Тақдири номуайяни расонаҳои миллӣ

[b]Сабти номи расонаҳо, механизми ба қайд гирифтан ё аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиву маҳаллӣ, шеваи пешниҳоди иттилои фаврӣ, маблағгузории пинҳонии нашрияҳои хусусиву ҳукуматӣ, манъи обунаи маҷбурӣ ва иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар таъсис ва идораи расонаҳо бояд дар лоиҳаи нави Қонуни матбуот ҳалли худро ёбанд.[/b]

Ин аст тақозои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз муаллифони лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот”ва як гурӯҳи корӣ, ки се рӯз боз дар Варзоб ҷамъ омадаанд.

Қироншоҳ Шарифзода, роҳбари Созмони ҷамъиятии “Ҷомеа”, ки аз ташаббускорони ин нишаст ҳам аст, ба TojNews гуфт, ки гурӯҳи корӣ иборат аз 12 нафар паҳлуҳои баҳсбарангези лоиҳаи мазкурро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд ва кӯшиш хоҳанд кард, то интизориҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ин лоиҳа бароварда шавад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ин тарҳ чӣ интизориҳо дорад?

Мо кӯшиш кардем, зимни сӯҳбат бо чанде аз фаъолон ва дастандаркорони муҳити расонаӣ теъдоде аз пешниҳодотро ҷамъ оварем.

— Матраҳтарин мушкили имрӯзи ВАО-и Тоҷикистон — дастрасӣ ба иттилооти фаврӣ аст. Қонунгузор барои додани иттилои фаврӣ се рӯзро муқаррар намудааст, аммо механизми иҷро ва ҷавобгарӣ барои рад кардан мушаххас нест. Аз ин рӯ, масъулини ҳукуматӣ ва ҳатто созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон нисбат ба ҷомеаи журналистӣ ва талаботи он беэътиноӣ мекунанд. Бо назардошти рушди технологияи муосир ва талаботи ҷомеа, иттилоъ бояд ба аввалин дархости расона ва ё журналист оҷилан пешниҳод шавад,- мегӯяд котиби масъули нашрияи “Нигоҳ” Эраҷи АМОН.

Ба гуфтаи хабарнигори радиои “Озодӣ” Фахриддини Холбек, дар лоиҳаи қонуни нав бояд механизми ба қайд гирифтан ё аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиву маҳаллӣ ва сабти номи нашрияҳо сода шавад.

— Бесарусомоние, ки ҳоло дар сабти ном ва андозбандии расонаҳои ватанӣ вуҷуд дорад, шояд, дар ҳеҷ кишвари дунё набошад,- меафзояд ҳамсӯҳбати мо.

Аммо коршиноси масоили иқтисодӣ Рустам Самиев ба ин назар аст, ки дар қонуни нав мафҳуми “маблағгузории пинҳонӣ”-и нашрияҳои хусусиву ҳукуматӣ ҳам бояд мушаххас шавад, то рақобати ошкоро омили пешбари соҳа гардаду таҷрибаи аз тариқи рекламаи созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ намудани нашрияву расонаҳои алоҳида қатъ гардад.

Рустам Маҷидов, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, обунаи иҷборро “проблемаи № 1” медонад: “Дар Тоҷикистон нафаре нест, ки аз обунаи маҷбурӣ ба нашрияву маҷаллаҳои ҳукуматӣ ва ҳизби ҳоким надонад. Ин проблемаи № 1 ва амали ғайриқонунӣ аст, ки ба он аз тариқи қонуни нав хотима бояд гузошт. Бо манъ кардани обунаи иҷборӣ, дар муҳити расонаии кишвар фазои рақобатнок ба вуҷуд омада, боиси рушди нашрияҳои миллӣ мегардад. Ин, дар навбати худ, ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ки заъфи имрӯзи ҷомеаву давлати мост, оварда мерасонад”.

Ин ҳамсӯҳбати мо, ҳамчунин, бар он аст, ки “иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар таъсис ва идораи расонаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон бояд манъ карда шавад, зеро таҷрибаи чанд соли ахир нишон дод, ки масъулини нашрияҳо, ки худ шаҳрвандони кишварҳои хориҷианд ё аллакай аз кишвар рахти сафар бастаанд, ҳар сари чанд вақт ба иғвоҳои матбуотӣ даст мезананд”.

Аксари ҳамсӯҳбатони мо бар он буданд, ки бо назардошти ҳодисаҳои ахири Бадахшон ва интихоботи президентии соли 2013 ин лоиҳаи қонун барои озодии сухан ва матбуот дар Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад буд.

Ин буд мухтасари пешниҳодоти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки мо ҷамъ овардем ва ба аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот” пешниҳод хоҳем кард.

Ногуфта намонад, ки ба ҳайати ин гурӯҳи корӣ 12 нафар: Олим Салимов ва Акрамшо Фелалиев — вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ва муаллифони лоиҳаи мазкур Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон аз ҲКТ, Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ, Маҳмудҷон Сараев, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АВАОМТ), Қироншоҳ Шарифзода, раиси Созмони ҷамъиятии “Ҷомеа”, намояндаҳои Вазорати адлия ва Маркази миллии қонунгузорӣ шомиланд.

Баъд аз баррасӣ ва хулосаи ин гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонуни нав барои баррасӣ ба Раёсати Маҷлиси намояндагон ва сипас, ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Источник: http://tojnews.org/node/3848

Конфронси “муҳоҷирати меҳнатӣ ва ВАО”

[b]“Муҳоҷирати меҳнатӣ ва Васоити ахбори омма” — таҳти ин мавзӯъ дар шаҳри Душанбе 31-уми августи соли ҷорӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад.[/b]

Конфронси мазкур бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” дар кӯчаи М.Қурбонов, воқеъ дар паҳлуи Меҳмонхонаи “Гранд ҳотел”, доир мегардад.

Иштироки хабарнигорон дар конфронс озод аст. Оғози чорабинӣ: соати 10.00.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари СҶ “Перспектива+” ва ҳомии машҳури ҳуқуқи инсон, ба TojNews гуфт, ки ҳадафи ин конфронс — таҳлили инъикоси мавзӯъҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандон дар ВАО, мусоидат ба вазъи ҳуқуқии онҳо ва ҳамчунин, фароҳам овардани фазои муносиб барои ҳалли мушкилоти ин қишр дар ҳиҷрат мебошад.

Зимнан, CҶ “Перспектива+” аз ниҳодҳои қавии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки пайваста масоили марбут ба муҳоҷирати кории шаҳрвандонро пайгирӣ мекунад ва дар ин замина, баргузории чандин нишастҳои минтақавӣ ва байналмилалиро ҳам ба ӯҳда доштааст.

Источник: http://tojnews.org/node/3845

Ҳамоиши масъулони Би-Би-Сии форсӣ бо рӯзноманигорони тоҷик

[b]Мардуми Тоҷикистон аз Би-би-сӣ ба унвони яке аз муътабартарин расонаҳои хабарии ҷаҳон таваққуъоти зиёде доранд, вале рӯйдодҳо ва таҳаввулоте, ки дар ин кишвар иттифоқ меуфтанд, ба таври боиста дар Би-би-сӣ бозтоб намеёбанд.[/b]

Ин умдатарин мавзӯъе буд, ки шуморе аз рӯзноманигорони тоҷик баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 27 август дар як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Би-би-сӣ, аз ҷумла Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, матраҳ карданд.

Ин ҳамоиш ҷузъе аз барномаи ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд, ки қарор аст аз 31 август то 2 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.

Дар ин нишаст, ки дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон таҳти раёсати Акбаралӣ Сатторов, раиси ин иттиҳодия, доир шуд, Ҷеннӣ Нортон, сардабири Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ, Дено Таҳмосбӣ, масъули равобити умумии Би-би-сии Форсӣ, ва бархе аз гузоришгарони маҳаллии Би-би-сӣ ҳам ширкат доштанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=209]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=209[/url]

Источник:

Ҳамоиши масъулони Би-Би-Сии форсӣ бо рӯзноманигорони тоҷик

[b]Мардуми Тоҷикистон аз Би-би-сӣ ба унвони яке аз муътабартарин расонаҳои хабарии ҷаҳон таваққуъоти зиёде доранд, вале рӯйдодҳо ва таҳаввулоте, ки дар ин кишвар иттифоқ меуфтанд, ба таври боиста дар Би-би-сӣ бозтоб намеёбанд.[/b]

Ин умдатарин мавзӯъе буд, ки шуморе аз рӯзноманигорони тоҷик баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 27 август дар як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Би-би-сӣ, аз ҷумла Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, матраҳ карданд.

Ин ҳамоиш ҷузъе аз барномаи ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд, ки қарор аст аз 31 август то 2 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.

Дар ин нишаст, ки дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон таҳти раёсати Акбаралӣ Сатторов, раиси ин иттиҳодия, доир шуд, Ҷеннӣ Нортон, сардабири Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ, Дено Таҳмосбӣ, масъули равобити умумии Би-би-сии Форсӣ, ва бархе аз гузоришгарони маҳаллии Би-би-сӣ ҳам ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиш, Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, нахуст аз Муҳиддин Олимпур, аввалин хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1998 кушта шуд, ёдоварӣ кард.

Вай афзуд: «Ӯ буд, ки дар ибтидо бахши форсии Би-би-сиро дар ин ҷо роҳ андохт ва мутассифона кушта шуд. Дӯсти бисёр хуби мо, буд, ёдаш гиромӣ бод. Ӯ буд, ки 20 сол пеш кумак кард, ки бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ҳарчи бештар шинохта шавад.»

Сипас, ӯ иттилоъоте дар бораи таърихи фаъъолияти бахши форсии Би-би-сӣ ба унвони яке аз қадимитарин бахшҳои Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, ки соли 1940 ифтитоҳ шуд, ироа дод. Баъд аз ин ҷаласаи пурсиш ва посух бо рӯзноманигорони тоҷик баргузор шуд.

[b]»Ташнаи ахбори ҳирфаӣ»[/b]

Адолати Мирзо, муассиси нашрияи «Миллат» ва раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон, «Афрӯз», гуфт ӯ аз замоне ки телевизиюни форсии Би-би-сӣ таъсис шуд, яке аз бинандаҳои доимии он буда, чун «воқеъан ташнаи ахбори ҳирфаӣ ва олтернотив бо забони форсӣ будем.»

Вале ӯ афзуд: «Мутаассифона, Би-би-сӣ ҳам натавонист орзӯҳои моро бароварда кунад. Бахусус гилояи мо аз он аст, ки воқеъоти Бадахшон, ки тӯли як моҳи ахир ҷараён дошт, дар Би-би-сӣ инъикос наёфт ҳам гӯем иштибоҳ намекунем. Манзур телевизиюни форсии Би-би-сӣ аст, агарчи сойти форсии Би-би-сӣ ин ҳаводисро хеле пӯшиш дод. Бахши русӣ ҳам фаъъол буд.»

Ба эътиқоди хонуми Мирзо, тақрибан 100 нафар дар ҳаводиси Бадахшон кушта шуданд ва «ин ҷараёни содае набуд, ки Би-би-сии Форсӣ ба он таваҷҷуҳ накунад.»

Дар посух ба ин нукта, Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, гуфт, ки Эрон ба хотири ин ки ҳар рӯз бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъво дорад ва дар Афғонистон як ҷанги дохилӣ ҳаст, таҳаввулоти ин кишварҳо дар Би-би-сӣ бештар мунъакис мешаванд.

Вале ӯ афзуд, ки бахши форсии Би-би-сӣ амдан ё қасдан аз масоили Тоҷикистон, бавижа ҳаводиси Бадахшон дар як моҳи ахир, чампӯшӣ накардааст.

Оқои Сабо гуфт: «Дар мавриди Бадахшон, ман воқеъан мутаассифам, ки мо натавонистем он тур, ки диламон мехост, пӯшиш бидиҳем. Бадахшон масъалаи муҳиммест. Ба ҳар ҳол, баъд аз солҳо дар бахше аз Тоҷикистон даргирии низомӣ буд ва иддае кушта шуданд. Вале мушкили бузурги мо ин буд, ки давлати Тоҷикистон вуруд ба Бадахшонро мамнӯъ карда буд.»

Раиси бахши форсии Би-би-сӣ афзуд, ки сойти форсии Би-би-сӣ дар пӯшиши ҳаводиси Бадахшон беҳтар амал карда, чун сойт ба тасвир ниёз надорад, вале барои телевизиюн агар тасвире вуҷуд надошта бошад, дасти хабарнигорон «комилан баста аст.»

[b]»Ҷойи Тоҷикистон холист»[/b]

Рӯзноманигор Қосими Бекмуҳаммад низ суоле мушобеҳро матраҳ кард: «Агар мо ҳадди ақал аз назари таносуби ҷамъият ҳам бигирем, Тоҷикистон як даҳуми Эрон аст ва мо ин интизорро дорем, ки ба ин таносуб Би-би-сии форсӣ ба Тоҷикистон таваҷууҳ дошта бошад. Чун шароити Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон фарқ мекунад. Мо ин таваққуъро дорем, ки Тоҷикистон ба ривояти Би-би-сӣ ба ҷаҳониён муъаррифӣ шавад.»

Оқои Бекмуҳаммад гуфт, ки Би-би-сии Форсӣ бояд барои бозтоби масоили фарҳангӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон, муъаррифии шахсиятҳое, ки дар арсаи фарҳанг, забон ва тамаддун нақш доштанд, бояд талоши бештаре ба харҷ диҳад.

Дар посух ба ин нукта оқои Сабо гуфт, ки хабар дар меҳвари кори Би-би-сӣ аст, вале ин расонаи хабарӣ талош мекунад ба масоили фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ ҳам ба наҳви аҳсан бипардозад. Вай аз ҷумла ба барномаи вижаи «Бузургони Эронзамин» ишора кард, ки дар остонаи Наврӯзи гузашта дар телевизиюн ва сойтҳои Би-би-сӣ пӯшиш ёфт.

Оқои Бекмуҳаммад ҳамчунин гилоя кард, ки дар телевизиюни форсии Би-би-сӣ дар Ландан муҷриёни (гӯяндагони) эронӣ ва афғон фаъъолият мекунанд, вале «ҷойи тоҷикон холист.» Дар посух ба ин гилоя оқои Сабо гуфт, ки дар оянда аз Тоҷикистон ҳам як муҷрии барномаҳо барои телевизиюни форсӣ истихдом хоҳад шуд.

Рӯзноманигор Султони Ҳамад ин суолро матраҳ кард, ки оё Би-би-сӣ тасмим надорад барномаҳои родиюии вижаи худ барои Тоҷикистонро дубора аз сар бигирад. Масъулони Би-би-сӣ гуфтанд, ки чунин тасмиме дар назар нест.

Суҳроби Зиё, гузоришгари телевизиюни форсӣ ва раиси собиқи дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, гуфт, ки Би-би-сӣ аз соли 2004 то авоили 2006 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд рӯйи мавҷи ФМ барнома пахш мекард, вале баъдан пахши ин барномаҳо мутаваққиф шуд.

Вай гуфт: «Давлати Тоҷикистон дар симои Кумитаи родию ва телевизиюн аз мо хостанд, ки муҷаввиз бигирем. Вақте мо дар вазорати адлия сабти ном шудем ва дархости муҷаввиз кардем, мақомоти ин кумита гуфтанд, ки шумо як расонаи хориҷӣ ҳастед ва мо наметавонем ба шумо муҷаввиз бидиҳем. Бояд байни давлатҳои Тоҷикистону Бритониё қарордоде имзо шавад.»

Оқои Зиё афзуд, ки чун Би-би-сӣ як расонаи давлатӣ нест, давлати Бритониё наметавонист аз номи Би-би-сӣ бо Тоҷикистон қарордод имзо кунад. Ба ҳамин сабаб пахши барномаҳои Би-би-сӣ аз сар гирифта нашуд ва 120 ҳазор дулор сармояи Би-би-сӣ барои харидории фиристандаҳои родию низ дар ихтиёри Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон қарор гирифт.

[b]Фаврият ё диққат?[/b]

Дар нишасти матбӯъотӣ бархе аз рӯзноманигорон эродҳое низ дар мавриди фаъъолияти Би-би-сӣ матраҳ карданд. Масалан, Ҳуринисо Ализода, сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», гуфт, ки Би-би-сӣ аз назари фаврият дар ироаи хабар ҷойгоҳи худро дар миёни расонаҳои дигар дар Тоҷикистон аз даст додааст.

Аммо Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ посух дод, ки барои Би-би-сӣ фаврият бисёр муҳим аст, аммо дақиқ будани хабар ё иттилоъ муҳимтар аз он аст.

Вай афзуд: «Албатта, мо диламон мехоҳад, ки дар мавриди хабари фаврӣ аввал бошем, албатта диламон мехоҳад, ҳар рӯзноманигоре, ки мехоҳад бубинад дар Тоҷикистон ё дунё чи хабар аст, аввал биравад Би-би-сӣ. Шумо ҳам дар расонаатон ҳамин интизорро доред. Вале мо дар Би-би-сӣ тарҷеҳ медиҳем, ки дуруст бошем, то аввал бошем.»

Аз эродҳои дигаре, ки матраҳ шуд, марбут ба забони гузоришгарии Би-би-сӣ буд. Рӯзноманигор Зайнидин Орифӣ иброз дошт, ки Би-би-сии Форсӣ дар сафҳаи сириллики худ вожагоне мисли «филулужӣ»-ро ба кор мебарад, ки ба эътиқоди ӯ, бисёриҳо дар Тоҷикистон намефаҳманд.

Дар посух ба ин эрод, оқои Сабо гуфт, ки Би-би-сӣ ҳамеша талош ба харҷ медиҳад, ки дар ин замина эътидолро риъоят кунад. Ба гуфтаи ӯ, забони Би-би-сӣ барои табақаи мутавассити таҳсилкарда дар назар гирифта шуда ва хабарнигорон бояд саъй кунанд, ки забонашон барои мардум мафҳум бошад.

Зимнан, фаъъолияти Бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аз ҳудуди 20 сол пеш, дар замони ҷанги дохилии ин кишвар шурӯъ шудааст. Барномаи родиюии «Маҷаллаи Осиёи Миёна», ки Би-би-сӣ солиёни зиёде пахш мекард, дар соли 2008 мутаваққиф шуд.

Ҳоло Би-би-сии Форсӣ ҳаводис ва таҳаввулоти Тоҷикистонро бештар дар телевизиюни форсии Би-би-сӣ ва дар сафаҳоти форсӣ ва сириллики худ бозтоб медиҳад.

Источник: Би-Би-Си

Прокуратураи Фархор боздошти хабарнигорро баррасӣ мекунад

[b]Қазияи боздошти хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» дар ноҳияи Фархор Маҳмудҷон Раҳматовро прокуратураи ноҳияи Фархор баррасӣ мекунад.[/b]

Маҳмудҷон Раҳматов рӯзи 27-уми август, аз толори суди ноҳияи Фархор боздошт шуда, тӯли як соат дар Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия бозпурсӣ шудааст.

Тавре хабарнигори боздоштшуда Маҳмудҷон Раҳматов ба хабарнигори «ТоjNews» дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ҳангоми мурофиаи баҳси манзил судяи ноҳияи Фархор Ҳакимов нисбати хабарнигор суханҳои носазо гуфта, ба милисаҳо амр додааст, ки рӯзноманигорро боздошт намоянд.

Давоми як соат дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор рӯзноманигор Маҳмудҷон Раҳматовро нигоҳ дошта, пас аз як сӯҳбат бо сардори милитсия ӯро озод намудаанд, — мегӯяд Хуршед Ниёзов, муассиси ҳафтаномаи «Фараж».

Фазлиддин Хоҷаев, муҳаррири «Фараж» гуфт: — Маҳмудҷон Раҳматов дар навиштаҳои худ бештар баҳси замин ва манзилро пайгирӣ мекард.

Источник: Хадамоти мониторинги АМВАМТ.

«Азия-Плюс» гуфт, 30%-и хонандагонашро гум кардааст

[b]Масъулони «Азия-Плюс» мегӯянд, дар пайи басташавии торнамои хабаргузорӣ сӣ дарсади хонандагонро аз даст додаанд.[/b]

Торнамои “Азия-Плюс” тайи як моҳе, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти давлатии алоқа масдуд карда шуда буд, 30 дарсади хонандагонашро аз даст дода, дучори зарбаи шадиди иқтисодӣ шудааст.

Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи хабаргузории “Азия-Плюс”, рӯзи шанбе, 25-уми август, ба Радиои Озодӣ бо нигаронӣ гуфт, тайи ин муддат маблағи рекламаҳоеро, ки дар торнамо ҷой дода шуда буданд, пурра гирифта натавонистанд ва ҳам фармоишгарони рекламаро то андозае аз даст додаанд: «Мо истифодабарандони торнамои худро аз даст додем. Дар ин миён, бештар зарари молӣ аз ҳисоби реклама ба мо расид.”

Хонум Зебо мегӯяд, зарари молӣ беҳад бузург аст, аммо то ҳол дақиқ ҳисоб нашудааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, то кунун на Хадамоти алоқа ва на ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ё провайдерҳо на ба таври шифоҳӣ ва на расмӣ сабаби масдуд шудани торнамо ё сайти “Азия-Плюс”-ро шарҳ надодаанд. Дастрасӣ ба торнамои хабаргузории “Азия-Плюс” дар тӯли як моҳи ахир се бор масдуд шуд.

Асомиддин Атоев, раиси Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Тоҷикистон, бар ин аст, ки агар муносибат бо «Азия-Плюс» ба ҳамин шакл идома кунад, ин сомонаи бонуфуз дар бозори реклама мавқеи худро аз даст медиҳад. Вале гузашта аз ин, ба қавли ҷаноби Атоев, зарари бештар барои худи ҳукумати Тоҷикистон ва хонандагони дохили кишвар хоҳад буд.

Ба назари ӯ, дар ҷанги иттилоотӣ «Азия-Плюс» як минбари давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи ин кишвар ба шумор меояд, ки дар сурати пеш омадани масъалае мақомоти ин кишвар мавқеи худро ҳам ба забони русӣ ва ҳам англисӣ зуд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонанд: «Ин сарчашма (Азия-Плюс) дар беруни Тоҷикистон дастрас аст. Чунин сайтбандиҳо бар зарари Тоҷикистон аст ва бевосита аз нигоҳи «Консепсияи амнияти иттилоотӣ»-и кишвар таҳдид ба фазои интернетии дохили кишвар мебошад.»

Масъулони созмонҳои интернетии Тоҷикистон мегӯянд, яке аз сабабҳои масдуд кардани «Азия-Плюс» ва торнамоҳои дигар дар ин миён вобаста ба ҳаводиси Хоруғ буд, ки алъон дар ин минтақа оромӣ ва мусолиҳа ба даст омадааст. Қаблан масъулони хабаргузории “Азия-Плюс” тасмим гирифта буданд, Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистонро барои ба таври ғайриқонунӣ масдуд кардани ин сомона ба додгоҳ кашанд. Зеро тибқи қонунгузории Тоҷикистон, масдуд шудани дастрасӣ ба торномаҳо танҳо бо ҳукми додгоҳ имконпазир будааст.

Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамгари интернет, Асомиддин Атоев ва масъулони созмонҳои дигари интернетӣ ва журналистӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз масдудсозиҳои Хадамоти давлатии алоқа, хонандагон бо истифода аз барномаҳои дигари интернетӣ «қуфл»-ҳоро шикаста, ба дилхоҳ торнамо ворид мешаванд. Вале меафзоянд онҳо, мақомоти Тоҷикистон ба ҷои танзими қавонини марбут ба фазои иттилоотии кишвар ба масдудкуниҳо даст мезананд, ки ин на пуштибонӣ аз амнияти иттилоотии кишвар, балки баръакс боис ба чопи ҳар гуна хабарҳои зидду нақиз ва овозаҳо доир ба ҳаводиси дохили кишвар мегардад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24687687.html

Масдудияти сойти хабаргузории “ASIA-Plus” лағв шуд

[b]Ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сойти “news.tj”, мутаъаллиқ ба хабаргузории “ASIA-Plus”-ро, дубора фароҳам кардаанд.[/b]

Ин сойт, ки беш аз ду ҳафта боз масдуд буд, аз субҳи рӯзи ҷумъаи 24 август қобили дастрасист.

Гуфта мешавад дастури лағви масдудияти ин сойт дар пайи музокироте миёни масъулони ин расона ва Идораи иртибототи Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Дастрасӣ ба сойти хабаргузории “ASIA-Plus” дар тӯли як моҳи ахир се маротиба масдуд шуда ва дафъаи охир ин мушкил беш аз ду ҳафта боз идома дошт. Масъулони ин хабаргузорӣ бурузи ин мушкилро ба бозтоби ҳаводиси шаҳри Хоруғ марбут донистаанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки масъулони хабаргузории “ASIA-Plus” қасд доранд Идораи иртибототи Тоҷикистонро барои ба таври ғайриқонунӣ масдуд кардани ин сойти интернетӣ ба додгоҳ кашанд. Зеро тибқи қавонини Тоҷикистон, масдуд шудани дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ танҳо бо ҳукми додгоҳ имконпазир аст.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ бо судури ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дастрасӣ ба сойтҳои марбут ба “Ҷамоъати Ансоруллоҳ”, гурӯҳи мамнӯъи ифротгаро дар ин кишвар, масдуд шуд.

Вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки ин ҳукми додгоҳ то ҳол аз сӯйи Идораи иртибототи Тоҷикистон ба таври комил иҷро нашудааст. Аз ҷумла дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои марбут ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Тоҷикистон, монанди «иршод.нет» имконпазир аст.
Аммо гуфта мешавад, ки маъмулан бо дастури шифоҳии мақомҳои Идораи иртибототи Тоҷикистон дастрасӣ ба сойтҳое, ки дар онҳо матолиби интиқодӣ алайҳи давлат мунташир мешаванд, базудӣ масдуд мешаванд.

Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки масдудсозии сойтҳо дар кишвар ба як амри маъмулӣ табдил шудааст ва ҷомеъаи маданӣ бояд нисбат ба ин иқдом “вокуниши мушобеҳе” нишон бидиҳад.

Вай афзуд: “Ман ҳоло ҳатто наметавонам боз шудани сойти “ASIA-Plus”-ро тавзеҳ бидиҳам. Зеро баъд аз ду рӯзи дигар имкон дорад, ки дастрасӣ ба ин манбаъи хабарӣ дубора масдуд шавад.»

«Расонаҳо ва ҷомеъаи маданӣ бояд дар чорчӯби қонун алайҳи чунин дастурҳо садо баланд кунанд. Аз ҷумла, бояд мубтакирони чунин фармонҳо ба додгоҳ кашида шаванд. Танҳо аз ин роҳ мо метавонем аз қонуншиканӣ дар ин замина ҷилавгирӣ кунем.”

Дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои дигари хабарӣ, ки дар пайи ҳаводиси шаҳри Хоруғ масдуд шуда буданд, ҳамчунон масдуд аст.

Аз ҷумла, алоқамандони сойти Ютюб, ки дар он видиюҳое аз ҳаводиси Хоруғ мунташир шуданд, наметавонанд ин видиюҳоро тамошо кунанд. Ҳарчанд ин сойт боз мешавад, вале тамошои видиюҳо ғайримумкин аст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки Идораи иртибототи Тоҷикистон аз фанновариҳои ҷадид барои маҳдудсозии дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ истифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе манобеъ мегӯянд, ки Идораи иртиботот ҳудуди дувист сойти интернетиро масдуд карда ё дар садади масдуд кардани онҳост, ҳарчанд ин хабар расман таъйид нашудааст.

Парвина Ибодова мегӯяд, ки ин хабарро шунида, вале наметавонад таъйид кунад, зеро дар Тоҷикистон “маъмулан чунин дастурҳо шифоҳӣ ё тавассути смс (паёмак) ироа мешавад.”

Вай афзуд: “Агар чунин феҳрасте таҳия шуда бошад ҳам, ин амр барои мо ғайримунтазира нест. Мақомоти Тоҷикистон ин таҷрибаро аз ҷамоҳири дигари собиқ Шӯравӣ, назири Русия, меомӯзанд. Дар Русия низ чунин феҳрасте таҳия шудааст.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120824_if_internet_asia_plus.shtml

ҲНИТ ба талошҳои худ барои таъсиси телевизиюн идома медиҳад

[b]Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ тавзеҳ додааст, ки танҳо баъд аз фароҳам шудани имконоти фаннӣ барои таъсиси шабакаи телевизиюнии ин ҳизб мавзӯъи судури муҷаввизро баррасӣ хоҳад кард.[/b]

Воҳидхон Қосиддинов, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран аз ин ниҳод номае дарёфт шуда, ки дар он посухи масъулони бахши судури муҷаввизи Кумитаи родию ва телевизиюн ироа шудааст.

ҲНИТ қаблан барои дарёфти муҷаввизи пахши барномаҳои телевизиюнӣ аз ин ниҳод дархости тавзеҳот карда буд.

Масъулони Кумитаи родию ва телевизиюн гуфтаанд, ки қабл аз дархости муҷаввиз ҲНИТ бояд куллияи имконоти фаннӣ барои таъсиси телевизиюн, аз ҷумла таҷҳизоти пахши барномаҳо ва мушаххасоти кормандони онро фароҳам ва пешниҳод кунад.

Ин муқарраротест, ки аз чанд сол пеш ба ин сӯ дар фаъъолияти бахши судури муҷаввизи Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор дорад.

Оқои Қосиддинов мегӯяд, ки чунин посух масъулони ҳизбро нигарон кардааст, ки оё дар сурати фароҳам кардани имконоти фаннии ин шабакаи телевизиюнӣ оё дарёфти муҷаввиз ҳам имконпазир хоҳад шуд ё хайр?

Вай афзуд: “Бархеҳо бар ин назаранд, ки дарёфти муҷаввиз барои фаъъолияти шабакаи телевизиюнии ҲНИТ ғайримумкин ба назар мерасад. Вале раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба талошҳо дар ин замина идома бидиҳад.”

Соҳибназарон мегӯянд, ки таъсиси як шабакаи телевизиюнии исломӣ дар Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро низ ба таъсиси шабакае мушобеҳ дар Тоҷикистон ташвиқ кардааст.

Зимнан, мавзӯъи дарёфти муҷаввиз барои шабакаҳои родиюӣ ва телевизиюнии мустақил дар Тоҷикистон дар даҳ соли ахир ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.

Ба унвони мисол, хабаргузории “ASIA-Plus” тӯли даҳ соли ахир барои таъсиси телевизиюн талошҳое ба харҷ дода ва ба натиҷае даст наёфтааст. Ҳарчанд ин хабаргузорӣ таҷҳизоти зарурӣ ва теъдоди кормандони ҳирфаии телевизиюнро дар ихтиёр доштааст.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, ки ду сол қабл созмони байналмилалии “Интернюз” барои таъсиси панҷ шабакаи мустақилли родиюӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон таҷҳизоти мудерн ворид кард.

Аммо вай афзуд: “Мақомот барои роҳандозии ин шабакаҳои родиюӣ муҷаввиз надоданд ва ин созмон водор шуд, ки таҷҳизоти воридаро, ки маблағаш беш аз як милюн дулор буд, ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мунтақил кунад.”

Ба гуфтаи оқои Воҳидов, масъулони бахши муҷаввизи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон умдатан ба дархосткунандагон посух медиҳанд, ки басомад ё мавҷи озод дар ин кишвар намондааст, ки ин амр чандон воқеъӣ ба назар намерасад. Зеро телевизиюнҳои ҷадиди давлатӣ зимни дарёфти муҷаввиз бо чунин мушкил рӯбарӯ намешаванд.

Абдуфаттоҳ Воҳидов мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 17 шабакаи мустақилли телевиюнӣ, умдатан дар манотиқи шимол ва ҷануби кишвар, фаъъол ҳастанд. Вале онҳо муҷаввизи худро то соли 1999 дарёфт карда буданд.

Вай гуфт: “Аз соли 1999 ба ин сӯ танҳо “Симои мустақилли Тоҷикистон” тавонист дар соли 2007 муҷаввиз дарёфт кунад. Дигар ҳеҷ ширкате ба ин амр даст наёфтааст.”

Зимнан, ҲНИТ танҳо ҳизбе нест, ки қасд дорад шабакаи родию-телевизиюнӣ таъсис бидиҳад. Масъулони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон низ аз тасмими худ ба таъсиси як родию ва пахши барномаҳои он бар рӯйи мавҷи “ФМ” хабар дода буданд.

Усмон Солеҳ, масъули бахши таблиғоти Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло иҷрои ин тарҳ ба таъвиқ дароварда шудааст, зеро то ҳол масъалаи таъмини ҳазинаи фаъъолияти ин шабакаи родиюӣ ҳалли худро наёфтааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120822_if_islam_party_tv.shtml

СУҒД ДАР МУҲОСИРАИ ИТТИЛООТИИ УЗБАКИСТОН

[b]Пурсиши афкори умум дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муайян намудааст, ки фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон – 99,37 %; «Сафина» ва «Баҳористон» — 96,90%; «Ҷаҳоннамо» ва «ТВ — Суғд» — 81,19%; барномаҳои 1,2 ва 3 – юми радиои ҷумҳурӣ — 100 %; барномаҳои радиои «Фарҳанг» 82,64% буда, барномаҳои радиои вилоят дар ҳадди 76,89% дастрас аст.[/b]

Ба сокинони ҷамоатҳои Фармонқӯрғон ва Тағояк барномаҳои телевизионҳои «Ҷаҳоннамо” ва «ТВ – Суғд» дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол, ба қаламрави ноҳия тавассути 10 басомади радиотелевизионӣ 8 шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла, «Ӯзбекистон», «Ёшлар», «ТВ-Марказ», «Тошкент», «Спорт” ва 19 шабакаи радиои Узбакистон, 2 шабакаи телевизион ва ду шабакаи радиои Қирғизистон пахш мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен — рӯзномаи «Паёми Спитамен», ки ҳафтае як маротиба бо забонҳои узбакӣ ва тоҷикӣ интишор мешавад, талаботи ба иттилоот доштаи аҳолиро қонеъ карда наметавонад.

Дар ноҳия 23 адад дӯкони фурӯшу паҳнкунии маводҳои видеовизуалӣ, аз ҷумла, 5 нуқтаи бозиҳои компутерӣ ва 2 нуқтаи сабти маводи видеовизуалӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо дар давоми соли 2012 аз нав ба қайд гирифта шудаанд.

Моҳирахон ХОҶАЕВА

Источник: http://tojnews.org/node/3726

Пулиси ноҳияи Панҷ ба таҳқиқи латукӯби Сайфуллозода ҷалб шудааст

[b]Маъмурони интизомӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати тсломии Тоҷикистон (ҲНИТ) -ро рӯйи даст гирифтаанд.[/b]

Ин дар ҳолест, ки қаблан таҳқиқи ин парванда аз сӯйи додситонӣ анҷом мешуд. Додситонӣ ин парвандаро дар пайи ҳамлаи афроди номаълум ба оқои Сайфуллозода, ки 7 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, боз кардааст.

Ин ҳодиса дар назди манзили вай дар маҳаллаи 112, дар бахши ғарбии шаҳри Душанбе, замоне сурат гирифтааст, ки вай роҳии маҳалли кораш буд.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар асари ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористон мунтақил шуда буд. Далоили ин ҳодиса то ҳол маълум нест ва афроди муҳоҷим шинохта нашудаанд.

Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, ахиран маъмурони пулис дар ноҳияи Панҷ ба фарзандон ва пайвандонаш эълом кардаанд, ки вай дар боздоштгоҳ аст ва онҳо бояд барои додани баёнот ба бахши пулис биёянд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, ки худ зодаи рустои “Вахё”-и ин ноҳия аст, мегӯяд, ки писараш назди маъмурони пулис меравад ва ба онҳо тавзеъ медиҳад, ки падараш озод аст ва пайваста бо ӯ телефунӣ сӯҳбат мекунанд.

Баъд аз ин, маъмурони пулис ошкор мекунанд, ки ҳодисаи латукӯби оқои Сайфуллозода соли гузашта рух дода, вале мақомоти пулис ҳамакнун дар бораи бозпурсии пайвандонаш дастур додааст.

Ин фаъъоли ҲНИТ изҳори тааҷҷуб мекунад, ки чаро бо гузашти якуним сол маъмурони пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса ҷалб шудаанд? Ва чаро ин маъмурон дар миёни фарзондону пайвандонаш иттилои «дурӯғин» дар бораи боздошти ӯро паҳн мекунанд?

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120821_if_sayfullozoda.shtml

Ещё один сайт на WordPress