷиҳат ба дастрасии мардуми Тоҷикистон ба иттилооти аҳамияти иҷтимоидошта монеа мегардад.

Мо бори дигар Шуморо дар бораи хулосаҳои пешниҳоднамудаи маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили озодии сухан ва баёни ақида Франк Ла Ру огоҳ намуданием, ки ӯ дар бораи «кӯшиши аз ҳад зиёди назорат намудани фаъолияти истифодабарандагони шабакаи интернет, инчунин мазмуни мукотиба дар шабакаи мазкурро бе пешниҳоди кафолати кофӣ ба он, ки чунин назорат бидуни ғараз анҷом дода мешавад» изҳори ташвиш намуда буд.

Дар анҷом мо мехостем, ки Шумо чанд масъаларо шарҳ медодед:

• Ихтиёриён (волонтерҳо) мониторинги сомонаҳои интернетиро бо кадом шева анҷом медиҳанд?

• Дар масъалаи то кадом андоза мазмуни таҳқир ё тӯҳмат доштани мавод кӣ қарор қабул мекунад ва меъёрҳои қабули чунин қарор кадомҳоянд?

• Баъд аз он, ки мазмуни маводи чопиро таҳқиркунанда ё тӯҳматдошта «эълон» кунанд, барои аз байн бурдани маводи чопӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд? Муаллифон ва муҳаррирони маводро ба табърасонда дар бораи воқеаи мазкур чӣ тавр огоҳ карда мешаванд ва, агар мавод аз сомона ба зудӣ гирифта нашавад, нисбат ба онҳо кадом чораҳо андешида мешаванд?

• Дар ҳолатҳое, ки супориши ҳукумат иҷро нагашта, мавод аз саҳифаи сомона гирифта нашавад барои роҳ надодан ба сӯистифода аз ҳолати мазкур кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

Ба андешаи мо, назорати сомонаҳои интернетӣ хавф дошта, метавонад натиҷаҳои баръакс ба бор орад. Хабарнигорони бидуни марз аз Шумо даъват мекунад, ки нақшаи мазкуратонро, ки нақзи озодии иттилоот аст, дигарбора баррасӣ намоед.

[b]Оливе Базил,
Котиби генералии Хабарнигорони бидуни марз

Нуриддин Қаршибоев,
Раиси АМВАОМТ[/b]

Источник:

Телевизиони «СМТ» ба мавҷи нав гузашт

[b]Аз 6-уми августи соли ҷорӣ ягона телевизиони хусусии пойтахти кишвар — «Симои мустақили Тоҷикистон» пахши барномаҳояшро дар басомади нав оғоз кард.[/b]

Дар ин бора муассис ва директори ин телевизион Зинатулло Исмоилов хабар дод.

— Беш аз ду сол аст, ТВ «СМТ» дучори мушкилот буд. Он ҳарчанд иҷозатномаи қонунии фаъолият дар басомади 29-ро дошт, вале базаи ҳарбии Русия мустақар дар Тоҷикистон барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Русияро ғайриқонунӣ дар ҳамин басомад пахш мекард ва барои бинандагони ТВ «СМТ» нороҳатиҳо эҷод мекард.

Инак, ҳаводорони барномаҳои ТВ «СМТ» дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Файзобод имкон доранд ҳамарӯза барномаҳоро аз соати 18.00 то 23.00 ва аз соати 08.00 то соати 14.00 бемамониат тамошо кунанд, — гуфт Зинатулло Исмоилов.

Бино ба иттилои номбурда, барои тамошои барномаҳои ТВ «СМТ» дар пулти телевизор тугмаи «меню»-ро пахш карда, дар бахши «настройка» тавассути «ручная настройка» дар мавҷи детсиметрии UHF, дар басомади 550 мГц метавон барномахои ТВ «СМТ»-ро роҳат тамошо кард.

Ёдовар мешавем, ки СМТ аввалин телевизиони хусусии ҷамъиятӣ-сиёсии пойтахт буда, аз соли 2007 фаъолият дорад.

Эраҷи Амон

Источник: http://tojnews.org/node/3564

Интиқоди созмонҳои мудофеъи озодии баён аз амалкарди Идораи иртиботот

[b]Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон бо судури як баёния масдуд шудани бархе аз сойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карданд.[/b]

Дар ин баёния омадааст, ки эҷоди маҳдудият барои дастрасӣ ба бархе манобеъи хабарӣ барои сокинони кишвар, нақзи ҳуқуқи маъдании мардум аст.

Ҳамчунин дар баёния таъкид шуда, чунин амалкарди мақомоти бахши иртибототи Тоҷикистон ба эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ латма ворид хоҳад кард.
Масъулони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон аз масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон низ интиқоди шадид карда ва бо иҷрои дархостҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ҳамдаст мешаванд.

[b]Пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=208]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=208[/url]

Источник:

Ещё один сайт на WordPress